Таъкиди ғарб бар идомаи музокирот бо Русия

Таъкиди ғарб бар идомаи музокирот бо Русия

Ахбори ҷаҳон

Сиёсатмадорони ғарбӣ бар ин боваранд, ки қатъи музокира бо Путин иштибоҳи бузурге мебошад.

Аз ҷумла садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс, бо эътирофи ин мавзӯъ, ки қатъи музокира бо Владимир Путин, Раиси Ҷумҳури Русия иштибоҳи бузурге аст, мегӯяд: Муҳим аст, ки бо  раиси ҷумҳури Фаронса, Эммануэл Макрон ба унвони намояндаи гурӯҳи 7, дар садади гуфтугӯи муҷаддад бо Путин бошем.

Кремл пештар дар баёнияе пас аз тамос бо садри аъзами Олмон, эълом карда буд, Русия муддатҳост, ки аз ҳамалоти мушакӣ бо диққати боло ба аҳдофи хоссе дар Украина худдорӣ мекунад, аммо иқдомоти ахири Маскав дар  баробари ҳамалоти таҳрикомези Киев зарурӣ ва иҷтинобнопазир аст.

Маскав зимни ин ки ба худ ҳақ медиҳад, ба ҳамалоти худ дар Украина идома диҳад ва хоки ин кишварро бомбаборон кунад, афзудааст, Киев масъули инфиҷори пули иттисолии Қрим мебошад.

Лозим ба ёдоварист, Қрим аз замони ибтидои ҷанги Украина ва Русия, дар чанд навбат, аз тарафи Киев мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қудрати ҷадиди шарқӣ дар баробари қудрати якҷонибаи амрикоӣ шакл гирифтааст
Ҳузури Узбекистон ва Қазоқистон дар бозорҳои хӯроквории Афғонистон

Матолиби пурбоздид