Ту ин озодиро дорӣ…

Адаб

Ту ин озодиро дорӣ…

Муҳаббат тавлиди муҳаббат мекунад, дар ҳоле ки кина нишонаи заъфи одамист.

“Торихи фалсафа”, Уилл Дюрант

Аз бозгашти як фикр ба мағз он андоза метавон пешгирӣ кард, ки аз бозгашти оби дарё ба соҳил битавон пешгирӣ кард, барои маллоҳ ин ҷазру мад номида мешавад, барои гунаҳкор пушаймонӣ ном дорад, ҷонро монанди уқёнус мешӯронад.

“Бенавоён”, Виктор Ҳугу

Эҳтиёт кунед дар доми узру баҳона ва тавҷеҳтарошӣ гирифтор нашавед, шумо бидуни ғолиб шудан бар худ наметавонед фотеҳи дигарон бошед.

“Сангфарши ҳар хиёбон аз тиллост”, Ким Ву Чунг

Мардҳо ва занҳо ба як нисбат икроҳ доранд, ки аз як зан фармон баранд, онҳо пайваста ба мард бештар эътимод мекунанд.

“Ҷинси дуввум”, Симоа де Бовуар

Кофист, ки руҳи хешро ба табоҳӣ накашонем, кофист барои баҳс кардан бо одамҳои тиҳӣ худро ба заҳмат наандозем; бигзор аз хашм нобуд шаванд.

“Гурези дилпазир”, Анна Говалда

Мантиқ мегӯяд, то набинам, бовар намекунам, аммо қалби саршор аз имон мегӯяд, аввал бовар мекунам ва сипас хоҳам дид.

Ҷоэл Остин

Ту ин озодиро дорӣ, ки худат бошӣ, хештани воқеият ҳамин ҷо ва ҳамин ҳоло ва ҳеч чиз наметавонад роҳи туро садд кунад.

“Ҷонатан мурғи дарёӣ” Ричард Бох

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бузургтарин иштибоҳ дар роҳи худошиносӣ
Подоши хушҳол кардани фарзанди духтар

Матолиби пурбоздид