Тоҷикистон ва Эрон; заминаи ҳамкориҳои муштарак

Тоҷикистон ва Эрон; заминаи ҳамкориҳои муштарак

Ахбори минтақа

Ғайрат Қобилзода, муовини раиси палатаи тиҷорат ва саноати вилояти Суғд дар гуфтуги худ бо Садои Хуросон гуфтааст: Тамомии заминаҳо барои ҳамкории муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон фароҳам аст.

Ин мақоми иқтисодӣ инчунин гуфтааст:

Қарор аст ҳайати иқтисодии Тоҷикистон зарфи рӯзҳои оянда дар Намоишгоҳи байналмиллалии саноати санг дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат карда ва дидору гуфтугӯҳое бо фаъолони бахшҳои давлатӣ ва хусусии эронӣ дар ҷиҳати рушди устувори равобити дуҷониба дошта бошанд. Қобилзода инчунин гуфтааст: Боздид аз бархе корхонаҳову марокизи тавлидӣ низ таи ин сафар дар назар аст.
Муовини раиси палатаи тиҷорат ва саноати вилояти Суғд дар ин гутфугӯ, ин гуна изҳори назар намудааст:

Кишвари Тоҷикистон, ки 93 дар сади хоки онро кӯҳистон ташкил медиҳад, аз конҳои гуногуне бархурдор аст, ки баҳрабардорӣ аз ин манобеи табииӣ ниёз ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дорад ва дар ин росто мо аз дӯстони эронӣ даъват ба ҳамкорӣ мекунем.

Ба гуфтаи Қобилзода дар бахшҳои дигар аз ҷумла кишоварзӣ, гардишгарӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва ғайра низ метавонем ҳамкории судманде бо фаъолони иқтисодии Эрон дошта бошем.

Доктор Муҳсини Наҳовандӣ, мудири ширкати Намоишгоҳҳои устони Форс (дар ҷануби Эрон) низ бо истиқбол аз ҳузури ҳайати иқтисодии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии Шероз таъкид намудааст:

Қарор аст дар соли оянда, намоишгоҳи тавонмандиҳои иқтисодии Форс дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон доир шавад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Аврупо; оғози ҳамкориҳои густарда
Рӯзе, ки бозмерасад…

Матолиби пурбоздид