Узви аршади Ансоруллоҳ: “Ҳар чизе ба номи худаш номида шавад”

Узви аршади Ансоруллоҳ: “Ҳар чизе ба номи худаш номида шавад”
Ахбори байналмилал
Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви аршади Ансоруллоҳи Яман (Ҳусиҳо), изҳор дошт, ки агар музокироти ҷорӣ дар Санъо бо миёнҷигарии Умон ба натиҷа нарасад, ин ба маънои бозгашти шадидтари ҷанг байни ду тарафи даргирӣ аст.
Вай хотирнишон кардааст:
“Агар музокироти ҷорӣ дар Санъо бо миёнҷигарии Умон ба натиҷа нарасад, ин ба маънои бозгашти шадидтари ҷанг байни ду тарафи даргирӣ аст, яъне аз як тараф ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ дубора Яманро бомбборон ва аз ин тараф низ нерӯҳои ҳавоӣ ва мушакии Яман низ Арабистонро мушакборон хоҳанд кард. Аслан, оё маъқул аст Арабистони Саудӣ ба унвони миёнҷигар ном бурда шавад? Роҳи ҳал бо номидани чизҳо ба номи худ оғоз мешавад; зеро ҷанге, ки дар он яке аз тарафайни он исрор дорад миёнҷӣ бошад, қобили таваққуф нест. Агар Арабистони Саудӣ мехоҳад нақши миёнҷиро бозӣ кунад, иҷоза диҳад ҳамаи амалиётҳои низомии худ дар Яманро мутаваққиф кунад ва муҳосираи худро бардорад ва он гоҳ мо аз ӯ ба унвони миёнҷӣ истиқбол хоҳем кард”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Китобхонаи Миллии Тоҷикистон хадамои электроникӣ ва диҷитолӣ ироа медиҳад
Ҳама бидуни истисно Худобоваранд

Матолиби пурбоздид