Тоҷикистон; таҳдид аз ноҳияи “худӣ” ё “бегона”

Таҳлили хабарӣ

Тоҷикистон; таҳдид аз ноҳияи “худӣ” ё “бегона”

Таҳлил

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ба таври куллӣ, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки кишварҳое чун Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна, на ба худии худ, балки ба унвони як абзори жеополитикӣ барои муқобила бо Русия, Чин ва Эрон мавриди таваҷҷуҳи Амрико қарор гирифта ва ҳамин мавзӯъ даричаи вуруди кишварҳои Осиёи Миёна ба вобастагиҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ хоҳад буд…

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ дар Осиёи Миёна бо аксарияти мусалмон мебошад, ки бо торихи пурфарозу нишеб рӯбарӯ буда ва дар паси ин торих, миллати Тоҷикистон бо масоили муҳимме мувоҷеҳ будааст.

Яке аз ин масоили муҳим, ҳифзу ҳаросат аз ҳувияти фарҳангӣ-торихии ин сарзамин будааст. Бахши аъзаме аз ҳувияти торихии тоҷикҳо бо забони миллии онҳо, форсии тоҷикӣ гиреҳ хӯрдааст. Форсии тоҷикӣ, ки аз он ба номи тоҷикӣ ё форсии фарорудӣ низ ёд мешавад, бештар дар Осиёи Миёна, бавижа дар кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон роиҷ аст. Ҳарчанд порлумони Тоҷикистон дар соли 1999 бо ҳазфи калимаи форсӣ, номи қонунии забони ин кишварро тоҷикӣ эълом кард, вале дар ҳақиқат оғози тағйироти фарҳангӣ-ҳувиятӣ дар Тоҷикистон аз авохири давраи Русияи тезорӣ ва дар идома, дар даврони ҳукумати коммунистҳо ва ташкили Иттиҳоди Шӯравии собиқ, бо эҷоди тағйироти густарда дар дастури нигориш ва расмулхатти навишторӣ бозмегардад.

Ин тиғйирот, ки аз он бо унвони ҳувиятзудоии фарҳангӣ низ ёд мешавад, сабаб шуд, ки тоҷикӣ забоне шавад, ки дар он ҳуруф ва калимоти форсӣ бо расмулхатти русӣ ва ё сириллик (алифбои кириллӣ) навишта шуда ва ба форсӣ хонда мешавад. Асосан барномарезони сиёсии Кремл бо ин тағйирот, дар паи дур кардани мардум аз русуми ниёгонашон ва низ торих, адабиёт ва фарҳанги ин сарзамин будаанд. Дар идомаи ҳамин талошҳо буд, ки хатти форсӣ ва ба табаи он фарҳанги ғании чандҳазорсолаи мардумони ин минтақа, ба инзиво кашида шуд ва ба мурур аз дидаи мардум дур шуд, ҳарчанд тааллуқ ба ин фарҳанги чандҳазорсола, ҳамчунон дар дилҳои сабури тоҷик боқӣ монд. Асароти ин тағйиру таҳаввули манфӣ барои солиёни тӯлонӣ дар байни тоҷикҳо боқӣ монд ва ҳосили ин сиёсат, афзоиши мавҷи бесаводӣ ва ноогоҳии умумӣ шуд. Солиёни бисёре истеъмори фарҳангӣ бо абзорҳои гуногуни расонаӣ ва ё омӯзишӣ идома ёфта ва сиёсатҳои зиддифарҳангии ҳокимшуда дар садри умур қарор гирифт. Пас аз он, дигар ҳатто қишре, ки аз он ба унвони рӯшанфикр ном бурда мешуд, ба сахтӣ ба забони ниёгони худ сухан мекарданд ва ҳамин масъала сабаби вобастагии фарҳангии шадиде дар тоҷикҳо ва бисёре дигар аз миллатҳои Осиёи Миёна гардид, ки асароти он то ба имрӯз ба рӯшанӣ дида мешавад.

Аммо ҳоло дар вазъияти бисёре аз миллатҳои Осиёи Миёна тағйироти густардае дида мешавад. Аз ҷумлаи неъматҳои истиқлоли ин миллатҳо аз Шӯравии собиқ, талоши ин миллатҳо барои бозгашт ба асл ва решаҳои фарҳангӣ ва торихии худ будааст, ки дар ин хусус Тоҷикистон то ҳудуде пешрав маҳсуб мешавад. Дар ҳамин хусус Шоҳмансур Шоҳмирзо адиби тоҷик ва коршиноси муассисаи фарҳангии Эко мӯътақид аст: “Истиқлоли Тоҷикистон, ки пас аз солҳо бо талошу кушиши мардум ва давлатмардони ин кишвар ба даст омада ва имрӯза 30-сола мешавад, арзишмандтарин ва беҳтарин сармояи тоҷикон ба шумор меравад. Яке аз сафҳаҳои дурахшон ва мондагори ин истиқлол, ҳамоно истиқлоли фарҳангӣ будааст. Аз ин рӯ, истиқлоли фарҳангӣ ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ аз рӯзҳои нахусти касби истиқлол дар маркази таваҷҷуҳи давлатмарон ва дар садри онҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт”. Аммо ин истиқлоли фарҳангӣ аз бегонагон, алалхусус Шӯравии собиқ ва Русияи феълӣ дар ҳоле иттифоқ афтод, ки пас аз муддате пешрафт ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, шоҳиди ҳузури бегонагони ғарбӣ ба шакли дигар дар ин кишвар бошем. Замоне ки бар хилофи талош барои истиқлоли фарҳангӣ ва адами вобастагӣ, шоҳиди рушди рӯзафзуни фаъолияти амрикоиҳо ва талошҳои онон барои нуфуз дар Тоҷикистон, дар заминаҳои мухталиф ҳастем.

Коршиносон бар ин боваранд, ки Амрико ба илова бар талош ҷиҳати нуфузи ҳарчӣ бештар дар умқи Тоҷикистон, навоҳии кӯҳистонӣ ва муҷовир бо марзи Афғонистонро низ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст. Зеро Вашингтон дар назар дорад то дар манотиқи ҳассоси марзӣ, ки дар гузашта зери нуфузи Иттиҳоди Шӯравии собиқ будааст, тамаркуз дошта бошад.

Хотирнишон месозем, ки яке аз абзорҳои аслии нуфузи Амрико, бунёдҳои мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои мардумниҳод ё энҷиоҳо буда, ки дар тӯли солиёни ахир, дар маҳдудаи Осиёи Миёна ба шакли маънодоре дар ҳоли тавсиаи фаъолиятҳои худ мебошанд.

Ба таври куллӣ, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки кишварҳое чун Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна, на ба худии худ, балки ба унвони як абзори жеополитикӣ барои муқобила бо Русия, Чин ва Эрон мавриди таваҷҷуҳи Амрико қарор гирифта ва ҳамин мавзӯъ даричаи вуруди кишварҳои Осиёи Миёна ба вобастагиҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ хоҳад буд.

Дар поён хотирнишон мегардад, муҳимтарин бунёди истиқлоли ҳар миллате, истиқлоли фарҳангии онҳо буда ва амалан пас аз истиқлоли фарҳангӣ аст, ки метавон барои истиқлоли миллӣ ва сиёсӣ кӯшид.

Ҳарчанд Тоҷикистон аз соли 1991 истиқлоли худро аз Шӯравии собиқ бозёфта, вале ҳанӯз фарҳанг ва забони русӣ дар пайкараи фарҳанги Тоҷикистон дар ҳоли худнамоӣ буда ва модом ки забони ниёгони тоҷик, ки ҳамоно порсӣ буда, ҷойгузини забони русӣ нашавад, дастёбӣ ба истиқлоли воқеии фарҳангӣ ва миллӣ душвор ва дастнаёфтанӣ хоҳад буд. Дар айни ҳол, дар дигар сӯ дида мешавад, низоми султа ба раҳбарии Амрико дар талош мебошад то дар қолаби ҳимоят аз дастёбии кишварҳои Осиёи Миёна ба истиқлоли воқеӣ аз Русия, ҷои пои худро дар ин маҳдудаи стротежик маҳкам намояд, ки ҳамин мавзӯъ занги хатари муҳимме барои давлатмардон ва миллати Осиёи Миёна аст, ки дар масири тавсиаи сиёсӣ ба истиқлоли фарҳангии худ беш аз пеш аҳамият дода ва таваҷҷуҳи дубаробар намояд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Осиёи Миёна – Ҳинд; дурнамои муносибатҳо
Фаластин – қалби олами ислом

Матолиби пурбоздид