Сӯзишвории бемористонҳои Ғазза тамом шудааст

Сӯзишвории бемористонҳои Ғазза тамом шудааст
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Сӯзишворӣ дар тамоми бемористонҳои Ғазза аз ҷумла дар бемористони саратони Ғазза тамом шуд
Ба гузориши шабакаи Алҷазира, танҳо бемористони махсуси беморони саратонӣ дар Ғазза, ба далели тамом шудани сӯхт, аз идомаи фаъолият бозмондааст.
Мудири бемористони “Дӯстии Туркия ва Фаластин” дар як конфронси матбуотӣ, ки аз шабакаи телевизионии Алҷазира пахш шуд, гуфт: “Ин бемористон, ки умдатан беморони саратониро дармон мекунад, сӯхти худро тамом карда ва акнун аз кор афтодааст”.
Субҳи Эскойк афзуд: “Мо ба дунё мегӯем, беморони саратониро ба далели аз кор афтодани бемористон, раҳо накунед!”
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Урдун сафири худро аз Исроил фаро хонд
Баёнияи муштараки нишасти С5+1 дар Самарқанд

Матолиби пурбоздид