Тағйири номи забони молдовӣ ба руминӣ дар кишвари Молдова

Тағйири номи забони молдовӣ ба руминӣ дар кишвари Молдова

Ахбори фарҳангӣ

Кишвари Молдова номи забони расмии худро забони руминӣ эълон кард. Бар ин асос, раиси ҷумҳури Молдова Майя Санду санади тағйири номи забони молдовӣ ба руминиро имзо кард.

Аз ин қабл, забони расмии кишвари Молдова забони молдовӣ номида мешуд. Номи «молдовӣ»-ро ба ин мардум Шӯравӣ дода буд, чуноне, ки номи забони моро низ «тоҷикӣ» номид.

Мардуми кишварҳои Руминия ва Молдова бо як забон ҳарф мезананд, ки забони руминӣ ном дорад; мисли мо тоҷикон ва форсизабонони дигар кишварҳо, алалхусус қисме аз Афғонистону Ӯзбекистон ва Эрон, ки ба забони форсӣ суҳбат мекунем.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти дафотири миллии Интерполи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Одат ё огоҳию басират

Матолиби пурбоздид