Тавсиаи робитаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Тавсиаи робитаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар ҳошияи иҷлос

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҳошияи иҷлоси шӯрои сарони кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ва нишасти “Осиёи Миёна – Русия” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор, масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳамчунин дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ибрози хурсандӣ аз натоиҷи мусбати тавсиаи равобити шарокатӣ ва ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон, ин дидорро фурсати муносибе барои гуфтугӯ дар мавриди вазъияти феълӣ ва оянда донист.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлойн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз борон гурехта ба жола гирифтор нашавем!
Сарватҳои табиии Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид