Супоришоти ахлоқӣ ба зану шавҳарон
Сабки зиндагӣ
Қуръони Карим дар мавриди тавсияҳои ахлоқӣ, чунин раҳнамуд дорад, ки инсон бояд айбҳои дигаронро бипӯшонад ва бидонад, ки худ сар то по айбу нақс ва гуноҳу исён аст ва агар Худованди Саттор айбҳои ӯро аз дидагони мардум намепӯшонд, расвои кӯю барзан мешуд.
Танҳо ҳаққи мусаллами мард нисбат ба зан дар робита бо масоили занушавҳарӣ аст ва дар ин баор, зан бояд таслими маҳзи шавҳари хеш бошад. Ба мардҳо тавсия мешавад, ки агар аз занони худ кӯтоҳӣ диданд, онҳоро мавъиза кунанд ва ҳаргиз бадахлоқӣ накунанд, ки натиҷаи матлубе намедиҳад. Ҳаргиз шоиста нест, хона маҳалли ҷангу даъво ва низои падару модар бошад, ки ин масъала, сабаби аз байн бурдани аввалин ва муҳимтарин ҳукқуқи ҳатмии фарзандон аст. падару модарон бояд саъй кунанд, барои гарм нигаҳ доштани конуни хонавода нишоту оромишро дар манзил ҳифз кунанд, бо фарзандон ва ҳамсари хеш бо табассум ва дар айни ҳол, бо виқор бархурд кунанд ва изтироби хтир ва нигарониро аз муҳити хона дур кунанд.
***
Пуштибонии зан аз шавҳар
Аз сифоти бисёр некӯи як зани шоиста ин аст, ки шавҳарашро дар баробари тамоми дунё иваз накунад. Ин мавзӯъ дар чанд ҳолат ба исбот мерасад:
Аввал: Дар ҷое, ки иддае аз хешовандон ё ошноён нисбат ба ҳамсараш бадгӯӣ кунанд, зани бокамол ҷасорат ва ҷуръати қотеона ва муддабона ба тарафдорӣ аз ҳамсараш қиём мекунад ва аз ӯ пуштибонӣ мекунад.
Дуввум: Рафтор ва кирдораш дар тангдастӣ ва ғино, яксон бошад. Балки дар ҳангоми фақр ва рӯбарӯ шудан бо мушкилоти моддӣ, меҳру алоқаи бештаре ба ҳамсараш нишон диҳад. Ҳеч гоҳ косаи сабраш лабрез нашавад ва тобу тавонашро аз даст надиҳад.
Севвум: Агар кӯтоҳӣ, сустӣ ё хатое азшавҳар мушоҳида кард, ба ҳеч ваҷҳ онро бо касе матраҳ накунад ва камбудҳои хонаро ба дигарон бознагӯяд.
Қуръони Карим дар ин бора чунин раҳнамуд дорад, ки инсон бояд айбҳои дигаронро бипӯшонад ва бидонад, ки худ низ сар то по айбу нақс ва гуноҳу исён аст ва агар Худованди Саттор айбҳои ӯро аз дидагони мардум намепӯшонд, расови кӯю барзан мешуд. Пас ба шукронаи ин неъмати азим, чашм бар нуқсонҳо ва костиҳои дигарон фурӯ бандад ва забон ба айбҳо накушояд.
Зан бояд беш аз ҳама инро бидонад, ки бӣо фақру ғино, Худованд инсонро меозмояд.
Ҳаргиз ба иллати тангдастӣ, ҳамсари худро таҳқир накунад ва бо мушоҳидаи камбудиҳо дар зиндагӣ, дар паи муқоисаи ҳамсараш бо ошноёну ҳамкорон ва хешовандон банаояд то зиндагӣи ширин ба талхӣ нагарояд ва конуни гарму маънавии хонаводагӣ ба сардӣ кашида шавад.
Дар ривоят омадааст, ки ҳар гоҳ ҳазрати Алӣ(р) ба манзил меомаданд ва вориди хонаи ба зоҳири муҳаққари ҳазрати Фотима(р) мешуданд, эҳсоси оромиш мекарданд ва дарлҳояшон таскин меёфт.
Албатта ҳқуқи мард нисбат ба зан аз вазоифи ахлоқӣ ва тааҳҳудоти урфӣ ҷудост, чунон ки мард ҳақ надорад зани худро мавриди бозхост ақрор диҳад, ки чаро либосашро нашуста ё хӯрокро хуб напухтааст. Танҳо ҳаққи мусаллами мард ба зан дар робита бо масоили занушавҳарӣ аст ва дар ин бора, зан бояд таслими маҳзи шавҳари хеш бошад. Ногуфта намонад, ки зани солеҳа касест, ки руҳиёти ҳамсарашро разёбӣ кунад ва мутобиқи дархости ӯ амал кунанд, пеш аз он ки вай чизе хоста бошад.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: