Сухангӯи Қассом: Тонк ва худравҳои исроилиро ҳадаф қарор додем

Сухангӯи Қассом: Тонк ва худравҳои исроилиро ҳадаф қарор додем
Абӯубайда: “24 дастгоҳ тонк ва худрави низомии режими Исроилро ҳадаф қарор додем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи гурдонҳои Қассом, аз ҳадаф қарор додани тонкҳои зидди зиреҳ ва худравҳои низомии режими саҳюнистӣ дар набард бо низомиёни ин режим хабар дод.
Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос, дар суханоне, бо ишора ба ҳадаф қарор додани тонкҳои зидди зиреҳ ва худравҳои низомии саҳюнистҳо изҳор дошт: “Вориди ҷанги ғайри баробар бо душмани саҳюнистӣ шудем, вале ин ҷанг дар ҷаҳон тадрис хоҳад шуд ва таърих онро ҷовидона хоҳад кард.”
Вай афзуд: “Размандагони мо нерӯҳои душманро давр мезананд ва аз фосилаи наздик бо онон даргир мешаванд.”
Сухангӯи гурдонҳои Қассом хотирнишон кард, тасовир ва филмҳои амалиёти размандагон дар заминаи набард бо душман ва зарба задан ба нерӯҳои саҳюнистӣ ва мунҳадим кардани худравҳои онро дар соатҳои оянда мунташир хоҳем кард.
Вай афзуд: “Он чиро, ки то кунун мунташир кардаем ва дар дақоиқ ва рӯзҳои оянда низ мунташир хоҳем кард , танҳо бахше андак аз муборизоти қаҳрамононаи нерӯҳои мо алайҳи душман дар майдони набард аст.”
Абӯубайда бо баёни ин ки ҳосили харобиҳое, ки душман ба бор меоварад, барояш сирфан навмедӣ, шикаст ва нангу ор аст, гуфт: “Имрӯз аз қалби набарди “Тӯфон ал-Ақсо” дар 29-мин рӯзи ин набард бо шумо сухан мегӯем ва ба миллати мо, ки дар маърази ҷинояти барномарезишуда ҳастанд, дуруд мефиристем.”
Вай хотирнишон кард, аз меҳвари ҷанубии шаҳри Ғазза ҳамалотеро бо мушакҳои ҳидоятшавандаи зидди зиреҳ иҷро кардем.
Абӯубайда гуфт: “Дар ин набард талафотеро ба нерӯҳои режими ишғолгар ворид кардем ва размандагони мо бо ҳадаф қарор додани сарбозон ва худравҳои исроилӣ дар соатҳои мухталиф идома медиҳанд.”
Сухангӯи гурдонҳои Қассом тасреҳ кард, размандагони мо 24 дастгоҳ тонк ва худрави низомӣ ё нафарбар ва булдозери исроилиро ба таври комил ё ба шакли ҷузъӣ мунҳадим карданд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тавоноии Ҳамос дар мудирияти ҷанг
Вазорати хориҷаи Исроил: “Туркия нишон дод, ки дар канори Ҳамос аст!”

Матолиби пурбоздид