Таътилоти ҳаштрӯза дар ҷашни байналмилалии Наврӯз

Таътилоти ҳаштрӯза дар ҷашни байналмилалии Наврӯз

Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон 8 рӯз таътилот хоҳанд дошт.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақилли Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.

“Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, – гузориш додааст, намояндаи Федератсия.

Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз, кормандон 8 рӯз пайиҳам (19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март) истироҳат мекунанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмати рӯз
Дар мушт ғарбел нагунҷад…

Матолиби пурбоздид