Тоҷикистон ва Эрон; имзои тафоҳумнома дар сатҳи донишгоҳӣ

Тоҷикистон ва Эрон; имзои тафоҳумнома дар сатҳи донишгоҳӣ

Ахбори илмӣ-фарҳангӣ

Масъулини Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон бо ҳадафи тарвиҷу тавсеаи ҳамкории илмӣ, пажӯҳишӣ ва иҷроӣ барои истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду тараф дар заминаҳои ҳавзаи улуми инсониву иҷтимоӣ,  тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ имзо карданд.

Ба гузориши гуруҳи илму омӯзиши ИРНА аз равобити умумии Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, бо тавваҷҷуҳ ба аҳамияти ҳамкориҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва фанноварӣ миёни ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби тафоҳумномаҳои ҳамкории илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ ва бо ҳадафи тарвиҷу тавсиаи ҳамкории илмӣ, пажӯҳишӣ ва иҷроӣ, барои истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду тараф дар заминаҳои ҳавзаи улуми инсониву иҷтимоӣ, бар асоси усули манофеи муштарак, тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ байни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ва Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Абдуллоҳи Муътамидӣ, раиси Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ дар маросими имзои ин тафоҳумнома бо ибрози хурсандӣ аз ин ҳамкорӣ гуфт: Ин донишгоҳ танҳо донишгоҳи улуми инсонии кишвар ва бузургтарин донишгоҳи улуми инсонӣ дар Ғарби Осиё аст. 11 донишкада (факултет) дорад, ки наздик ба 14 ҳазор донишҷӯ ва 550 узви ҳайати илмии собит дар ин донишкадаҳо машғул ба фаъолияти илмӣ ҳастанд. Беш аз 70 дарсади донишҷӯён дар мақтаи таҳсилоти такмилӣ ҳастанд. Ҳамчунин донишҷӯёну донишомӯхтагони улуми инсонӣ аз зарфияти марокизи рушду навоварӣ, корофаринӣва ҳимоятҳои порки илму фанноварии ин донишгоҳ истифода мекунанд.

Инчунин Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни ин ки ин марказ фаъолиятҳои худро дар се бахши таҳқиқӣ, машваратӣ ва таҳлилӣ анҷом медиҳад, гуфт: Бештарин масоиле, ки мо бо он сарукор дорем, омӯзиши масоили ҷаҳони муосир аст. Мо беш аз ҳар мавриде ба омӯзиши масоили оянда тавваҷҷуҳ дорем.

Лозим ба ёдоварист, 31-октябри 2022 низ Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Эрон, бо Обид Акбарӣ, раиси Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон, дар шаҳри Теҳрон – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуда ва тафоҳумномаи ҳамкориро ба имзо расонда буданд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – I
Оғози сафари кории Раҳмон ба Миср

Матолиби пурбоздид