Таниш дар равобити Эрон ва Ироқ

Таниш дар равобити Эрон ва  Ироқ

Бағдод кордори Эронро эҳзор кард ва сафири худро фаро хонд

Ахбори байналмилал

Isna

Вазорати хориҷаи Ироқ дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба мақарри теруристҳо, кордори сафорати Эрон дар Бағдодро эҳзор кард ва сафири худро аз Теҳрон фаро хонд.

Ба гузориши Исно, дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба мақарри теруристҳо дар иқлими Курдистон, Вазорати хориҷаи Ироқ кордори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин кишварро эҳзор ва ёддошти эътирозӣ ба ӯ дод.

Вазорати хориҷаи Ироқ ҳамчунин сафири худ дар Теҳронро барои машварат ба Бағдод фаро хонд.

Пеш аз ин, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар иттилоияе дар бораи ин ҳамалот эълом кард: “Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар посух ба шароратҳои ахири режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани фармондеҳони Сипоҳ ва ҷабҳаи муқовамат, бо ишроф ва тасаллути иттилоотӣ бар мақаррҳо ва таҳаррукоти ин режим дар минтақа, бо шиллики мушакҳои болистик, яке аз мақаррҳои аслии ҷосусии режими саҳюнистӣ (Мусод) дар иқлими Курдистони Ироқро мавриди ҳадаф қарор дода ва онро мунҳадим кард.”

Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар хусуси иқдоми низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи маркази вобаста ба Мусод дар Ирбил ва мақарри вобаста ба теруристҳо дар Идлиб гуфт: “Иқдоми суратгирифта дар ростои дифои муқтадирона аз ҳокимият ва амнияти кишвар, муқобила бо теруризм ва бахше аз муҷозоти одилонаи Ҷумҳурии Исломӣ алайҳи мутаҷовизон ба амнияти кишвар буд.

Isna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пешрав Дизоӣ, ки дар ҳамлаи Эрон, дар Курдистон кушта шуд, кист?
Маъод – IV

Матолиби пурбоздид