Тоҷикони зиндонӣ дар Русияро ба ҷанги Украина мебаранд

Тоҷикони зиндонӣ дар Русияро ба ҷанги Украина мебаранд

Ахбори минтақа

Тоҷиконе, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд, барои ширкат дар ҷанги Украина сабти ном мекунанд.

Барасоси гузоришоти расида, як гуруҳ аз тоҷикон, ки дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Русия зиндонӣ шудаанд, барои ширкат дарҷанги Украина номнавис кардаанд.

Гуфта мешавад теъдоди ин зиндониёни тоҷик 150 нафар буда, дар зиндони шумораи чаҳори шаҳри Медини ин вилоят  даврони маҳкумияти худро мегузаронанд.

Ин хабарро яке аз зиндониён гузориш карда гуфтааст, кормандони Вазорати дифои Русия онҳоро сабти ном намудаанд.

Инчунин соле пеш, даҳҳо зиндонии тоҷикро аз зиндонҳои Русия, ширкати низомии Вагнер ҷалб карда будааст, ки то ин замон, хабари кушта шудани зиёда аз бист нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иддаои толибон: Ниҳодҳои хориҷӣ ба номи ДОИШ харобкорӣ мекунанд
Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ – III

Матолиби пурбоздид