Тоҷикистон дар байни 20 кишвари фасодзадаи дунё қарор гирифт

Тоҷикистон дар байни 20 кишвари фасодзадаи дунё қарор гирифт
Ахбори минтақа
Bomdod
Тоҷикистон имсол бо ҳамагӣ 20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт. Дар раддабандии солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023, ки созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” (Transparency International) рӯзи 30 январи соли 2024 нашр кард, Тоҷикистон якбора 12 зина пойинтар фаромада, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм гузошта шуд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҳатто аз кишварҳои африқоии Конго, Гвинеа-Биссау ва Эритрея қафо монда, ҳамроҳ бо Афғонистону Мянма (Бирма) ва 4 кишвари дигари қораи Африқо: Бурунди, ҷазираҳои Комор, Чад ва ҷумҳурии демократии Конго дар як зина қарор дорад.
Соли гузашта дар раддабандии ҷаҳонии “Шохиси фарогирии коррупсия” Тоҷикистон бо 24 имтиёз дар зинаи 150-ум қарор дошт. 20 имтиёзи имсолаи Тоҷикистон пасттарин нишондод дар таърихи ин кишвар ба шумор рафта, назар ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 43 имтиёзро ташкил медиҳад, беш аз 2 маротиба камтар аст. Аз байни кишварҳои минтақа натиҷаи аз Тоҷикистон ҳам пасттарро танҳо Туркманистон дорад, ки бо 18 имтиёз дар зинаи 170 ҷой гирифт. Қирғизистону Русия ҳарду 26 имтиёз дошта, дар зинаи 141, Ӯзбекистон бо 33 имтиёз дар зинаи 121 ва Қазоқистон бо 39 имтиёз дар зинаи 93 ҷойгир шудаанд.
Нозирони умур чунин уфти башиддат ва дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтани Тоҷикистонро як амри мунтазира ва натиҷаи вазъи ноҳинҷори мубориза бо коррупсияи дар ин кишвар мешуморанд.
Bomdod
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – I
Вақте футбол ин ҳама тағйирот эҷод мекунад ҳатто дар даруни инсонҳо (1)

Матолиби пурбоздид