Суханони ҳакимона аз Гёте

Суханони ҳакимона аз Гёте

“Касе, ки дорои азми росих аст, ҷаҳонро мутобиқи майли хеш иваз мекунад”.

“Ҳар коре, ки метавонӣ ё хаёл мекунӣ метавонӣ анҷом диҳӣ, шурӯъ кун! Ҷасорат дар даруни худ нубуғ, қудрат ва ҷоду дорад”.

“Ҳама чиз содатар аз он чизест, ки ту фикр мекунӣ ва дар айни ҳол, печидатар аз оне, ки ту тасаввур мекунӣ”.

“Касе, ки саъй мекунад ба тарафи ҳадафи ниҳоӣ қадам бардорад, монанди мусофирест, ки шабҳангом аз кӯҳ боло меравад”.

“Инсон наметавонад ба ҳама некӣ кунад, вале метавонад некиро ба ҳама нишон бидиҳад”.

“Ҳарчи нур бештар бошад, соя амиқтар аст”.

“Фарқи инсон ва саг дар он аст, ки агар ба саге хӯрок бидиҳӣ, ҳаргиз туро намегазад”.

“Касе, ки китоб мехонад, ба вақт беш аз пул эҳтиёҷ дорад”.

“Ақл дар вуҷуди мо қудрати ҳайратоваре дорад, пас беҳтар аст, ки фикрро ҳокими вуҷуди худ қарор диҳем”.

“Пеш аз он ки бимиред, чизе неруманд ва мутаолӣ аз худ ба ҷой гузоред, то бар замон ғолиб шавед”.

“Агар вуҷуди хор дар гул мояи андӯҳ аст, вуҷуди гул дар канори хор, бояд мояи шодии мо бошад”.

“То мард хомӯш аст, бар ӯ хатаре нест, зеро сарнавишти ӯ ба забонаш баста аст”.

“Диле, ки хонаи ғурур аст, конуни муҳаббат нашавад”.

“Зиндагиро ҳар гуна ки нигоҳ мекунӣ, зебост”.

“Аз худ мапурс, ки аз некии ту чӣ касе баҳра хоҳад бурд, нони худро ба об фикан, билохира касе онро хоҳад хӯрд”.

“Саодати дигарон – бахши муҳимме аз хушбахтии мост”

“Вақте инсон оромишро дар худ наёбад, ҷустуҷӯи он дар ҷои дигар, кори беҳудаест”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Конфронси мероси торихии Фирдавсӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад
Нигоҳе ба барномаҳои чаҳор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия

Матолиби пурбоздид