Таърихчаи мухтасаре аз як риёзидони эронӣ

Таърих

 

Таърихчаи мухтасаре аз як риёзидони эронӣ

Машоҳир ва номоварони торих

Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ

Чаро алгоритмҳоро алгоритм меноманд?

 Таърихчаи мухтасаре аз як риёзидони эронӣ, ки эҳтимолан ҳаргиз дар мавриди он нашунидаед

Алгоритмҳо, ҷузъи ҷудонашудании зиндагии мо ҳастанд. Дар барномаҳои расонаҳои иҷтимоӣ гирифта то Netflix ҳузур доранд. Дар воқеъ, Google Maps ва ҳуши маснуъӣ бидуни вуҷуди алгоритм чизе набуданд. Бинобар ин, ҳамаи мо дар бораи он шунидаем, аммо “алгоритм” аз куҷо нашъат гирифтааст?

Беш аз ҳазор сол пеш аз ихтироъи интернет ва смартфонҳо, Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ, донишманди эронӣ, мафҳуми алгоритмро ибдоъ кард. Дар воқеъ, худи ин вожа аз нусхаи лотинии номи ӯ яъне “Алгоритм” (Ал-Хоразмӣ) нашъат гирифта ва ҳамон тавр, ки шояд ҳадс зада бошед, бо “ҷабр” (ал-ҷабр = алгебра) низ дар иртибот аст.

Хоразмӣ аз соли 780 то 850 мелодӣ, дар даврони тиллоии исломӣ мезист. Ӯро “падари ҷабр” хондаанд ва барои бархе “падарбузурги улуми роёна (информатика)” маҳсуб мешавад. Бо ин вуҷуд, ҷузъиёти каме аз зиндагии Хоразмӣ то кунун (дар ғарб) шинохта шудааст. Бисёре аз осори аслии ӯ, ки ба забони арабӣ навишта шуда аз байн рафтаанд. Бархе мӯътақиданд, Хоразмӣ дар минтақаи Хоразм, дар ҷануби дарёчаи Арал ва Ӯзбакистони кунунӣ мутаваллид шуд. Ӯ дар даврони хилофати аббосӣ зиндагӣ мекард, ки даврони пешрафти илмии чашмгире дар қаламрави исломӣ маҳсуб мешуд.

Хоразмӣ саҳми муҳимме дар риёзиёт, ҷуғрофиё, нуҷум ва мусалласот (тригонометрия) дошт. Ӯ барои кӯмак ба ироаи як нақшаи (харитаи) ҷаҳонии дақиқтар, китоби нақшакашии килосики Батламюси (Птоломейи) Искандариро тасҳеҳ кард. Ӯ равиши муҳосиботиро барои радёбии ҳаракати хуршед, моҳ ва сайёрот ибдоъ кард. Хоразмӣ ҳамчунин дар мавриди тавобеъи мусалласотӣ (функцияҳои тригонометрӣ) навишт ва аввалин ҷадвали тонжонти завоё (ҷадвали тангенсҳои кунҷҳо)-ро таҳия кард.

Хоразмӣ яке аз донишмандони Байтул-Ҳикмаи Бағдод буд, ки донишмандони саросари ҷаҳон дар онҷо ёфтаҳои худро ба забони арабӣ тарҷума мекарданд ва бо якдигар мубодила мекарданд, то дар бахшҳои мухталиф, пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе ҳосил шавад. Яке аз он улум, риёзиёт буд; риштае, ки амиқан бо ислом муртабит аст.

“Падари ҷабр”

Хоразмӣ ҳамзамон марде донишманд ва албатта аҳли дин буд. Таълифоти илмии ӯ ҳамвора бо зикри ному ёди Худованд ва паёмбари ислом оғоз шуда ва осорашро ба эшон тақдим кардааст. Яке аз пружаҳои (проектҳои) бузурге, ки риёзидонони исломӣ дар Байтул-Ҳикма анҷом доданд, тавсиъаи ҷабр буд. Ҳудуди соли 830 пас аз мелоди Масеҳ, Маъмун — халифаи аббосӣ, Хоразмиро ташвиқ кард, то рисолае дар бораи ҷабр ба номи “Алҷабр” (ё китоби ҷомеъи муҳосиба (ҳисобкунӣ) бо такмил ва таъодул, ҳамон алгебра) бинависад, ки он китоб ба муҳимтарин асари ӯ табдил шуд.

Дар он замон, садҳо сол аз вуҷуди ҷабр мегузашт, аммо Хоразмӣ аввалин фарде буд, ки китобе қатъӣ дар бораи он навишт. Қарор буд кори ӯ як абзори омӯзиши амалӣ бошад. Тарҷумаи лотинии ин асар то қарни 16-уми мелодӣ мабнои кутуби дарсии ҷабр дар донишгоҳҳои Урупо маҳсуб мешуд.

Ӯ дар бахши нахусти китобаш, ба муаррифии мафҳумҳо ва қоъидаҳои ҷабр ва равишҳои муҳосибаи (ҳисобкунии) ҳаҷм ва масоҳати шаклҳо пардохт. Дар бахши дуввуми китоб, ӯ мушкилоти воқеии зиндагиро матраҳ кард ва роҳи ҳаллҳое монанди парвандаҳои муртабит бо ирс, тақсими замин ва муҳосиботро барои тиҷорат ироа кард. Хоразмӣ аз намодҳои риёзии имрӯзӣ бо аъдод (рақамҳо) ва намодҳо (аломатҳо) истифода намекард. Ӯ дар иваз ба насри содда менавишт ва аз намудорҳои ҳандасӣ (диаграммаҳои геометрӣ) истифода карда буд. Барои мисол, ӯ навишта буд: “Чор реша ба бист баробар аст, пас як реша ба панҷ баробар аст ва мураббаъ, ки аз он сохта мешавад, бисту панҷ аст”. Аммо имрӯз он чиро Хоразмӣ ба наср навишта буд, бо истифода аз намодҳои имрӯзии риёзиёт ингуна менависем:

4x=20, x=5, x2=25

Падарбузурги улуми роёна (информатика)

Навиштаҳои Хоразмӣ дар бораи риёзиёт, аъдоди (рақамҳои) ҳинду–арабиро ба риёзидонони ғарбӣ муаррифӣ кард. Инҳо даҳ намоди риёзиётӣ ҳастанд, ки имрӯз ҳамаи мо аз он истифода мекунем: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Аъдоди ҳинду-арабӣ барои таърихи муҳосибот муҳим ҳастанд; зеро (ба истилоҳи имрӯз дар Тоҷикистон) онҳо рақами сифр ва системаи даҳиро дар асоси даҳ истифода мебаранд. Муҳим он аст, ки ин системаи ададӣ асоси технологияи муосири ҳисоббарориро ташкил медиҳад.

Ҳунари Хоразмӣ дар муҳосибаи (ҳисобкунии) масоили риёзӣ, поя ва асоси мафҳуми алгоритмҳоро бино ниҳод. Вай аввалин тафсири муфассали истифодаи аломати даҳиро барои иҷрои чаҳор амали асосӣ (илова, тарҳ, зарб, тақсим) ва ҳисоб кардани касрҳо дод. Ин усули ҳисобкунӣ нисбат ба истифодаи мошинҳисоб беҳтар аст.

Хоразмӣ барои ҳалли як муодилаи риёзӣ ба таври системотик мароҳилеро тай кард, то посухро биёбад. Ин мафҳуми асосии як алгоритм аст. Алгоритм як истилоҳи лотини қуруни вустоӣ ва баргирифта аз номи Алхоразмӣ аст, ки ба қонунҳои анҷоми ҳисоб бо истифода аз системаи аъдоди ҳинду-арабӣ ишора дорад. Китоби Хоразмӣ дар мавриди аъдоди ҳинду, ки ба лотин тарҷума шуд, Algorithmi de Numero Indorum (Ҷамъ ва тафриқ бо ададҳои ҳиндӣ) ном дошт.

Дар аввалҳои қарни 20-ум, калимаи алгоритм ба таъриф ва корбурди феълии худ расид: “равише барои ҳалли як масъалаи риёзӣ дар теъдоди маҳдуде аз мароҳил ба маънои як равиши гом ба гом барои ҳалли як масъала”.

Муҳаммад ибн Мӯсои Хоразмӣ нақше асосӣ дар тавсиъаи риёзиёт ва улуми роёнаӣ ифо кард, ки имрӯз онро мешиносем, дар натиҷа дафъаи оянда шумо ягон абзори бар технологияи рақамиро, ки аз канали иҷтимоии худ то суратҳисобҳои бонкии онлайн ва Spotify истифода мебаред, ба ёд дошта бошед, ки ҳеч кадом аз ин корҳо бидуни кори пешгомонаи як донишманди эронии қуруни гузашта, имконпазир набуд.

Theconversation

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иқбол: “Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият”
Сифоти муслимин

Матолиби пурбоздид