Тавзеҳи бархе ҷузъиёти парвандаи табаддулот
Ахбори минтақа
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus
Додрасе, ки ҳукмро хонда буд, гуфт, ки чаро мурофиа пӯшида гузашт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон расман бархе ҷузъиёти парвандаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистонро, ки аксаран ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шудаанд, шарҳ дод.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ, ки додраси парвандаи маъруф ба “табаддулоти давлатӣ” буд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар дохили маводҳои парванда ҳолатҳое мавҷуданд, ки кирдорҳои онҳо бевосита равона гардидаанд ба хиёнат ба давлат ва ғасби ҳокимият”.
Додрас аз гуфтани ҷузъиёти ин ду модда, ки дар маводҳои парванда зикр шудааст, худдорӣ кард ва гуфт, ки “азбаски парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ шудааст, қонунгузор моро водор мекунад, ки ҳолатҳои корро ошкор накунем”.
Лутфуллозода гуфт, ки парванда дар мурофиаи пӯшидаи додгоҳӣ, вале “бо ширкати судя ва машваратчиёни халқӣ” баррасӣ гардид.
Кӣ бо кадом модда айбдор шудааст?
Шавкат Лутфуллозода бо кадом моддаҳо муттаҳам шудан ва чанд сол равонаи зиндон гардидани чеҳраҳои сиёсати кишварро чунин шарҳ дод:
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хунукназарӣ (моддаи 322, қисми 1), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин (моддаи 346, қисми 2, банди “а”), хиёнат ба давлат (моддаи 305, қисми 1), бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1) ва таҳқири намояндаи ҳокимият дар шабакаи интернет (моддаи 330, қисми 2) гунаҳкор дониста шуда, ба 27 сол равонаи зиндон шудааст.
Инчунин, нисбат ба Ҳамрохон Зарифӣ 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазор сомонӣ) ҷарима ба фоидаи давлат таъйин шудааст.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 306, қисми 2, банди “в”), хиёнат ба давлат, такроран, бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 2), барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189, қисми 2), иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст (моддаи 307 (3), қисми 2) ва қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247, қисми 4) гунаҳкор дониста шуда, 27 сол зиндонӣ гардидааст.
Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои хиёнат ба давлат (моддаи 305, қисми 1) ва бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (306, қисми 1) гунаҳкор дониста шуда, 21 сол равонаи зиндон шудааст.
Қаблан, расонаҳо бо такя ба манобеи гуногун ҳукми зиндони Бобоевро 18 сол навишта буданд.
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор (баъди боздошт аз вазифаи муовини раиси ҳизб барканор шуд) барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 306, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор дониста шуда, 19 сол зиндонӣ гардидааст.
Дар бораи ӯ низ қаблан расонаҳо бо такя ба манобеи гуногун навишта буданд, ки барои 18 сол равонаи зиндон шудааст.
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 306, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор дониста шуда, 18 сол зиндонӣ гардидааст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189, қисми 2) ва хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 1, банди “в”) гунаҳкор дониста шуда, 18 сол равонаи зиндон шудааст.
Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1) гунаҳкор дониста шуда, 18 сол равонаи зиндон шудааст.
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1), сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, аз ҷониби гурӯҳи сахсон, бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 340, қисми 2) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 38 (1), қисми 2, банди “б”) гунаҳкор дониста шуда, 17 сол равонаи зиндон шудааст.
Рухшона Ҳакимова, журналист, барои ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 2) гунаҳкор дониста шуда, 8 сол равонаи зиндон шудааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 5-уми феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) ҳукми чеҳраҳои “парвандаи табадуллот”-ро эълон кард, вале то ҳол он ҳукми қонунӣ нагирифтааст. Ҳукми додгоҳ баъди 10 шабонарӯз ҳукми қонунӣ мегирад.
Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев боздошт шуданд.
Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.
Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз шудааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъдӣ эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин раванд беш аз 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.
Asia-Plus
Қаламонлайн