Теҳрон ҳамлаи Исроил ба Сурияро маҳкум кард
Ахбори байналмилал
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо изҳори нигаронии шадид аз даргириҳои рухдода дар минтақаи Сувайдо дар ҷануби Сурия, ки боиси кушта шудани даҳҳо ғайринизомӣ шудааст, ҳамлаҳои низомии Исроил ба Сурияро дар ду рӯзи ахир ба шиддат маҳкум кард.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо ишора ба идомаи таҷовузҳои низомии Исроил ба тамомияти арзии Сурия, ҳамзамон бо ишғоли бахши бузурге аз қаламрави он кишвар, бетарафии доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар баробари ин таҷовузҳоро хеле хатарнок ва сабабгори густариши ҷуръати Исроил донист.
Бақоӣ бо таъкид бар зарурати таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳони ислом барои қатъи қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои Исроил, аз ҷумла қатли омми бесобиқа дар Ғазза ва таҷовузҳои пайваста ба Сурия ва Лубнон масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирӣ аз идомаи нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи СММ ёдовар шуд.
Қаламонлайн