Талоши Амрико барои нуфузи бештар дар Осиёи Миёна
Амрико барои нуфузи бештар дар Осиёи Миёна талош мекунад
Назари коршиносон бар ин аст, ки Амрико дар ҳоли амалӣ намудани нуфузи бештар дар Осиёи Миёна мебошад.
Ин гуфтаи коршиносон ба ин далел аст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Путин гуфтааст: Лутфан бо кишварҳои Осиёи Миёна монанди Иттиҳоди Шӯравии собиқ рафтор накунед!
Коршиносон ҳам бо ишора ба ҳамин гуфтаи Раҳмон ва лаҳну хитоби ӯ ба Путин ба ин натиҷа расидаанд, ки Тоҷикистон нисбат ба Русия бемайлӣ нишон медиҳад ва ин бемайлӣ ба ин сабаб будааст, ки Тоҷикистон пуштибони қавитаре барои худ, дар ҳимоятҳои Амрико эҳсос кардааст.
Ҳамчунин назари бештари коршиносон бар ин аст, ки бо оғози ҷанги Украина ва даргириҳо, Русия аз кишварҳои Осиёи Миёна ғафлат карда ва то ҳудуде нуфузаш низ камтар шудааст ва аз тарафе ҳам барномаиҳои Амрико барои нуфузи бештар дар Осиёи Миёна пуррангтар шудааст.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн