Темур Варқӣ: Низоми деммократӣ беҳтарин дармон…
Гуфтугӯи Темур Варқӣ бо хабарнигори пойгоҳи интернетии Озодандешон
“Низоми демократӣ ва дунявӣ беҳтарин дармон ва давои ин ҳама балоҳост”
Темур Варқӣ, раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ), дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори сайти Озодандешон, ба таъкид бар зарурати бинои низоми демократӣ ва секуляр дар Тоҷикистон, гуфт: “Агар мо бихоҳем, Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро аз даст надиҳад, мавҷудияташ аз байн наравад, шонси нотакрори худро барои зиндагӣ аз даст надиҳад; агар воқеан бихоҳем, Тоҷикистон фурӯхта нашавад, ба маконе барои набардҳои доимӣ табдил нашавад, ба биёбоне, ки ҳама аз он ҷо фирор мекунанд табдил наёбад, пас низоми демократӣ ва дунявӣ беҳтарин дармон ва давои ин ҳама балоҳост.
Инак, машрӯҳи мусоҳиба бо Темур Варқӣ:
Озодандешон: Аввалин суоли ман ин аст, ки шуморо ба унвони раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) интихоб кардаанд, раиси қаблӣ кӣ буд, оё ӯ истеъфо дод?
Темур Варқӣ: Замоне, ки Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)-ро таъсис додем, 5 муассис доштем: Равшани Темуриён, Алим Шерзамонов, Ҳаким Раббимпур, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва бандаи ҳақир. Он замон мавзӯъи раҳбарӣ ин тавр ҳал шуд, ки ин 5 нафар бунёнгузор шӯрое таъсис диҳанд таҳти унвони Шӯрои раҳбарӣ, ки дар воқеъ болотарин ниҳоди ин созмон аст ва масоил дар ин шӯро ба сурати ҷамъӣ ҳал шавад ва ин 5 нафар муассис ба сурати муштарак АОТ-ро раҳбарӣ кунанд ва ба истилоҳ, ҳамраис бошанд. Аз ин рӯ, то имрӯз дар АОТ мо расман як раис надоштем. Бо вуҷуди ин, тасмим гирифта шуд, ки Алим Шерзамонов АОТ-ро дар тамосҳои хориҷӣ намояндагӣ кунад, аз ҷумла ҳангоми таъсиси эътилоф яъне Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ).
Аммо интихоби раис барои АОТ дар ҷаласаи ахир пешниҳод шуд ва пешниҳоди Алим Шерзамонов буд. Дар рафти баҳс, ман пешниҳод кардам, ки Алим Шерзамонов ба ҳайси раис расман тасвиб шавад, аммо Алим ба ин пешниҳоди ман мувофиқат накард ва исрор намуд, ки раис як нафари дигар бошад ва он вақт каминаро пешбарӣ кард. Ин барои ман комилан ғайричашмдошт буд ва дигар аъзои шӯро низ исрор карданд, ки ман ба ин пешниҳод розӣ шавам. Камина ҳаргиз ба раис шудан фикр намекардам, балки фикрам ин буд, ки ҳамаи аъзо аз ҷумла ман, ҳуқуқи баробар дошта бошем. Аммо бо вуҷуди ин ки ҳоло раисам, вале мӯътақидам, ки асли баробарӣ дар тасмимгириҳо бояд ҳамчунон дар АОТ мадди назар бошад.
Озодандешон: Дар охирин баёнияе, ки Анҷуман содир кардааст, гуфта шудааст: “Дар шароити имрӯз, ҷомеаи Тоҷикистон ниёз ба як нерӯи сиёсие дорад, ки намояндаи ҷомеаи секуляри тоҷик буда ва баъд аз сари қудрат рафтани режими худкомаи кунунӣ, битавонад давлати озоди демократӣ ва дунявӣ таъсис диҳад”. Мехостам каме инро бештар тавзеҳ диҳед, зеро дар зеҳни бисёре шаҳрвандони Тоҷикистон чунин аст, ки “секулярӣ” яъне чизе зидди динӣ, оё шумо мехоҳед Тоҷикистони зидди динӣ бино кунед? Оё ҳадафи шумо ин аст?
Темур Варқӣ: Агар мо бихоҳем, Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро аз даст надиҳад, мавҷудияташ аз байн наравад, шонси нотакрори худро барои зиндагӣ аз даст надиҳад; агар воқеан бихоҳем, Тоҷикистон фурӯхта нашавад, ба маконе барои набардҳои доимӣ табдил нашавад, ба биёбоне, ки ҳама аз он ҷо фирор мекунанд табдил наёбад, пас низоми демократӣ ва дунявӣ беҳтарин дармон ва давои ин ҳама балоҳост.
Агар мо барои Ватани худ, сарзамини ниёгонамон — ҷое, ки мазорҳои аҷдодамон дар он қарор гирифтааст хайру оромиш мехоҳем; агар мехоҳем давлати мо инкишоф ёбад, шукуфо шавад, давомнок гардад ва дар байни дигар кишварҳо рақобатнок шавад ва битавонад дар баробари мушкилот ва хатарҳое, ки мавҷудияти кишвари моро таҳдид мекунад ва дар баробари фалокатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муқовимат кунад, бояд бипазирем, ки демократия ва дунявият яъне секуляризм, беҳтарин роҳ аст, ки дар баробари ҳамаи таҳдидҳо, ба як киштии қавӣ ва пойдори Нӯҳ табдил хоҳем ёфт. Бигузор дар ин киштӣ барои ҳама — намояндагони мухталифи ҷомеаи мо ҷой бошад ва дар он, бо сулҳу осоиш ва осудаҳолона зиндагӣ кунанд.
Биёед роҳи худ, ҳаракати худ ба сӯи ояндаро ба тасвир кашем. Барои бино кардани як хонаи калон барои як хонаводаи бузурги дӯстона, мо ба як роҳ ниёз дорем; роҳи рушд; роҳе, ки мо аз тариқи он, масолеҳи сохтмониро мекашонем ва ба сари кор, ба мактаб, донишгоҳ, театр, стадионе, ки “Помир” Душанбе ва “Реал” Мадрид дар он бозӣ мекунанд меравем. Агар дар ин масир қоидаҳои роҳ риоят нашавад, мо на метавонем хона бисозем, на ба сар кор мерасем, на ба мадраса, на ба донишгоҳ, на ба театр ва на ба футбол.
Демократия ва секуляризм дар воқеъ қоидаҳои роҳ ҳастанд, ки таъйин мекунанд чӣ касе ва бо чӣ суръат ронандагӣ кунад ва дар чӣ хатт ва чӣ замоне ҳаққи ҳаракат дорад ва чӣ замоне ин ҳақро надорад ва дар кадом сурат ӯ бояд биистад ва ҳаракат накунад яъне дар баробари чароғаки сурх (светофор) мунтазир бимонад. Хуб, дар ин сурат, оё қоидаҳои роҳ ва ронандагӣ, бо дин ва Худо зид аст? Чӣ касе бо кадом мантиқе метавонад чунин чизе бигӯяд?
Набудани демократия ва назм, ин роҳҳои кунунии Душанберо мемонад; роҳҳое, ки дар он, такаббур, мансаб, “крыша”, ошнобозӣ ва “таға” ҳукмфармост. Мо ҳама шоҳиди ин будем, ки чӣ гуна фарзандони мақомот, бо мошинҳое, ки бо “меҳнати ҳалол”-и худ дуздидаанд, одамҳои оддиро дар роҳҳо пахш мекарданд ва мекуштанд ва ҳеч гуна масъулиятро ба дӯш намегирифтанд. Писари Ҳукумов – хеши диктатор ва ғосиби қудрат, Раҳмон, чанд сомонӣ ҷарима супурд ва халос шуд.
Дар низоми дунявӣ ва демократӣ, ин имконпазир нест. Ҳар кас ҳуқуқи баробар дорад, ҳеч кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи каси дигарро поймол кунад, на танҳо дар рӯйи коғаз албатта. Додгоҳ мисли чароғаки сурх (светофор) ва камераи назоратӣ, аз мақомот мустақил аст. Матбуот ҳамчун сабткунандаи суръати ҳаракат ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, аз мақомот мустақил аст.
Ман мӯътақидам, ки дар ҷомеаи тоҷик бояд шартномаи нави иҷтимоӣ (общественный договор) пазируфта шавад ба ин тартиб: мо ҳама қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя мекунем, то ки якҷоя ва бо ёрии ҳамдигар, ба сӯи ояндаи дурахшони кишварамон бирасем ва фарзандону наберагонамонро ба он сӯ бибарем.
Яъне интихоби сохтори демократӣ ва дунявии кишвар, ки ҳама дар он, дорои ҳуқуқи баробар ҳастанд ва чархиши ҳукумат дар он маъмул аст, ин ба нафъи ҳама аст. Ин амалгароӣ (прагматизм) аст. Амалгароӣ, асоси ҳар касбу кор ва ҳар рушду тавсиъа аст. Ҳар касе, ки ин равиши ронандагӣ дар роҳро интихоб кунад, роҳҳои пурсуръате монанди автобани Фаронса бо 130 километр дар соат ва иқтисоди пешрафта ва стандарти болои зиндагӣ, илм, фарҳанг, варзиш, эминӣ дорад — ҳама чиз дар беҳтарин ҳолати худ аст. Оё тасодуфӣ аст, ки Фаронса ва Аврупои секуляр ва демократӣ паноҳандагонро аз кишварҳои ноозод, аз ҷумла кишварҳои диктаторӣ ҷалб мекунанд? Оё ин далели бартарии чунин сохтор нест?
Аз чанд ҳамватанамон, ки ба Аврупо фирор кардаанд, шунидам, ки дар Тоҷикистон ба мо демократия ва секуляризм лозим нест, зеро ба назари онҳо, “демократия диктатураи ақаллиятҳо” аст.
Аҷаб аст! Баъзеҳо бо як диктатура мубориза мебаранд, то дигареро биёранд, мавҷи нави гурезаҳоро ба вуҷуд оранд ва кишварро пора-пора кунанд, то аз ҷониби ҳамсояҳо балъида шавад.
Барои пешгирӣ аз ин, фақат бояд дар мавриди қоидаҳои куллии бозӣ; қоидаҳои роҳе, ки барои ҳама риояи он ҳатмист, мувофиқат кунед. Масалан, имрӯз гурезаҳои сиёсии тоҷик дар Аврупо, бо ин ки як ақаллият ҳастанд, вале дар инҷо чун барои намояндагони ҳамаи дину миллият ва нажодҳо шароити баробар барои рушд фароҳам оварда шудааст, аз ин рӯ ин ақаллият худро дар оғӯши Худо ҳис мекунад. Оё дар пешгоҳи Худо ин нописанд аст, ки Аврупо мо, тоҷикҳо, мухолифони диктатураи зиддидемократии Эмомалӣ Раҳмонро қабул ва ҳимоят мекунад ва ба фарзандони мо беҳтарин шароит барои омӯзишро ба сурати ройгон фароҳам месозад; ҷое, ки ҳамаи мо эҳсоси амният мекунем? Оё дар пешгоҳи Худо ин нописанд аст? Барои кару нобино, худи Аллоҳ мегӯяд, ки роҳе ҳаст, ки чунин шароитеро муҳайё мекунад, ки дар он ҳама худро хуб ҳис кунанд, ҳама осудаҳолона зиндагӣ кунанд.
Боре аз як паноҳандаи мусалмони собиқи Шӯравӣ дар Фаронса шунидам: “Мо омадем, ҳоло дар ин ҷо биҳишти исломӣ месозем”. Ман ҳайрон шудам. Ту аз дӯзах ба биҳишт гурехтӣ, азизам! Акнун кори ту биҳиштро ба дӯзах табдил додан нест, балки дар ватани худ ҳамчунин биҳиштеро сохтан аст. Аксари мардуми пасошӯравии мо тафаккури тоталитарӣ доранд. Моро лозим аст, ки дар зеҳни худ равшанӣ эҷод намоем ва мағзамонро тағйир диҳем; бо мушоҳида, муқоиса, таҳлил, дуо ва шукронаи имтиҳону паноҳандагӣ. Роҳеро, ки дар пеши рӯи мо қарор дорад, метавон ба роҳ рафтан рӯи як таноби муҳкам, рӯи як сим ташбеҳ кард. Барои як таноббоз бар фарози партгоҳ ё байни осмонхарошҳо, муҳимтарин чиз ин аст, ки дар масир таъодули худро аз даст надиҳад.
Дар Аврупо дар ин таъодул ва мувозина, одамон ва интихобот нақш мебозанд. Имрӯз бо пои ростат ба пеш қадам гузор, фардо бо пои чапат. Худи мардум номутаносибиро ислоҳ мекунанд, вале бо риояи қоидаҳои эҳтироми якдигар. Демократия саҳлангорӣ нест, баръакс, озодие аст, ки масъулияти ҳар кас дар назди ҳар кас зиёд мешавад. Ин ҷост, ки масъулиятпазирӣ ба зуҳур мерасад: масъулият ва эҳтиром ба ҳуқуқи ҳамагон, аксарият қабл аз ақаллият, ҳар кадом қабл аз ҳар кадом; ҷое, ки ҳеч кас эҳсоси ақаллият намекунад, балки дар баробари қонун ва ҷомеа, эҳсоси баробарӣ мекунад.
Ба ҳамин далел аст, ки ман мӯътақидам, роҳи демократӣ ва секуляризм, беҳтарин роҳ ва роҳи идеалии рушд барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказии пасошӯравӣ мебошад. Ҳама ин ҷумлаи Черчилро ба хотир доранд, ки мегуфт: “Демократия бадтарин шакли ҳукумат аст, ба истиснои ҳамаи шаклҳои дигар, ки озмуда шудаанд.”
Озодандешон: Анҷуман ба ғайр аз баёния содир кардан, оё фаъолияти дигаре дорад? Ва агар ҳаст, он чист?
Темур Варқӣ: АОТ баёнияи зиёде мунташир накардааст, ки албатта ман инро на як нуқтаи мусбат, балки як нуқтаи манфӣ мешуморам. Акнун умеворам, мо дар мавриди масъалаҳои муҳим зуд-зуд баёния мунташир кунем.
Дар солҳои аввали фаъолият, кӯшишҳои мо бештар ба ташкили эътилоф ва таҳияи стратегияи муштарак дар доираи ПМТ нигаронида шуда буданд. Аз ин рӯ, мо ба сурати ҷудогона баёния содир намекардем. АОТ узве фаъол ва калидӣ дар ПМТ буд ва боқӣ мемонад.
Бинобар ин посухи ман ин аст, ки мо дар ҳайати ПМТ як ҷузъи фаъоли мухолифони режими диктатории зиддидемократии Эмомалӣ Раҳмон будем ва ҳастем. Мо дар як киштӣ ҳастем ва якҷоя бо тамоми аъзои ПМТ, ба сӯи ҳадафи худ — бунёди Тоҷикистони нави одилона ва устувор, ҳаракат мекунем.
Агар бипурсед, тафовути мавзеъи мо ба унвони як созмони секуляри демократӣ, бо он даста аз доираҳое, ки ба ПМТ ҳамла мекунанд, аммо худро мухолифи режим низ меноманд чист, метавонам дар зер бо ҷузъиёти бештар посух диҳам. Аммо агар ба саволи шумо баргардем, пас мо низ монанди ҳамаи мардум қабл аз ҳар чиз бояд аз ибтидо муроқиби некӯаҳволии худ дар як кишвари хориҷӣ бошем. Ин замони бештар ва талоши бештари моро гирифтааст.
Созмони мо як ташкилоти метавон гуфт худидоракун аст. Ҳеч кас ва ҳеч доирае ба мо кӯмаки молӣ намекунад. Мо худамон расонаҳои хешро роҳ андохтем ва аз худ ҳазина мекунем. Мо ду веб-сайт роҳ андохтаем: веб-сайти расмии ташкилоти мо яъне Ozodandishon.org ва веб-сайти маҷаллаи карикатураҳои сиёсӣ BgiDega.
Хулоса, фаъолияти асосии мо дар имрӯз, бештар сухан ва фикр аст. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб фаъол ҳастем, дар конфронсҳои САҲА оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок ва суханронӣ мекунем, барои дифоъ аз арзишҳои демократӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки зери диктатураи Раҳмон қарор дорад, пикетҳо ва гирдиҳамоиҳо мегузаронем.
Мо аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории худ дар Русия ҳимоят мекунем.
Мо муборизаи одилонаи Украина ва халқи онро барои ҳаққи зиндагӣ ва ҳаёт, барои истиқлолият ва бутунии территориявии он дар муқобили ҷанги таҷовузкоронаи империалистӣ ва генотсиди режими диктатории фашистии Путин дастгирӣ мекунем.
Мо аз ҳамаи тоҷикон даъват мекунем, ки дар ин ҷанги ноадолатона, ба хусус дар тарафи истилогар ширкат накунанд. Мо аз тавсиъа ва фаъол шудани созмон хабар додем ва дар бораи бунёд ва таҳкими заминаи моддӣ ва дастгирии созмони худ, дар бораи лоиҳаҳои нави ҳуқуқи инсон ва иттилоот фикр мекунем.
Озодандешон: Фарз кардем, ПМТ пирӯз шуд ва дар Тоҷикистон ҳукумат таъсис намуд. Дар ин сурат, шумо ба Анҷуман чӣ кор хоҳед кард, оё камокон дар ҳайати ПМТ мемонед ё роҳи шумо ҷудост?
Темур Варқӣ: Он чи аз иттифоқот, ки бояд аз онҳо огоҳ бошем ин аст, ки дар ҳоли ҳозир чӣ иттифоқе афтодааст. Мо наметавонем имрӯз пешбинӣ кунем, ки фардо чӣ иттифоқе меафтад, ҳатто он чиро як лаҳза баъд иттифоқ меафтад, намедонем. Аммо ман мутмаин ҳастам, ки фурӯпошии диктатории Раҳмон иҷтинобнопазир аст.
Дар худи ҷомеа ва сохторҳои қудратӣ, қувваҳои солиме вуҷуд доранд, ки ба дастгирии ҷомеа ниёз доранд. Ин масъалаи гуфтушунид ва созиш аст. Ман ҳамеша ҷонибдори созиш ба манфиъати умумии кишвар ва шаҳрвандон ҳастам; чунонки дар Одесса мегӯянд, “будем посмотреть” (хоҳем дид).
Аммо дар ҳар сурат, таҷриба нишон медиҳад, ки ба унвони бахше аз ПМТ, дар бештари маворид ҳанӯз метавонем дарки мутақобил ва эҳтироми мутақобил барои манофеъи бахшҳои мухталифи ҷомеаи худ пайдо кунем. Ин як таҷрибаи арзишманд аст. Умедворам ин раванд идома дошта бошад.
Ҳамон тавре дар боло гуфтам, роҳи миёна – роҳи мувозинат байни ифроту тафрит – ягона роҳи дуруст ва наҷотбахш барои Тоҷикистон ва модели оптималии дигар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ мебошад.
Озодандешон: Охирин суол, ки шояд бароятон таъаҷҷуббарангез бошад. Шумо ба унвони Анҷуман оё беҳтар нест инак дар дохили Тоҷикистон бошед ва дар онҷо фаъолият кунед, ки лозимаи ин албатта ин аст, ки Анҷуман ба унвони як созмони расмӣ дар Тоҷикистон сабт шавад? Албатта суол як каме шояд аҷиб бошад, вале ба ҳар сурат, назари шумо ба унвони раиси АОТ чист?
Темур Варқӣ: Албатта ин як саволи аҷиб аст, ҳақ бо шумост. Аммо созмоне мисли АОТ, бояд дар як давлати оқил ва дар як вазъияти солим фаъолият кунад. Вале беш аз 30 сол аст, ки дар Тоҷикистон кормандони “муваққат” сари қудрат ҳастанд, ки ба фикри ояндаи мардум ва кишвар нестанд, балки ба фикри ояндаи ҷайби худ ва хонаводаи худ ҳастанд.
Мушкил дар психологияи клани ҳоким аст, ки ба таври анъанавӣ ҳар гуна интиқод аз онҳо, барои ҷайб ва сармояи онҳо марговар аст. Аммо агар сармоя аз қабл ба нафъи кишвар кор мекунад, як нерӯи сиёсии маъқули ҷадид чизеро, ки кор мекунад, намешиканад.
Шуъур дар ҷомеа ва элитаи ҳукмрон, то ҳол тоталитарӣ ва ифротӣ аст. Ҳар як танқид ва рақобати солим, ҳамчун таҳдиди мавҷудият, яъне таҳдид ба ҳаёт ва некӯаҳволӣ қабул карда мешавад. Ин аст, ки афроде мисли Зайд Саидов ва Далери Имомалӣ дар зиндон ҳастанд. Ин далеле аст бар тарси дузд ва қотил аз нур. Ва ин далели тафаккури тоталитарист. Аммо набояд ин тавр бошад.
Кишварҳои пешрафта кайҳо аз ин марҳала гузаштаанд, ки фарзандони роҳзанҳои собиқ ё ҳокимони собиқ, аз афви сармоя ва моликият гузаштанд. Мо вазифадор нестем, ки равиши болшевикиро такрор кунем, ки “тамоми дуньёи зӯровариро ба хок яксон мекунем…” ва баъд дар болои харобаҳо ҳамон ҷаҳони нави зуроварӣ барпо кунем. Не, ин равиши ман нест.
Бешубҳа, дағалона вайрон кардани қонун бояд арзёбӣ шавад, аммо ман ҳеч гуна азхудкунии ифротгароёна ва радикалии сармояро истиқбол намекунам, ба шарте ки ин сармоя ба нафъи кишвар кор кунад ва некӯаҳволии шаҳрвандонро беҳтар кунад.
Чаро ман инро мегӯям? Гузашта аз ин, имрӯз ба ватан баргаштани мо, АОТ имконнопазир аст. Нахуст, Зайд Саидов бояд озод ва молу мулкаш баргардонида шавад. Маҳмурод Одинаев ва Шокирҷон Ҳакимов барин маҳбусони сиёсӣ бояд озод шаванд. Ҳамаи адвокатҳо, пеш аз ҳама Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Фаромӯз Эргашев озод карда шаванд. Рӯзноманигорону нависандагон: Абдуқодири Рустам, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева ва даҳҳо фаъолони бегуноҳи Бадахшон озод карда шаванд. Ниҳоят, раҳбарони тӯҳмат кардашудаи ҲНИТ, Маҳмадалӣ Ҳайит ва дигарон бояд озод карда шаванд.
Қадами аввал дар роҳи музокира, ки мақомоти феълӣ дер ё зуд маҷбур хоҳанд шуд, ки бо мухолифин анҷом диҳанд, авфи афроди саркӯбшуда ва хотима додан ба саркӯби сиёсии мухолифон аст.
Байни мавқеъи АОТ ва мавқеъи ба истилоҳ “мухолифини мухолифин”, ки воқеан намояндаи режими диктатории Раҳмон ва КГБ-и ӯ дар Аврупост, фарқияти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Инҳоянд, ки ба ҷои мубориза бо режим, бо мухолифин меҷанганд. Онҳо ҳамон паёми режимро такрор мекунанд, ки чунин садо медиҳад: “Шумо набошед, мо ояндаи дурахшонро месозем”, “Мехоҳем, ки дар шумо чунину чунон набошад” ва ниҳоят, шиори ин ОО (ин 00 мисли ин аст, ки магар ғайр ин аст?), шиори онҳо: “Мо демократияро бе шумо мехоҳем”. Ҳамин шиорашон “Шумо набошед” аслан ба демократия дуруст намеояд ва гуфти мардум намечаспад. Ин бештар шиори фошистӣ аст чунки қатли омм ё бартараф кардан ё дур кардан, террору зиндонӣ карданро дар назар дорад. Ин чигуна демократия бошад? Чунин муносибат ба сиесати Раҳмон чӣ фарқияте дорад?
Ин тафовути бунёдии мавқеи АОТ бо мавқеъи 00 аст. Онҳо раҳбари ҲНИТ ва ПМТ, Муҳиддин Кабириро харсанге дар сари роҳ медонанд ва аз ӯ хоҳиш ва ба ӯ зорӣ мекунанд, ки аз сари роҳи ба истилоҳ, демократия биравад. Ин мавқеъашон фарқе аз диктатураи Раҳмон надорад. Муҳиддин Кабирӣ барои Раҳмон ва лӯхтакҳо ва ҷосусҳои ӯ, як шахсияти хеле нофорам аст.
Мавқеъи мо тамоман дигар аст. Мо ба мунтақидони худ ҳаргиз намегӯем, ки “шумо набошеду нобуд шавед”, балки ҳамеша гуфта ва мегӯем, ки лутфан гурӯҳу созмонҳои марбут ба худатонро созед ва муваффақ шавед. Мо эълон мекунем: “Бигузор дар боғи мо ҳама гуна гулҳо шукуфанд!”. Демократияи “бидуни ту” ва “шумо набошед” ва аз ин қабил ҳарфҳо аслан вуҷуд надошта бошад.
Оре, ҷомеаи мо ҷомеаи ба истилоҳ, ноҳамвор аст, ки ҳатто шомили ифротгароёни радикали динӣ аз навъи ДОЪИШ ва ё ифротиҳои радикали секуляр аз навъи сталинистӣ-нозӣ низ дар он ёфт мешавад. Ба назари ман, Раҳмон ва ҷосусони ӯ аз қабили 00, дар ҷиноҳи секуляри ифротгароёни фашистӣ ҳастанд. Ин барои кишвар хатарнок аст, зеро маятник ба интиҳои дигар кашида мешавад.
Барои кишвари печидае мисли Точикистон, ба як маркази пурзӯру боэътимоди қавӣ ниёз аст.
Фақат шунидани ин ҳарф барои ман хандадор аст. Ин монанди он шӯхӣ дар мавриди инқилоби 1917 дар Русия аст, ки бархе мегуфтанд: мардуми фақир набояд вуҷуд дошта бошанд, дар ҳоле, ки бархе дигар мегуфтанд: сарватмандон набояд вуҷуд дошта бошанд.
Имрӯз Раҳмон ва 00-ҳои ӯ тарафдори онанд, ки зидди қонуншиканиҳо ва зидди масхара кардани онҳо аз мардум ҳеч кас мухолифат накунад. Аммо демократия кори якҷоя ва боғ аст. Мо барои ҳуқуқҳои шумо, ҳамон тавре ки барои ҳуқуқи худамон мубориза мебарем. Ин аст демократия ва дунявӣ, ки мо тарафдори он ҳастем. Агар шумо хоҳед, ки дар бораи принсипҳои демократия ва дунявӣ гуфтушунид кунед, дари мо барои шумо боз аст.
Озодандешон: Ташаккур, муваффақ бошед!
Қаламонлайн