Тоҷикистон ва суфастоигарӣ – II

Тоҷикистон ва суфастоигарӣ – II

Бахши дуввум

Муборизаи беамони Суқрот бо суфастоиён

Суқрот ва пас аз вай шогирдаш Афлотун ва сипас Арасту, ҳар се ба шиддат ба мубориза бо суфастоиён пардохтанд ва мағлатаҳои ононро ошкор сохтанд ва собит карданд, ки ашё қатъи назар аз идроки мо воқеият доранд ва дорои кайфияти махсусе мебошанд ва фалсафа иборат аст аз илм ба ашё он тавр, ки ҳастанд ва агар инсон ба тарзи саҳеҳе фикри худро роҳ бибарад, метавонад ҳақоиқро дарёбад. Арасту ба ҳамин манзур фанни мантиқро, ки барои дуруст фикр кардан ва тамйиз додани хато аз дурустӣ аст ҷамъ ва тадвин намуд.

Лекин аз давраи Арасту ба баъд гурӯҳи дигаре пайдо шуданд, ки онҳоро “шаккокон” мегӯянд ва маслаки онҳоро скептисизм (scepticism) меноманд. Ин гурӯҳ роҳи ба ақидаи худ миёнаро интихоб намуданд, на пайрави суфастоиён шуданд, ки мегуфтанд воқеияте хориҷ аз зарфи зеҳни инсон вуҷуд надорад ва на ақидаи суқротиюнро писандиданд, ки гуфтанд метавон ба ҳақоиқи ашё ноил шуд. Ин ҷамоат гуфтанд, инсон василае барои расидан ба ҳақоиқи ашё, ки қобили итминон бошад надорад, ҳиссу ақл ҳар ду хато мекунанд ва ҳамчунин гуфтанд, ки роҳҳои мантиқӣ, ки Арасту барои дар амон мондан аз хато боз намуд кофӣ нест, роҳи саҳеҳ барои инсон дар ҷамиъи масоил, таваққуф ва худдорӣ аз раъйи ҷазмӣ аст, ҳатто масоили риёзӣ аз қабили ҳисоб ва ҳандасаро низ бояд ба унвони эҳтимол пазируфт ва бо тардид талаққӣ намуд.

Пайравони ин мактаб дар Юнон ва баъд дар ҳавзаи Искандария зиёд буданд ва то чанд қарн баъд аз милоди Масеҳ, ин мактаб идома надошт, вале дар қарни 19-ум ва 20-ум маслакҳои фалсафие падид омад, ки айни он аст.

Скептисистҳо яъне шаккокон дар воқеъ чандон фарқе бо суфастоиён надоранд ва ҳар эроду ишколе, ки ба суфастоиён ворид аст, ба онҳо низ ворид аст.

***

Равиши бархӯрд бо суфастоиён аз назари Ибни Сино

Ибни Сино дар мавриди равиши бархӯрд бо суфастоиҳо мегӯяд:

“Аз суфастоиён мепурсем, ки дар бораи инкоратон ҳақоиқро чӣ мегӯед? Оё инкори шумо ҳақ аст ё ботил аст ё шоккед? Агар аз рӯи илми худашон, ба яке аз ин умури сегона ҳукм карданд, пас ба ҳаққияти андешае эътироф кардаанд хоҳ ин ки ин андеша андешаи ҳаққияти қавлашон ба инкори қавли ҳақ бошад ё эътиқоди бутлони он ё эътиқоди шак дар он, пас инкорашон ҳақро мутлақан, соқит аст.

Ва агар бигӯянд, мо шак дорем, ба онон гуфта мешавад, ки оё медонед, ки шак доред ё ба шакки худатон инкор доред? Пас агар эътироф карданд, ки шаккоканд ё мункиранд, пас ба илме ва ҳаққе эътироф доранд.

Ва агар гуфтанд: мо абадан чизеро намефаҳмем ва намефаҳмем, ки намефаҳмем ва дар ҳамаи чизҳо ҳатто дар вуҷуд ва адами худамон шоккем ва дар шакки худамон низ шоккем ва ҳамаи ашёро инкор дорем ҳатто инкор ба онҳоро низ инкор дорем, шояд аз рӯи инод забонашон бад-ин ҳарфҳо гӯё аст; пас эҳтиҷоҷ бо эшон соқит аст ва умеди роҳ ҷустан аз эшон нест.

Пас чораи эшон ҷуз ин нест, ки эшонро таклиф ба духули оташ кард, зеро ки оташ ва ло оташ наздашон яке аст ва эшонро кутак зад, зеро, ки дард ва ло дард барояшон яке аст.”

(Ба нақл аз “Дуруси маърифати нафс”, таълифи Ҳасанзодаи Омулӣ, с.7-14)

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Масҷидулақсо; ҳузури бошукуҳи мусалмонон дар нахустин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон
Деҳаи Бибиширин ва зодагони сарбаланди он

Матолиби пурбоздид