Терури ду фармондеҳи барҷастаи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ бо ҳамлаи паҳподӣ дар Бағдод
Омрико масъулияти ҳамларо ба ӯҳда гирифт
Ахбори байналмилал
Baghdadtoday
Ба гузориши Бағдод ал-явм, паҳподе бо шиллики се мушак, як худрав дар минтақаи Ал-маштал воқеъ дар шарқи Бағдодро ҳадаф гирифт, ки дар ин худрав, ду тан аз фармондеҳони аршади гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба номҳои Абӯбоқир ал-Соъидӣ ва Ҳоҷӣ Аркон ал-Улёвӣ ҳузур доштанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Ал-Соъидӣ масъули пуштибонии гурдонҳои Ҳизбуллоҳ ва Ал-Улёвӣ масъули иттилооти ин гурӯҳ будааст.
Дар ҳамин робита, як масъули омрикоӣ таъкид кард, нерӯҳои омрикоӣ имрӯз ҳамлаеро дар Ироқ тартиб додаанд.
Baghdadtoday
Қаламонлайн