Тарбияти насли солим
Таъсири муҳит ва ҷомеа дар тарбият
Сабки зиндагӣ
Доим дар телевизион, мактаб ва дигар маҳофил аз зарару зиёнҳои дурӯғгӯӣ ва фоидаҳои садоқату ростгӯӣ бо кӯдакон сӯҳбат мешавад, аммо кӯдак бинобар тиҷриба, мефаҳмад, ки садоқат ӯро табдил ба бачаи кучаки содаи вобаста, хабарчин ва монанди он мекунад ва дурӯғгӯӣ ӯро бачаи заранг, боҳуш ва зирак нишон медиҳад.
Ба унвони мисол, кӯдаке дер ба мактаб мерасад, чаро ки хоб мондааст, агар росташро гӯяд, бештар танбеҳ мешавад, аммо агар дурӯғ бигӯяд, аз танбеҳ дар амон мемонад.
Чаро бояд бо бачаҳо содиқ буд?
Содатарин посух ба ин суол, вазифаест, ки бар дӯши волидайн, барои тарбияти як инсони солим ва солеҳ ниҳода шудааст. Волидайн муваззаф ҳастанд, ки фарзанде тарбият кунанд, ки ба дигарон ва ҷомеаи худ хидмат карда ва ӯ низ инсонҳое тарбият кунад, ки ҷомеаро дар ҷодаи саломату садоқат ҳидоят кунад. Бинобар ин, аввалин ва муҳимтарин далели лузуми содиқ будан, бо кӯдак, тарбияти насли солим аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: