Тааммуле дар бораи миллатгаро…
Доктор Насибулло Умаров
Ҳар кас миллатгарост, қатъан нажодпарасту дигарситез аст… Аммо чун дар миллатгароӣ ҳам умқу реша надорад, бо дигаре ситез дорад, ки аз решаву ъумқ бархурдор аст, чун нисбат ба дигаре, ки ҳамонанди худ берешаву сатҳӣ меёбад, ситезе дар миён надорад…
Миллатро агар дуруст мешинохт ва торихро воқеънигарона мутолиа мекард, аз миллатгароӣ убур карда ба андешаи тамаддунӣ мерасид…
Хеле аз ин ҳаёҳуҳои миллигароёна аз бесаводист, гумон мекунанд садои баланд доштан, нишонаи ҳақ будан аст, аммо ёдашон рафтааст, ки Гитлер фашист, нажодпараст, дигарситез, дорои пайравони миллионӣ ва расонаи аввали дунёи он рӯз…бо он ҳама қудрат ва садои баланд, нобуд шуд ва дар торих ба унвони ибрати ҷинояткорӣ сабт гардид…
Доктор Насибулло Умаров
Қаламонлайн