Террор дар Маскав
Ёддошти Абдуманнон Шералиев перомуни ҳодисаи террористии Маскав
“Террор” дар Маскав нишон дод дар мусибати мардуми тоҷик ҷурми худи мардум – кулли мардум аз ҷурми ҳукумат ва шовинизму фашизми русӣ камтар нест. Аниқтараш худкамбинӣ ва содалавҳии саросарии мардум.
Муҳоҷир, зиёӣ, ҳунарманд, мулло ва ҳатто сиёсатмадорони ин миллат аз дирӯз хиҷолатзада зону задаву эътироф ба гуноҳи набуда мекунанд ва аз русҳо барои ҷинояте, ки мақомоти худи ин кишвар анҷом дода, узр мепурсанд.
Мардум!
Як муҳоҷир, агар қаблан дар чангҳои пурқурбонӣ ширкат накардаву таълим ва таҷрибаи одамкушӣ нагирифта ва ё дар гурдонҳои махсуси одамкуши артиш ё ниҳодҳои махсус хидмат накардаву хуни зиёде нарехта, наметавонад бо ин хунсардӣ ва профессионалӣ сӯи одамон тир холӣ кунад ва даҳҳо нафарро бикушад.
Ҳатто агар ба ДОИШ, “Коза Ностра”, “Каморра” ва ҳар мофиёи дигаре пайваставу солҳо мағзшӯӣ шудааст. Ин гуна хунсардона танҳо қотилҳои профессионалӣ, ки солҳо инсон куштаанд метавонанд вориди саҳна шаванд ва бидуни камтарин дирангу хатое ин ҳама мардум бикушанд.
Нафаре, ки бори аввал инсон куштанист, дасту пояш меларзад ва дар аввалин қадам иштибоҳ мекунад. Ва агар ҳатто кушт, аз даҳшат моҳҳо ба худ намеояд. Онҳое, ки парер дар Маскав ин террорро анҷом доданд профессионалитарин қотилон буданд ва нақшаи ин террор низ дар утоқҳое рехта шудааст, ки имкони контроли ҳама чиз, аз ҷумла посбонҳои даромадгоҳҳои он маркази тиҷориро доштаанд.
Аммо он чаҳор тоҷики бечораи боздоштшуда дар умрашон шояд гӯсфанде забҳ накардаанд. Ин ки онҳо ба кадом гуноҳе эътироф мекунанд, аҷобате надорад. Ҳар касе ба дасти он қотилони касбӣ хӯрд ба қавли маъруф мурдаи Ленинро ба дӯш мегирад. Барои мисол, диққат кунед, аз онҳо дар бораи худи террор камтар чизе мепурсанд, асосан дар бораи силоҳу дигар ҷузъиёт суол мекунанд, то иштибоҳе сурат нагирад.
Ин террор бо вуҷуди тарҳрезӣ шуданаш дар утоқҳои профессионалӣ ҳатман иштибоҳҳои зиёде дошт, ки қисмашон аллакай ифшо ва расонаӣ шуданд ва ҳатман ифшогариҳои бештаре сурат хоҳад гирифт. Бо гузашти замон мардуми ҷаҳон, аз ҷумла худи русҳо хоҳанд донист, ки ин террор кори дасти мақомоти махсуси рус буда. Ҳама чиз рӯзе ба асли зуд бармегардад ва ислоҳ мешавад. Аммо..
Аммо эътирофи саросарӣ ба ин ҷиноят аз ҷониби мардуми тоҷик иштибоҳест, ки ислоҳаш имкон надорад.
Ин мардум ҷои ин ки якдасту яксадо наъра занад, ки ДУРӮҒ АСТ, ҳеҷ тоҷике дар ин ҷиноят даст надошта, якдасту яксадо эътирофи гуноҳ мекунад ва назди ҷинояткорони воқеъӣ зону задааст. Ва лаънат ба он чаҳор бечораву ДОИШ-у дигар хӯсаҳои хаёлӣ мефиристад. Аз ДОИШ агар чизе мондаст, чаҳор балабол аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ лофи ҷиҳод мезанад, дигар ҳамон хӯсаи хаёлист, ки хадамоти махсус аз он истифода мекунанд.
Мардум бояд ин ҳисси худкамбиниро канор занад ва яксадо алайҳи ин тӯҳмати бузург садо баланд кунад, зеро хатари азим ба бақояш эҷод шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҷуръате нишон диҳад ва талаби таҳқиқоти байналмиллалӣ ва профессионалии қазия намояд. Агар ин корро барои обрӯи миллат накард, барои бақои худаш бояд қадам пеш ниҳад.
Ин иттиҳоми содда нест ва дарак аз тағйироти ҷиддие дар Тоҷикистон медиҳад, аз ҷумла хатар барои истиқлоли кишвар эҷод кардааст.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: