Таълиму тарбият дар ислом – III

Фарҳанг

Таълиму тарбият дар ислом – III

Бахши севвум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Кадом илм?
Дар масъалаи таълиму тааллум, умда ин аст, ки мо бибинем ҳудуди ин матлаб чист? Ман дар як суханронӣ ба номи “фаризаи илм”, ки дар гуфтори моҳ (1) чоп шуда, баҳсеро тарҳ кардам, ки баъзе илмҳо воҷиби айнӣ аст. Яъне худи он илм ба унвони як эътиқод бар ҳар мусалмоне лозим ва воҷиб аст, мисли маърифатуллоҳ (шинохти Худо), илми:
بِاللّه وَمَلائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَالْیَوْمِ الاْخِرِ
— он миқдор, ки муқаддимаи имон ё аз шароити имон аст, чун имон дар ислом гароиш ъан (аз рӯи) илмٍ аст, на гароиш ъан тақлидٍ. Ин илм воҷиби айнӣ аст. Инро ҳамаи уламо зикр кардаанд. Пас –

طَلَبُ الْعِلْمِ فَریضَةٌ

— қадри мусаллам шомили он илмҳое, ки аз шароити имон аст ҳаст. Аз ин, ки бигузарем, бояд бибинем, ки (илми фариза) чист?
Як баҳси тақрибан лағву беҳудае миёни аснофи уламои исломӣ даргирифта роҷеъ ба ин ки ин илме, ки фариза аст чӣ илме аст? Фуқаҳо гуфтанд, ки мақсуд илми фиқҳ аст барои ин ки муқаддимаи амал аст. Уламои ахлоқ гуфтанд, хайр, илми ахлоқ хеле аз он лозимтар ва воҷибтар аст. Уламои калом гуфтанд, илми калом аст. Уламои тафсир гуфтанд, илми тафсир ва китобуллоҳ аст.
Вале ин дигар баҳс надорад, зеро илм ё худаш ҳадаф аст ва ё муқаддима аст барои ҳадафе. Ҳар ҷо, ки худаш ҳадаф аст воҷиб аст, мисли ҳамин усули ақоид.
Ҳар ҷо ҳам, ки худаш ҳадаф нест, агар ҳадафе аз ҳадафҳои исломӣ мутаваққиф ба он бошад, аз боби муқаддимаи воҷиб, воҷиб мешавад. Худи фуқаҳо ин суханро мегӯянд, ки омӯхтани масоил, воҷиби муқаддамӣ, вале воҷиби таҳайюъӣ аст ва ба истилоҳ воҷиби нафсии таҳайюъӣ аст, яъне он чизе, ки бар мо воҷиб аст амал кардан аст. Масалан, мо бояд намоз бихонем, вале ин ки инсон бихоҳад дуруст намоз бихонад, бидуни ин ки масоили намозро бидонад, имкон надорад. Пас барои ин ки инсон барои хондани намоз омода шавад, яъне битавонад намозро саҳеҳ бихонад, воҷиб аст масоили намозро ёд бигирад.
Ихтисос ба намоз ва рӯза ва ин гуна таколиф надорад. Ҳар вазифае аз вазоифи исломӣ, ки ниёзманд ба илм бошад, ҳамон илм барояш воҷиб мешавад ба унвони як воҷиби нафсии таҳайюъӣ, яъне воҷибе, ки моро омода мекунад барои воҷиби дигар, воҷибе, ки навъе воҷиби муқаддамӣ аст. Илми ахлоқ ҳам табъан (як воҷиби нафсии таҳайюъӣ аст.) Ислом аз мо

يُزَكِّيهِمْ

— мехоҳад, тазкия нафс мехоҳад. Он ҳам, ки бидуни илм мумкин нест. Пас омӯхтани масоили равонӣ ва ахлоқӣ, муқаддиматан барои ин ки тазкия нафс ҳосил бишавад лозим аст.
Ҳамчунин вақте мо бояд як силсила дастуротро аз Қуръон биёмӯзем, бадеҳӣ аст омӯхтани худи Қуръон ва тафсири он воҷиб аст. Ва доираи илм он вақт тавсиа пайдо мекунад, ки мо гузашта аз воҷибҳои айнӣ, як силсила воҷибҳои кифоӣ дорем, яъне воҷибҳое, ки бояд бар асоси тақсими кор сурат бигирад. Назири ин ки вуҷуди пизишк лозим аст, пас илми пизишкӣ воҷиби кифоӣ аст, яъне воҷиб аст ба таври вуҷуби кифоӣ, ки дар миёни мардум ба қадри кифоят пизишк бошад, ки беморон ба онҳо муроҷеа кунанд. Пизишк, ки бидуни илм намешавад ва ё ҳамин ҷур аз замин намерӯяд, аз осмон ҳам, ки намеафтад, ҳамин инсонҳо бояд пизишк бишаванд, пас бояд илмашро биёмӯзанд. Он ки ислом мехоҳад ин аст, ки пизишк лозим аст, вале бадеҳӣ аст, ки муқаддимаашро ҳам бояд таҳия кард. Ин аст, ки илми пизишкӣ воҷиби кифоӣ аст. Ҳаддаш чист? Ҳадди муайян надорад. Дар ҳар замоне ба ҳар ҳадде, ки имкон дорад, ба ҳамон ҳадд воҷиб аст. Як замон бар мардум воҷиб буд “Қонун”-и Бӯалиро бихонанд, имрӯз воҷиб аст, ки як чизи дигар бихонанд, чун беҳтар аз он омада.
Мисоли дигар, тиҷорат аст. Оё дар низоми иқтисодии ислом вуҷуди як идда восита, ки колоро аз тавлидкунанда ба масрафкунанда бирасонанд, таъйид ва тасбит шуда, ки иддае шуғли озодӣ ба унвони восита миёни масрафкунанда ва тавлидкунанда дошта бошанд? Агар таъйид шуда, илм тиҷорат ҳам омӯхтанаш воҷиб аст.
Мисоли дигар: Қуръон мефармояд:

وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ

(Анфол/60) Оё таҳияи қувва ба андозае, ки –

تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ

— воҷиб аст ё воҷиб нест? Бале воҷиб аст. Вале ин кор худ ба худ, ки анҷом намешавад, бо бел бардоштан, ки қувва ба даст намеояд. Қувва ба даст овардан роҳ дорад, роҳаш ҳам илм аст. Дар чӣ ҳадд? Ҳамон ҳадде, ки –

تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ

— ки дар замонҳои мухталиф, мухталиф мешавад.

Бинобар ин –

طَلَبُ الْعِلْمِ فَریضَةٌ عَلی كُلِّ مُسْلِمٍ

— таклифаш равшан аст. Баъзе аз илмҳо воҷиби айнӣ аст ва бар ҳар фарде воҷиб аст ва баъзе аз илмҳо воҷиби кифоӣ аст ба эътибори ин ки муқаддимаи як воҷиб (-и кифоӣ) аст ва муқаддимаи воҷиб, воҷиб аст. Бинобар ин ҷойи шакку шубҳа дар ин ҷиҳат нест. Чун баъзеҳо мегӯянд, ин илме, ки воҷиб аст, фақат ва фақат ихтисос дорад ба улуми динӣ яъне улуме, ки мавзӯъи он улум масоили динӣ аст, яъне омӯхтани худи дин.
На! Омӯхтани худи дин як илм аст, омӯхтани чизе, ки инсон бихоҳад вазифаи диниашро (ба василаи он) анҷом бидиҳад, илми дигаре аст. Мунҳасир нест, ки мардум бояд худи динро биёмӯзанд, аммо он чизҳоеро, ки иҷрои дин мавқуф ба онҳост, дигар наомӯзанд. Бояд онҳоро ҳам биёмӯзанд. Мунтаҳо худи динро, ки бояд биёмӯзанд, қисмате аз он, воҷиби мустақил ва айнӣ (аст мисли маърифатуллоҳ) ва қисмати дигар воҷиби муқаддамӣ аст (мисли омӯхтани аҳкоми намоз.) Чӣ касе гуфта мо динро бояд биёмӯзем? Ислом, ки нагуфта динро биёмӯзед, гуфта динро амал кунед.
Вале вақте мехоҳем динро амал кунем, бидуни омӯхтанаш мумкин нест. Пас бояд динро биёмӯзем, то ба он амал кунем. Дар он вазоифи дигаре ҳам, ки дин ба ӯҳдаи мо гузоштааст (мисли таъмини пизишки мавриди ниёзи ҷомеаи исломӣ), бадеҳӣ аст, ки то вазоифро наомӯзем, наметавонем амал кунем. Бояд вазоифро биёмӯзем, то битавонем амал кунем. Ба ҳар ҳол матлаб хеле возеҳ ва равшан аст.
Пас мо то инҷо ба ду масъала ишора кардем: яке ин ки дар таълиму тарбияти исломӣ, ба масъалаи рушди фикрӣ ва тааққул аҳаммияти фаровон дода шуда ва дигар ин ки ба худи таълим (низ аҳаммият дода шудааст) ва таълим ҳам як ҳудуди мушаххас надорад, ки бигӯем илми калом чӣ тавр? Илми тафсир чӣ тавр? Илми ахлоқ чӣ тавр? Физик чӣ тавр? Риёзиёт чӣ тавр? Ислом наомада, ки улумро мушаххас кунад ва бигӯяд, физик биёмӯзед ё наомӯзед, риёзиёт биёмӯзед ё наомӯзед, фалсафа биёмӯзед ё наомӯзед. Як чизҳое гуфта, ки онҳоро бояд анҷом дод ва онҳо таваққуф дорад ба омӯхтани инҳо, пас бояд инҳоро омӯхт.

***
(1) Дар китоби “Даҳ гуфтор”-и асари устоди шаҳид низ ба чоп расидааст.
Идома дорад…

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Марги қу
Қисматҳое аз “Рисолаи сиёсат”-и Ибни Сино – II

Матолиби пурбоздид