Тумос Фредман: Натонёҳу “Исроил”-ро аз байн мебарад

Тумос Фредман: Натонёҳу “Исроил”-ро аз байн мебарад

Як рӯзноманигори яҳудитабори омрикоӣ, ки гароишҳои саҳюнистӣ низ дорад ва онро аз касе пинҳон намедорад навишт, ки нахуствазири “Исроил” ба далоили шахсӣ аз ҷумла фирор аз зиндон, ин режимро вориди ҷанги дохилӣ карда, ки ҳоло аз ҳамаи ҷиҳот омодаи инфиҷор аст.

Тумос Фредман (Thomas Friedman), сутуннависи рӯзномаи New York Times навишт, ки “Исроил имрӯз мисли як дег бо бухори зиёде аст, ки дар пайи тасаллути Бенёмин Натонёҳу бар давлати ростгарои ифротӣ, дар остонаи мунфаҷир шудан аз ҳамаи ҷиҳот аст”.

Фредман навиштааст: “Ҳамалоти ҷавонони фаластинӣ бо густариши шаҳракҳои исроилӣ ва сӯзондани рустоҳои фаластинӣ тавассути шаҳракнишинон ҳамзамон шуд. Ба ҳамин тартиб, қиёми мардумӣ алайҳи тасарруфи қудрати қазоӣ тавассути нахуствазир Бенёмин Натонёҳу оғоз шуд ва ҳамаи инҳо ба гунае, ки қаблан дар “Исроил” надидаем, суқути ҳукуматро наздик кардааст”.

Ин рӯзноманигори кӯҳнакори омрикоӣ дар идома хотирнишон кардааст: “Ҳамалоти шаҳракнишинон ба фаластиниҳо ва хушунат чизи ҷадиде нест, аммо мусодиф шудани ин бо ифротитарин давлати миллигаро дар таърихи “Исроил” ҷолиб аст. Давлате, ки акнун тавассути мутаассибони мазҳабӣ раҳбарӣ мешавад ва ҳадафашон илҳоқи кулли каронаи Бохтарӣ ба “Исроил” аст. Онон акнун мақомҳои калидии пулис, умури молӣ ва низомиро дар даст доранд.”

Бо ин ҳол, Фредман истидлол мекунад, ки “омили ҷадиде, ки воқеан метавонад демукросии “Исроил”-ро аз ҳам бипошад, тарҳи Натонёҳу барои поён додан ба истиқлоли додгоҳи олии “Исроил” ба номи ислоҳоти қазоӣ аст”. Вай афзуд: “Бетаваҷҷӯҳӣ ба назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки аксарияти мардум бо тасоҳуби қувваи қазоия мухолиф ҳастанд. Алорағми дархости русои ҷумҳури “Исроил” ва Омрико мабнӣ бар ба таъвиқ андохтани ислоҳот то замоне, ки битавон гуфтугӯи миллӣ дар ин мавридро ба вуҷуд овард, аммо Натонёҳу ва муттаҳидони ифротиаш фақат дар чанд ҳафтаи оянда дар талош ҳастанд, то ин тарҳро аз Кнессет (порлумон) бибаранд”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавъизаи ғалат ё фирор додан аз роҳи рост
Кишварҳои Осиёи Миёна муроқиби Амрико бошанд

Матолиби пурбоздид