Такаббур бадтарин ва зишттарини хислатҳо

Такаббур бадтарин ва зишттарини хислатҳо
Маърифатнома
Аз бадтарини хислатҳо ва зишттарини онҳо, ки бадтару зишттар аз он нест, ин такаббур аст.
Такаббур ё кибр яъне худбузургбинӣ, яъне худро як сару гардан бузургтар дидан. Иблис, ки яке аз бандаҳои наздики Худо ва ба истилоҳ, эркаи Худо буд, ба сабаби ҳамин хислат аз даргоҳи Худо ронда шуд ва ба сабаби ҳамин хӯйи зишт, ҷаҳаннамӣ гардид.
Ҳоло мисол бизанам, то масъала равшантар бишавад. Агар инсон аз як нажоди муайян буданро мояи бартарӣ ва бузургӣ бидонад, ин такаббур аст. Масалан, ориёӣ буданро мояи бартарӣ шуморад. Иблис вақте амр шуд, ки дар баробари Одам саҷдаи таъзим кунад, гуфт, ман бартарам, ман бузургтарам, зеро асли ман ва решаи ман оташ аст ва Одам ҳам решааш хок: “Ман беҳтарам аз ӯ, маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз хок…”, пас нашояд, ки ман дар баробари ин унсури хокӣ таъзим кунам. Ин аст такаббур, ин аст худбузургбинӣ, ин аст худро як сару гардан болотар дидан. Ҳамин хӯйи зиштро Худо дар Қуръон исмашро такаббур хондааст: “Туро шоиста набошад такаббур варзӣ…”
Ва ё масалан, инсон агар дар ҷойе, ки лозим аст ҳарф бизанад, вале гумон бикунад ва бипиндорад, ки агар чизе бигӯяд, обрӯяш хоҳад рафт ва пеши мардум аз эътибораш коста мешавад, ин такаббур аст. Яъне худро бузург дидан, худбузургбинӣ.
Решаи такаббур ва маншаъи он, худкамтарбинӣ аст, ки худ як навъ беморӣ аст. Дар ривоят аст, ки мефармояд:
‎ما مِن أَحَدٍ یتیهُ إِلاّ مِن ذِلَّةٍ یجِدُ‌ها فی نَفسِهِ
Яъне, “Ҳеч кас нест, ки такаббур варзад, магар бар асари хорӣ ва ҳақорате аст, ки дар худ мебинад.”
Хилофи такаббур, ки инсон шоиста аст ба он ороста гардад ин тавозӯъ ва хоксорӣ аст. Инсон бояд мутавозеъ ва хоксор бошад. Худро аз дигарон як сару гардан болотар набинад. Барои худаш як шаън қоил набошад. Нагӯяд, ман агар ин корро кунам ва ё агар он корро бикунам ё агар чунин бигӯям ва ё чунон бигӯям, аз эътиборам пеши одамҳо коста мешавад, обрӯям меравад. Дар ҷойе, ки лозим аст чизе бигӯӣ, бояд бигӯӣ. Дар ҷойе, ки сукут бикунӣ, бояд сукут бикунӣ. Тамоми ҳаракоту саканоти ту барои Худо ва барои ризо ва хушнудии ӯ бошад, на ин ки пеши худат барои худат як шаън қоил буда ва гумон кунӣ, агар чунон кунам ё чунин кунам, аз шаънам коста мегардад.
Албатта, дар ривоёт ҳаст, ки шумо дар баробари як одами мутакаббир абадан хоксорӣ накунед. Дар баробари мутакаббир бояд мисли худаш мутакаббир буд, то сари ҷояш нишинад. Дар воқеъ ин такаббур нест.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳафт қонуни Бил Гейтс
Дардест дар ин дил…

Матолиби пурбоздид