Узбекистон ва Қазоқистон дар бозорҳои хӯроквории Афғонистон ҳузур доранд
Ахбори иқтисодӣ
Узбекистон ва Қазоқистон кишварҳое ҳастанд, ки барои Афғонистон гӯшт ва тухм содир мекунад. Албатта Афғонистон маводди ғизоии худро аз Эрон ва Покистон низ таъмин мекунад.
Ахиран мардуми Афғонистон шикоят доранд, ки хӯрокворӣ дар бозорҳои ин кишвар гарон шудааст.
Мардуми Афғонистон мегӯянд, нархи тухми мурғ ва гӯшти мурғ дар бозорҳои пойтахт то 50 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин мавзӯъ афзоиши шикоятҳои мардумиро сабаб гаштааст.
Аз кишварҳои Осиёи Миёна, асосан Қазоқистон ва Узбекистон кишварҳое мебошанд, ки дар бозорҳои Афғонистон ҳузури фаъол доранд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн