Таҳлили Asriran аз суханони Сайидҳасан Насруллоҳ

Таҳлили хабарӣ
Таҳлили Asriran аз суханони Сайидҳасан Насруллоҳ
Таҳлил
Asriran
Суханони Сайидҳасан Насруллоҳ афродеро, ки бо сатҳинигарӣ интизори адабиёти тунду эҳсосӣ доштанд сероб накард. Онҳо чи басо интизор доштанд Насруллоҳ хитоб ба Натонёҳу бигӯяд, агар то 24 соати оянда ҳамла ба Ғаззаро мутаваққиф накунӣ, ба Телавив ҳамлаи заминӣ мекунем ва хоки онҷоро мебезем ё дастури вуруди густурдаи нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ба шимоли сарзаминҳои ишғолиро содир кунад ва соате баъд аввалин гурдони пиёданизом бо ҳимояти мушакҳо ва паҳподҳои Ҳизбуллоҳ вориди шаҳракҳои шимолӣ шавад.
Чунин сенарияе, ҳарчанд ҳамосӣ буд ва ҳатто метавонист дар ибтидои амр мунҷар ба пирӯзиҳое барои Ҳизбуллоҳ шавад, вале воқеиятҳои майдон мумкин аст ояндаро тавре дигар рақам бизанад. Масалан фарз кунед агар ултиматуми 24-соата эълом мешуд ва қабл аз поёни зарбулаҷал, Исроил даст ба ҳамлаи густурдаи пешдастона мезад; оё ин ба нафъи Ҳизбуллоҳ ва Ғазза мешуд?
Насруллоҳ дар айни ҳол ба сароҳат гуфт, ки дар рӯзҳои оянда, доманаи даргирӣ бо Исроилро густариш хоҳад дод ва Ҳизбуллоҳ танҳо ба тақобулоти марзӣ иктифо нахоҳад кард. Ин сухани ӯ аз ин бобат ҳушмандона аст, ки аввалан, як амалиёти равонӣ бо мухотаби низомиёни исроилӣ ва сокинони сарзаминҳои ишғолӣ аст ва онҳоро бимноки густариши даргириҳо мекунад. Ва сониян, навъ ва доманаи даргириҳои ҷадидро махфӣ нигоҳ медорад, ки ин ҳам аз усули низомигарӣ аст. Душманро ҳам бояд тарсонд ва ҳам бояд дар беиттилоъӣ нигаҳ дошт. Ин нуктае аст, ки хабарнигори ВВС дар Бейрут ҳам мутаваҷҷеҳи он шуд ва дар аввалин гузориши худ баъд аз суханронии Насруллоҳ, сароҳатан гуфт, ки ӯ ҳамаро рӯйи ҳаво нигаҳ дошт.
Нуктаи дигари суханони Насруллоҳ, таъкид бар тақобули низомии муқовамати исломии Ироқ бо Омрикост. Ӯ, ба Омрико ин паёми возеҳро дод, ки бахше аз ҳазинаҳои ҷанги Ғазза мутаваҷҷеҳи низомиёни омрикоӣ аст, ки дар минтақа ҳузур доранд. Насруллоҳ ҳамчунин аз ҷабҳаи ҷадиде дар ҷануби Исроил хабар дод ва гуфт, ки яманиҳо низ дар канори ҷабҳаи муқовамат, бандари Илот ва соири нуқоти Исроилро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.
Дар воқеъ ӯ аз густариши даргириҳо дар се ҷабҳаи Ироқ, Лубнон ва Яман хабар дод, вале ба ҷуз Яман, ки мушаххас аст ба далели буъди масофат бо мушак ва паҳпод ҳамла мекунад, дар бораи наҳваи тақобули ду ҷабҳаи дигар бо Омрико ва Исроил тавзеҳи хоссе надод ва кӯшид аз сиёсати “иръоб ва ибҳом” истифода кунад. Яке аз нуқоти аслии истифода аз ин сиёсат онҷо буд, ки гуфт, иқдомоти Исроил мумкин аст Ҳизбуллоҳро ба муъодилаи “ғайри низомӣ дар баробари ғайри низомӣ” савқ диҳад; бад-ин маъно, ки агар шаҳрвандони ғайри низомии Ғазза ҳамчунон дар маърази ҳамалоти низомӣ бошанд, Ҳизбуллоҳ низ ин ҳаққро барои худ қоил мешавад, ки барои эҷоди боздорандагӣ, доманаи ҳамалоти худро аз аҳдофи сирфан низомӣ ба мақосиди ғайри низомӣ низ тавсиа диҳад.
Насруллоҳ нишон дод, ки сиёсати Ҳизбуллоҳ, густариши ҳисобшуда ва ҳадафманди доманаи низоъ бар мабнои таҳаввулоти пеши рӯст, на бар асоси эҳсосоти ҳамосии афроде, ки интизори раҷазхонӣ аз ӯ доштанд. Аз ин рӯ фориғ аз абъоди низомии мавзӯъ, Насруллоҳ нишон дод, ки ҳанӯз як сиёсатмадори ҳушманд аст ва мухотаб, ба вежа мухотаби исроилӣ ва завоёи равони ӯро хуб мешиносад.
Гузашта аз ҳамаи инҳо, бояд инро ҳам дар назар гирифт, ки тарафи Ҳизбуллоҳ, яке аз артишҳои муҷаҳҳази дунёст, ки таъмин аст ба ҳимояти бе чуну чарои Омрико ва бояд ҳамчун шатранҷбозе моҳир, бо эҳтиёт ва ҳамаҷонибанигарии комил бозиро пеш бурд, на бо ҳаёҳу ва шиор додан.
Воқеият ин аст, ки на мешавад қотеъонатар аз ин сухан гуфт ва на ҳисобшудатар аз ин. Зимни ин ки Насруллоҳ намехост дар зумраи раҳбарони сокити ҷаҳони ислом қарор бигирад, ки фақат тамошочии наслкушӣ ҳастанд. Ӯ, ҳам сухан гуфт ва ҳам, ҳамон тавр, ки дар суханонаш ишора кард, аз фардои “Тӯфон ал-Ақсо”, бо гарм кардани марзҳои шимолии Исроил, як севвуми нерӯи заминӣ, нисфи нерӯи дарёӣ ва як чаҳоруми тавони нерӯи ҳавоии Исроилро маътуфи ин минтақа кардааст, то амалиёт алайҳи Ғазза кундтар ва камтавонтар аз барнома пеш биравад. Таваҷҷӯҳ ба ин нукта муҳим аст, ки Исроил ниёз дорад дар замоне кӯтоҳ ба пирӯзии мавриди назари худ дар Ғазза бирасад ва замон ба нафъаш нест.
Ва ниҳоятан набояд интизор дошт Насруллоҳ ва Ҳизбуллоҳи таҳти амри ӯ, бори тамоми беамалии дунёи ислом ва ҷаҳони арабро ба дӯш бикашанд ҳарчанд, ки Ҳизбуллоҳ дар амал ва на дар сухан, собит кардааст, ки ҳар гоҳ ниёз ба ҷанги ҳамаҷониба бошад, аз вуруд ба майдони набард, ибое надорад. Ва касе чӣ медонад, шояд таҳаввулоти рӯзҳо ва ҳафтаҳои пеши рӯ, ба чунин инфиҷоре бианҷомад ва даргирии Ҳизбуллоҳ ва Исроил ин бор на дар “Мазореъи Шабъо”-и Лубнон, ки дар шаҳракҳои шимолии Исроил рух диҳад ва муъодалотро ба куллӣ тағйир диҳад.
Asriran
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кохи Сафед: “Тамоюле ба густариши даргириҳо ба Лубнон надорем”
Вақте саҳюнизми масеҳӣ дар канори саҳюнизми яҳудӣ қарор мегирад

Матолиби пурбоздид