Таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳе ҷуз таҳавввулоти фикрӣ надорад

Таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳе ҷуз таҳавввулоти фикрӣ надорад

Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳар чи замон мегузарад, боварам ба ин масъала бештар мегардад, ки таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳи худашро мепаймояд. То ба ҳадди нисоби худаш нарасида бошад, наметавон онро суръат бахшид ва ҳар гоҳ ба ҳадди нисоб расид, дигар ба ҳеч ваҷҳ наметавон аз вуқӯи он пешгирӣ кард.

Бинобар ин, чи басо фишорҳои сиёсӣ, ки барои пешгирӣ аз таҳаввулоти иҷтимоӣ эъмол мегардад, вале баръакс ба ҳаракати он суръат мебахшад. Ва чи басо заҳматҳои беҳуда, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба таҳаввулоти иҷтимоӣ кашида мешавад, вале камтарин таъсире дар раванди он намегузорад.

Ҳадди нисоби таҳаввулоти иҷтимоӣ фикру андеша ва ҷаҳонбинии мардум аст. Ба ҳар мизон фикру андешаи мардум озодтар ва ҷаҳонбинии онҳо фарохтар бошад, ба ҳамон андоза таҳаввулоти иҷтимоӣ низ амиқтар ва вуқӯи он иҷтинобнопазиртар мешавад. Ва ба ҳар андоза фикру андешаи мардум маҳдудтар ва ҷаҳонбинии онҳо тангтар бошад, таҳаввулоти иҷтимоӣ низ сатҳитар ва пешгирии он контролпазиртар мегардад.

Бинобар ин мебинем, ки дар ҷавомеи аз назари фикрӣ пешрафта, камтарин беадолатӣ боиси эътирозоти густардаи маданӣ ва таҳаввулоти амиқи иҷтимоӣ мегардад. Вале дар ҷавомеи аз назари фикрӣ ақибмонда, ҳар зулму ситаме сурат мегирад, аммо на ҳеч аксуламали мадание дида мешавад ва на ҳеч таҳаввули иҷтимоие анҷом мегирад.

Хулоса таҳаввулоти иҷтимоӣ роҳе ҷуз таҳаввулоти фикрӣ надорад.

Маҳмудхон Бурҳонов

Mizonblog

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амалиёти Ҳамос дар дохили Исроил
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид