Такер Карлсон: “Тавофуқи Эрон ба имперотурии Омрико поён дод”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Фарорӯ, Такер Карлсон, муҷрӣ ва таҳлилгари маъруфи омрикоӣ гуфт:
“Иёлоти Муттаҳида расман пазируфт, ки Эрон як бозигари таъйинкунанда аст ва ҳамин, ҳама чизро тағйир медиҳад.
Аммо бо ин тавофуқ, Иёлоти Муттаҳида нишон дод, бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз беҳтарин, бузургтарин ва пурҳазинатарин артиши ҷаҳон, тавони низомии лозим барои таҳмили иродааш бар 34-умин иқтисоди дунёро дар ихтиёр надорад.
Ҳамон тавр, ки бӯҳрони Суэз ғуруби имперотурии Бритониёро ошкор сохт, ин тафоҳумнома низ уфули имперотурии Омрикоро ба намоиш гузоштааст”.
Қаламонлайн












