Толибон ба шаҳрвандон шиноснома содир мекунад
Ахбори минтақа
Бар асоси гузориши TOLOnews, судури шиноснома барои шаҳрвандони Афғонистон, ки панҷ моҳ пеш қатъ шуда буд, дубора аз рӯзи 1-март дар Кобул ва вилоятҳои ин кишвар аз сар гирифта шудааст.
Бар ин асос, ҳамарӯза ба даҳ ҳазор нафар шиноснома дар саросари Афғонистон содир мешавад.
Ҳукумати Толибон ба хотири пешгирӣ аз фасоди идорӣ, сабти номи онлайн аз тариқи интернетро ба роҳ мондааст.
Лозим ба ёдоварист, судури шиноснома дар Афғонистон тақрибан панҷ моҳ пеш, ба далели мушкилоти техникӣ ва норасоии шиноснома қатъ шуда буд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн