Супоришот ва тавсияҳо бар ҳокимон ва фармонравоён
Идомаи матлаб
Дили худро оканда аз меҳру муҳаббат ва лутф нисбат ба мардум бигардон ва мабодо барои онон монанди ҷонвари даррандае бошӣ, ки хӯрданашонро ғанимат донӣ. Зеро мардум ду дастаанд: ё бародари динии ту ҳастанд (яъне мусалмонон) ва ё ҳамнавъи ту (яъне ғайри мусалмонон). Ҳам ин ва ҳам он, дар маърази лағзишу хато қарор доранд ва гоҳ аз рӯи амд ё хато, даст ба гуноҳу таҷовуз меолоянд.
Пас ҳамон гуна ки худ дӯст дорӣ, ки Худованд нисбат ба ту бахшишу гузашт кунад, ту низ нисбат ба онон бахшишу гузашт дошта бош. Зеро ту болодасти онҳо ҳастӣ ва фармонравои бар ту болодасти ту мебошад ва Худованд болодасти касе аст, ки туро ба амирӣ гумоштааст…
* * *
Ба корҳои онон (вазирону соҳибони мансабҳои ҳукуматӣ) назорат бикун ва аз миёни афроди босадоқату вафодор муроқибоне бар онҳо бигумор. Зеро муроқибати пинҳонии ту дар корҳои мансабдорон онҳоро ба риъояти амонат ва хушрафторӣ бо мардум вомедорад. Ва бо диққат муроқиби дастёрони хеш бош ва агар яке аз онон даст ба хиёнат кушод ва гузоришҳои ҳамаи муроқибонат онро таъйид кард, ба ҳамон гузоришҳо ба унвони шоҳид иктифо кун ва зуд ӯро кайфари ҷисмонӣ деҳ ва аз сарвате, ки аз тариқи мақомаш ба даст овардааст, бозхост кун ва ӯро ба хорӣ бикашон ва доғи хиёнат бар пешонияш бизан ва ҳалқаи нанги тӯҳматро ба гарданаш биёвез…”
(Наҳҷул-балоға, номаи 53)
Қаламонлайн