Таҳзиби нафс

Таҳзиби нафс

Сайидюнус Истаравшанӣ

Муҳимтарин шарт барои як воиз ва мубаллиғ ва касе, ки ба амри маъруф ва наҳйи аз мункар мепардозад, ин таҳзиби нафс аст, яъне худро аз бемориҳои дарунӣ мисли ҳасад, кина, адоват, душманӣ ва ғайра аз амрози нафсонӣ пок созад ва ба ахлоқе некӯ ва писандида хештанро биёрояд. Одам то модоме, ки дар ботин ва дарунаш кучактарин олудагӣ вуҷуд дошта ва тамоми гомҳо ва иқдомоташ аз барои Худо набошад, ӯ ҳамаро хароб хоҳад кард, на обод.

Ояти зебое дар ин замина дар Қуръон ҳаст, ки бо он ароизамро ба поён мерасонам, мефармояд:

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ ۚ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۖ

“Мардум (дар оғоз ва дар ибтидои ташкили иҷтимоъ, яъне дар ба истилоҳ обшинаи ибтидоӣ) гурӯҳе воҳид ва якдаст буданд (ва ихтилоф ва тазодде дар умури зиндагӣ надоштанд), пас (аз падид омадани ихтилоф ва тазодд) Худо паёмбаронеро муждадиҳанда ва бимрасон барангехт ва бо онон ба дурустӣ ва ростӣ китобро нозил кард, то миёни мардум дар он чи бо ҳам ихтилоф доштанд, доварӣ кунад. (Он гоҳ дар худи китоб ихтилоф падид шуд) ва ихтилофро дар он падид наёварданд, магар касоне, ки ба онон китоб дода шуд, (ин ихтилоф) баъд аз далоил ва бурҳонҳои равшан ва ошкоре буд, ки барои онон омад (ва сабаби он) бартариҷӯӣ ва ҳасад дар миёни худашон буд…” (Бақара/213)

Дар ин оят аз ду ихтилоф сӯҳбат ба амал омада: яке табиӣ ва дигаре, аз сӯйи чаламуллоҳо. Аввалӣ ба сабаби ин ки вақте ҷомеа ташкил шавад, қатъан миёни одамҳо ҷанҷолу кашмакаш пеш меояд, ки ин табиист, дар ин ҳангом Худо паёмбаронро ҳамроҳ бо китоб фиристод, то миёни мардум доварӣ кунанд. Аммо ихтилофи дуввум дар худи китоби осмонӣ пеш омад, яъне касоне, ки ба истилоҳ уламо, (ки дар воқеъ чаласаводҳо) ҳастанд, дар бораи маорифи динӣ ва ин ки чӣ касе дуруст мегӯяд ва чӣ касе нодуруст ва чӣ касе ҳақ аст ва чӣ касе ботил, бо ҳам ихтилоф карданд ва аз гиребони якдигар гирифтанд. Қуръони Карим сабаби ин ихтилофро “бағй” яъне бартариҷӯӣ ва ҳасад медонад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Масъалаи Фаластин
Алоқамандсозии навҷавон ба мутолиа

Матолиби пурбоздид