Тулӯи Шамс

Таърих

Тулӯи Шамс

Мавлоно дар остонаи 40-солагӣ марде ба тамоми маънӣ ориф ва донишманди даврони худ буд ва муридон ва оммаи мардум аз вуҷуди ӯ баҳраҳо мебурданд, то ин ки қаландаре гумном ва жандапӯш ба номи Шамсуддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ рӯзи шанбе 26 ҷумодиулохари соли 642 ҳиҷрии қамарӣ, ба Қуния омад ва бо Мавлоно бархӯрд кард ва офтоби дидораш қалбу руҳи Мавлоноро бигудохт ва шайдояш кард. (Дар ин мулоқоти кӯтоҳ, вай давраи пуршӯреро оғоз кард. Дар ин давра, ки 30 сол аз ҳаёти Мавлоноро шомил мешавад, Мавлоно осоре бар ҷой гузоштааст, ки ҷузъи олитарин натоиҷи андешаи башарӣ аст.) Шамс ин саҷҷоданишини бовиқор ва муфтии бузургворро саргаштаи кӯю барзан кард, то бад-он ҷо, ки худ ҳоли худро чунин васф мекунад:

Зоҳид будам, таронагӯям кардӣ,

Сарҳалқаи базму бодаҷӯям кардӣ.

Саҷҷоданишини бовиқоре будам,

Бозичаи кӯдакони кӯям кардӣ.

* * *

Ҳикояти пайвастани Шамс ба Мавлоно

Рӯзе Мавлавӣ бо хурсандӣ ва бехиёлӣ аз роҳи бозор ба хона бозмегашт, ногаҳон обире ношинос аз миёни ҷамъият пеш омад, густохвор ъинони фақеҳ ва мударриси пурмаҳобати шаҳрро гирифт ва дар чашмҳои ӯ хира шуд ва густохона суоле бар вай тарҳ кард:

“Саррофи олами маънӣ Муҳаммад (с) бартар буд ё Боязиди Бастом?”

Мавлоно, ки олитарин мақоми авлиёро аз нозилтарин мартибаи анбиё ҳам фурӯтар медонист, бо лаҳне оканда аз хашм ҷавоб дод:

“Муҳаммад (с) сарҳалқаи анбиёст, Боязиди Бастомро бо ӯ чӣ нисбат?”

Аммо дарвеши тоҷирнамо, ки бо ин сухан қонеъ нашуда буд, бонг бардошт:

“Пас чаро он як “Субҳонака мо арафнок” гуфт ва ин як “Субҳонӣ мо аъзама шаънӣ” ба забон ронд?”

Мавлоно лаҳзае таъаммул кард ва гуфт:

“Боязид тангҳавсала буд, ба як ҷуръа арбада кард. Муҳаммад дарёнӯш буд, ба як ҷом ақлу сукуни худро аз даст надод.”

Мавлоно инро гуфт ва ба марди ношинос нигарист. Дар нигоҳи сареъе, ки байни онҳо радду бадал шуд, бегонагии онҳо табдил ба ошноӣ гашт. Нигоҳи Шамс ба Мавлоно гуфта буд, аз роҳи дур ба ҷустуҷӯят омадаам, аммо бо ин бори гарони илму пиндорат чӣ гуна ба мулоқоти Аллоҳ метавонӣ расид?

Ва нигоҳи Мавлоно ба ӯ посух дода буд: “Маро тарк макун дарвеш, ва ин бори музоҳимро аз шонаҳоям бардор.”

Пайвастани Шамс ба Мавлоно дар ҳудуди соли 642 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод ва чунон ӯро волаҳу шайдо кард, ки дарсу ваъзро канор гузошт ва ба шеъру тарона ва даффу самоъ пардохт ва аз он замон табъи зарифи ӯ дар шеъру шоирӣ шукуфо шуд ва ба сурудани ашъори пуршӯру ҳоли ирфонӣ пардохт. Ин ки Шамс ба Мавлоно чӣ гуфт ва чӣ омӯхт ва чӣ фасонаву фусуне сохт, ки саропо дигаргунаш кард, муаммоест, ки “Кас нагушуду нагушояд ба ҳикмат ин муамморо”. Аммо возеҳ ва мубарҳан аст, ки Шамс марде оламу ҷаҳондида буд. Ва бархе ба хато гумон кардаанд, ки ӯ аз ҳайси донишу фанн бебаҳра будааст. “Мақолот”-и ӯ беҳтарин гувоҳ бар дониш ва иттилоъи васеъи ӯ бар адабиёт, луғат, тафсири Қуръон ва ирфон аст.

* * *

Ғайбати муваққати Шамс

Рафта-рафта оташи ҳасодати муридони хоми Мавлоно забона кашид ва худро нишон дод. Онҳо медиданд, ки Мавлоно муриди жандапӯше гумном гашта ва ҳеч таваҷҷӯҳе ба онон намекунад, аз ин рӯ фитнаҷӯиро оғоз карданд ва дар аёну ниҳон ба Шамс носазо мегуфтанд ва ҳамагӣ ба хуни Шамс ташна буданд.

Шамс аз гуфтору рафтори газандаи муридони худбину мутаъассиби кӯру оташини қунавиён ранҷида шуд ва чорае ҷуз кӯч надид. Аз ин рӯ дар рӯзи панҷшанбе 21 шавволи соли 643 шаҳри Қунияро ба мақсади Димишқ тарк гуфт.

Шамс дар ҳиҷоби ғайбат фурӯ шуд ва Мавлоно низ дар оташи ҳиҷрони ӯ беқарору ноором гашт. Муридон, ки диданд рафтани Шамс низ Мавлоноро мутаваҷҷеҳи онон насохт, назди ӯ омаданд ва пӯзишҳо хостанд.

Пеши шайх омаданд лобакунон,

Ки бибахшо, макун дигар ҳиҷрон.

Тавбаи мо бикун зи лутф қабул,

Гарчӣ кардем ҷурмҳо зи фузул.

Мавлоно фарзанди худ Султон Валадро ҳамроҳи ҷамъе ба Димишқ фиристод, то Шамсро ба Қуния бозгардонанд. Султон Валад ҳам ба фармони падар ҳамроҳи ҷамъе аз ёрон сафарро оғоз кард ва пас аз таҳаммули сахтиҳои роҳ саранҷом пайки Мавлоно ба Шамс даст ёфт ва бо эҳтиром пайғоми ҷонсӯзи ӯро ба Шамс расонд ва он офтоби ҷаҳонтоб азми бозгашт ба Қуния намуд. Султон Валад ба шукронаи ин мавҳибат як моҳ пиёда дар рикоби Шамс роҳ паймуд, то он ки ба Қуния расиданд ва Мавлоно аз гирдоби ғаму андӯҳ раҳо шуд.

* * *

Ғуруби доими Шамс

Муддате кор бад-ин минвол сипарӣ шуд, то ин ки дубора оташи ҳасодати муридони хом шӯълавар шуд, тавба шикастанд ва озору азияти Шамсро аз сар гирифтанд. Шамс аз рафтору кирдори нобихрадонаи ин муридон ранҷидахотир шуд, то бад-он ҷо, ки ба Султон Валад шикоят кард:

Хоҳам ин бор ончунон рафтан,

Ки надонад касе куҷоям ман.

Ҳама гарданд дар талаб оҷиз,

Надиҳад кас нишон зи ман ҳаргиз.

Чун бимонам дароз, гӯянд ин:

Ки ӯро душмане бикушт яқин.

Ӯ чандин бор ин суханонро такрор кард ва саранҷом бехабар аз Қуния рафт ва нопадид шуд. Бад-ин сон, таърихи реҳлат ва чигунагии он бар касе маълум нагашт.

* * *

Шайдоии Мавлоно

Мавлоно дар фироқи Шамс ноором шуд ва якбора дил аз даст бидод ва рӯзу шаб ба самоъу рақс пардохт ва ҳоли зору ошуфтаи ӯ дар шаҳр бар сари забонҳо афтод.

Рӯзу шаб дар самоъ рақсон шуд,

Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.

Ин шайдоии ӯ бад-он ҷо расид, ки дигар Қунияро ҷойи диранг надид ва Қунияро ба сӯи Шому Димишқ тарк кард. Мавлоно дар Димишқ ҳарчӣ гашт, Шамсро наёфт ва ночор ба Қуния бозгашт. Дар ин сайри руҳонӣ ва сафари маънавӣ, ҳарчанд ки Шамсро ҷисман наёфт, вале ҳақиқати Шамсро дар худ дид ва дарёфт, ки он чи ба дунболи ӯст, дар худ ҳозир ва мутаҳаққиқ аст. Ин сайри руҳонӣ дар ӯ камоли матлуб падид овард. Мавлоно ба Қуния бозгашт ва рақсу самоъро аз сар гирифт ва хоссу омм ҳамонанди заррае дар офтоби пуранвори ӯ мегаштанд ва чарх мезаданд. Мавлоно самоъро василае барои тамрини раҳоӣ ва гурез медид. Чизе, ки ба руҳ кӯмак мекард, то дар раҳоӣ аз он чи ӯро муқайяд дар олами ҳиссу модда медорад, пилла-пилла то боми олами қудс уруҷ намояд. Чандин сол бар ин минвол сипарӣ шуд ва боз ҳолу ҳавои Шамс дар сараш афтод ва озими Димишқ шуд, вале ҳарчӣ кӯшид, Шамсро наёфт, саранҷом чорае ҷуз бозгашт ба Қуния надид.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро осори Мавлоно дар Омрико пурфурӯш аст?
Эътидол

Матолиби пурбоздид