Тумос Фридман: “Натонёҳу бадтарин раҳбари таърихи яҳуд аст”
“Ҷанги Ғазза намоиши ҷанги ҷаҳонии дуввум аст”
Aljazeera
Таҳлилгари саршиноси омрикоии масоили Ховари Миёна ва сутуннависи рӯзномаи New York Times мӯътақид аст, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, ба унвони бадтарин раҳбари таърихи яҳуд дар таърих сабт хоҳад шуд ва ҷанги Ғазза намоиши ҷанги ҷаҳонии дуввум аст.
Ба гузориши Алҷазира, ин таҳлилгари маъруфи рӯзномаи New York Times, ки гароишҳои саҳюнистӣ дорад ва ҳаргиз аз ибрози онҳо ибо надоштааст, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи исроилии Ҳоаретс, дар арзёбӣ аз амалкарди кобинаи кунунии режими саҳюнистӣ ва нахуствазири он, ба шиддат ба сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ин режим тохт.
Алҷазира ба машрӯҳи мусоҳибаи Тумос Фридман бо ин рӯзнома пардохт. Фридман дар ин мусоҳиба гуфт: “Содиқона бигӯям, фикр мекунам, ин бадтарин давлате аст, ки Исроил то ба ҳол дидааст. Ман мӯътақидам, ки Натонёҳу ба унвони бадтарин раҳбари таърихи яҳуд дар таърих сабт хоҳад шуд ва на фақат дар таърихи Исроил.”
Вай бо ишора ба нокомии кобинаи Натонёҳу дар мудирияти ҷанги Ғазза афзуд: ”Ман ба ин давлати Исроил иҷоза намедиҳам, дар ҷашни наваам ширкат кунанд. Онҳо воқеан бекифоят ҳастанд.”
Фридман аз худдории кобинаи Исроил аз анҷоми ҳар навъ барномарезӣ барои субҳи баъд аз ҷанг интиқод кард.
Вай гуфт: “Агар Исроил бо Ташкилоти худгардони Фаластин барои ташкили ду кишвар барои ду миллат вориди амал шавад, метавонад 3 мушкили кунунии худро ҳал кунад: тағйири ривоят, тағйири гузинаҳои Ғазза ва тақвияти иттиҳоди минтақаӣ бо муттаҳидони араби худ, вагарна майдонро барои Эрон холӣ кардааст.”
Ин таҳлилгари омрикоӣ, ҷанги Исроил алайҳи Ғаззаро ҷанги ҷаҳонии дуввуми воқеӣ тавсиф кард ва гуфт: “Вақте ҷанги Укройн шурӯъ шуд, гуфтам: ин дар воқеъ ҷанги ҷаҳонии аввал аст; ҷанге, ки мо онро ҷанги ҷаҳонии аввал меномем.”
Фридман тавзеҳ дод: “Ҷанги Укройн ҷанги ҷаҳонии аввал буд, зеро мардум метавонистанд онро дар телефонҳои ҳушманди худ дунбол кунанд ва метавонистанд назароти худро дар мавриди он баён кунанд ва таъсири он бар кишоварзӣ фаврӣ буд ва мӯҷиби афзоиши қимати маводди ғизоӣ шуд, ин як ҷанги ҷаҳонии воқеӣ буд.”
Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар вусъати борикаи Ғазза
Вай идома дод: “Ман гумон мекунам, ки ҷанги Исроил алайҳи Ғазза дар воқеъ ҷанги ҷаҳонии дуввум аст, ҳама дар ҷаҳон назаре дар мавриди он доранд, онро дунбол мекунанд ва таҳти таъсири он қарор мегиранд ва килосҳои дарси ҳамаи ҷоро таҳти таъсир қарор медиҳад.”
Фридман, бо баёни ин ки ҷиноёти Исроил дар Ғаззаро наслкушӣ намедонам, гуфт: “Ман онро ваҳшатнок медонам, аммо фикр намекунам ин як наслкушӣ бошад, ин як ҷанги ваҳшатнок аст, ки дар он теъдоди бисёр зиёде аз ғайринизомиён кушта шуданд, аммо фикр намекунам амдӣ бошад.”
Вай мӯътақид аст: “Парвандаи Офриқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар Девони байналмилалии додгустарӣ, нишонаи равшане аст, ки Исроил бидуни ҳеч гуна чашмандози сиёсӣ ё барномаҳои роҳбурдӣ барои оянда ба ҷанг пардохт ва бад-ин тартиб худро дар маърази иттиҳомоте мабнӣ бар иртикоби наслкушӣ қарор дод.”
Ҳушдори Фридман ба исроилиҳо ва омрикоиҳо дар бораи Тромп ва Натонёҳу
Фридман, мусоҳибаро бо ду ҳушдори ҷиддӣ ба поён расонд: “Аввалӣ барои омрикоиҳост: Дунолд Тромп (раисиҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида)-ро дубора интихоб накунед ва дуввум барои исроилиҳо: ба барканории Натонёҳу ва давлати эътилофии ӯ раъй диҳед.”
Фридман гуфт: “Ман мӯътақидам, ки агар Натонёҳу аз ин ҷанг ҷони солим бадар бибарад ва Тромп дубора интихоб шавад, дунёе, ки мехоҳам ба набераҳои ҷадидам бисупорам, дигар вуҷуд нахоҳад дошт.”
Гуфтанист, Вазорати беҳдошти Ғазза дар ҷадидтарин омори худ дирӯз эълом кард, дар натиҷаи ҳамалоти вайронгар ва маргбори артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз 7 октябр то ба имрӯз беш аз 31.726 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 73.792 нафар захмӣ шудаанд, ки ағлаби онҳо, занон ва кӯдакон ҳастанд.
Aljazeera
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: