Тамсиле аз Маснавӣ
Шарҳи Маснавӣ
Масал задан дар рамидани курраи асб аз об хӯрдан ба сабаби шухӯлидани соисон
Бахши аввал
Тамсил
Асбе бо курраи худ бар сари чашмае машғули хӯрдани об буданд. Меҳтарон дамодам сут мезаданд ва мехостанд, ки бад-ин васила чорпоёнашон об бихӯранд. Курраи асб, ки пеш аз шунидани садои сут, ба таври табиӣ об мехӯрд, ҳаминки садои сафирро шунид, бо парешонӣ ва изтироб сар аз обишхӯр бардошт ва ба ин сӯву он сӯ нигарист. Модараш гуфт: азизам! Чаро сар аз об бардошта ва музтариб шудаӣ? Курраи асб гуфт: аз садои сути ин меҳтарон тарс барам медорад. Модар гуфт: азизам! То ҷаҳон буда ва ҳаст, аз ин одамҳои фузул бисёр буда ва ҳаст, ту саратро ба пойин биандоз ва кори худро анҷом бидеҳ ва ба ин сутҳо таваҷҷӯҳе накун, ки инон гӯлоне корафзоянд.
* * *
Мавлоно дар ин тамсили кӯтоҳ, натиҷаи бас волое ба дасти хонанда медиҳад: ҳар ҷараёни содиқ ва ростине, бо мухолифатҳо ва коршиканиҳои иддае тангчашм ва манфиатпараст мувоҷеҳ мешавад. Инон ба сони ҳамон меҳтароне ҳастанд, ки бо сафир ва сару садоҳои худ мӯҷиби олоиши фитрати пок ва сиришти зулоли мардум мешаванд ва ниҳоятан офати тақлидро ҷузъи фитрати сонавии онон мекунанд, чунонки дидем курраи асб ба таври фитрӣ об мехӯрд ва ниёзе ба сути меҳтарон надошт. Аммо рафта-рафта бар асари сути меҳтарон, об хӯрдан дар онҳо ба сурати шартӣ дармеояд. Яъне ҳар гоҳ сут шунида мешавад, ҳайвон ба сӯйи об рағбат мекунад. Лекин ҳақ ин аст, ки аҳлуллоҳ эътиное ба ин сутҳо ва сафирҳои талқинӣ накунанд ва ба роҳи худ идома диҳанд.
Дар ин тамсил “меҳтарон” киноя аз авомфиребоне аст, ки зеҳни мардумро бо илқоъоти худ таҳти таъсир қарор медиҳанд. Ва “курраи асб” киноя аз солики навпое аст, ки ҳанӯз мухолифатҳо ва мухосиматҳои ҳақситезонро таҷриба накардааст ва аз ин рӯ дар мувоҷеҳаи бо онон худро мебозад. Ва “модари курра” киноя аз солики роҳрафта ва тайи тариқкарда аст, ки бо ъиноди муъонидон ошноӣ дорад ва ба истилоҳ, сарду гарми рӯзгорро чашидааст ва аз ин рӯ вақъе бад-он ҷанҷолҳо намениҳад. “Оби ҷӯ” низ киноя аз маорифи илоҳӣ ва ҳақоиқи раббонӣ аст, ки аҳлуллоҳ беэътино ба он сутзанони ҳирфаӣ, аз он об менӯшанд.
Хоразмӣ гӯяд: “Ту низ эй толиби машориби аҳли дард! Аз таъни бадандешон озурда магард ва аз сарчашмаи ботинии аҳлуллоҳ оби ҳаёти маърифат бинӯш ва ба таҳсили муроди хеш бикӯш, пеш аз он ки фурсат аз даст равад.” (Ҷавоҳирул-асрор, дафтари севвум, с.678)
* * *
Маъхази ин тамсил ду байти зайл аст, ки онро ҳаким Саноӣ сурудааст:
Он куррае ба модари худ гуфт: чунки мо
Обе ҳамехӯрем, сафире ҳамезананд.
Модар ба курра гуфт: бирав беҳуда магӯй,
Ту кори хеш кун, ки ҳама риш меканаанд.
(Маъхази қасас ва тамсилоти Маснавӣ, с.125)
* * *
Он ки фармудаст ӯ андар хитоб
Курраву модар ҳамехӯрданд об.
Он (ҳаким Саноӣ) зимни гуфтораш фармудааст: курраи асбе бо модараш об мехӯрданд.
Мешухӯлиданд ҳар дам он нафар
Баҳри асбон, ки ҳало! Ҳин! Об х(в)ар.
Меҳтарон дам ба дам сут мезаданд, ки оҳой рамаи асбҳо! Об бихӯред!
Шухӯлидан: фарёд задан, нолидан.
Он шухӯлидан ба курра мерасид,
Сар ҳамебардошт в-аз хур мерамид.
Ҳамин ки курраи асб садои сути меҳтаронро шунид, сар аз обишхӯр баланд кард ва аз шиддати ваҳшат ва рамидагӣ, даст аз об хӯрдан кашид.
Модараш пурсид, к-эй курра! Чаро
Мерамӣ ҳар соате з-ин истиқо?
Модар пурсид: эй курраи азизам! Чаро дам ба дам мерамӣ ва аз об хӯрдан даст мекашӣ?
Гуфт курра: мешухӯланд ин гурӯҳ,
З-иттифоқи бонгашон дорам шикӯҳ.
Курра гуфт: чун ин меҳтарон сафир мекашанд ва аз сафири дастаҷамъии онҳо тарс барам медорад.
Пас дилам меларзад, аз ҷо меравад,
З-иттифоқи наъра хавфам мерасад.
Аз ин рӯ бар асари шунидани сафири онҳо, қалбам ба ларза меафтад ва парешон мешавад ва хулоса аз бонги дастаҷамъии онҳо дучори ваҳшат мешавам.
Гуфт модар: то ҷаҳон будаст, аз ин
Корафзоён буданд андар замин.
Модар гуфт: то дунё буда ва ҳаст, аз ин қабил одамҳои музоҳим дар рӯйи замин вуҷуд доштаанд ва инак ҳам вуҷуд доранд.
Ҳин! Ту кори хеш кун, эй арҷманд!
Зуд, к-эшон риши худ бармекананд.
Эй азизи ман! Ба ҳуш бош ва ту коре ба ин садоҳо надошта бош ва кори худатро бикун, ки инон бо шитоб машғули заҳмат ва ранҷе беҳосиланд. Хулоса, инҳо доранд умри пурбаҳои худро бад-ин василат бар боди фано медиҳанд.
Риш кандан: ташвиши бефоида кардан.
Вақт тангу меравад оби фарох,
Пеш аз он, к-аз ҳаҷр гардӣ шох-шох.
Фурсат андак аст ва ин оби паҳновар низ ҷорӣ аст. Ба худ ой пеш аз он ки аз ин об ҷудо шавӣ ва бар асари ин ҷудоӣ пора-пора ва ҳалок шавӣ, аз ин обишхӯр сероб шав.
Идома дорад…
Қаламонлайн