Узви аршади Ҳамос: Телавив дар Рафаҳ ғофилгир мешавад

Узви аршади Ҳамос: Телавив дар Рафаҳ ғофилгир мешавад

 Посухи Эрон роҳбурдӣ буд

Ахбори байналмилал

Алӣ Барака, аз раҳбарони аршади Ҳамос, бо баёни ин ки посухи танбеҳии Эрон ба режими саҳюнистӣ мукаммили амалиёти “Тӯфон-ул-Ақсо” буд, таъкид кард:

“Нерӯҳои “Катоиби Рафаҳ”, ки барои муқобила бо артиши ишғолгар омӯзиш дидаанд, ҳанӯз вориди майдон нашудаанд.”

Алӣ Барака дар гуфтугӯ бо шабакаи Аламёдин гуфт, ки мардуми Фаластин дар рӯзи пас аз оташбас, пирӯзи майдон хоҳанд буд ва Ғазза озод хоҳад шуд, дар натиҷа муқовамат қудратманд дар навори Ғазза боқӣ хоҳад монд. Аммо дар бораи созмондиҳии вазъияти дохилии Фаластин, намепазирем, ки Омрико ё ҳеч кишвари дигаре дар раванди идораи Ғазза дахолат кунанд ва чизеро таҳмил кунанд. Ин мавзӯъ бо гуфтугӯи дохилии Фаластин байни ҷиноҳҳои мухталиф мудирият мешавад.

Вай дар ин гуфтугӯи ихтисосӣ тасреҳ кард, ки душман дар ин ҷанг ду бор ғофилгир шуд, нахустин бор дар рӯзи 7-уми октябр буд ва фармондеҳи сервиси иттилооти низомии Исроил бо истеъфо аз мақомаш эътироф кард, ки интизори ин ҳамлаи бузургро надошта ва дуввумин бор ҳангоме буд, ки бо тавонмандии муқовамат дар набарди заминӣ мувоҷеҳ шуд.

Барака афзуд, ки Натонёҳу ва соири сарони ҷанг гумон мекарданд, ки ин набард чанд ҳафта тӯл хоҳад кашид ва тамом мешавад, аммо имрӯз ҳудуди 7 моҳ аз ин ҷанг мегузарад, дар ҳоле, ки онҳо тахмин намезаданд муқовамат худро барои ҷанги тӯлонимуддат ва чандмоҳа ва чи басо беш аз як сол омода карда бошад. Ишғолгарон бо силоҳи фаластиниҳо ғофилгир шуданд ва дар доми ҷанги фарсоишии Ғазза афтоданд.

Вай дар бораи омодагии муқовамат барои ҳар гуна ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ, рӯйи нақшае бузург тавзеҳ дод: Натонёҳу иддао мекунад, ки акнун дар марҳилаи поёнӣ қарор дорад ва он Рафаҳ аст. Аммо ӯ дар шимол, Ғазза ва Дарулбалаҳ шикаст хӯрда ва ба ҳамин далел низ дар Рафаҳ муваффақ нахоҳад шуд.

Барака идома дод: “Муқовамат дар авҷи омодагӣ барои муқобила бо ҳар пешравии Исроил дар Рафаҳ аст, зимни ин ки нерӯҳое ҳастанд, ки то ба ин лаҳза дар набарди заминӣ ширкат накардаанд ва дар омодабош ҳастанд ва барои он омӯзиш дидаанд ва чизе аз тавонмандиҳо ва таҷҳизоташонро аз даст надодаанд.”

Вай тавзеҳ дод “Катоиби Рафаҳ” ҳанӯз вориди майдони ҷанг нашудаанд ва аз ҳамаи набардҳо дар манотиқи дигар баҳра бурдаанд. Бинобар ин, ғофилгирӣ дар интизори душман аст ва мо ба душман мегӯем, агар тасмим ба вуруд ба Рафаҳ доред, бояд худро барои талафоти сангин омода кунед.

Ин раҳбари аршади Ҳамос афзуд, ки Исроил вориди ағлаби манотиқи навори Ғазза шуд ва акнун дар ҳоли хориҷ шудан аз онҳост, аммо ҳанӯз натавониста вориди тунелҳои муқовамат шавад ва размандагони муқовамат онҳоро барои хуруҷ аз хокашон бадрақа мекунанд, зеро дар зери хоки Ғазза аз шимол то ҷануб ҳузур доранд. Тунелҳо сари ҷояшон ҳастанд ва муқовамат ба самти тавлиди дохилӣ ҳаракат кардааст.

Вай бо ишора ба ин ки тунелҳои марзии Миср дар соли 2014 баста шуд, гуфт, ки ба ҳамин далел муқовамат ба самти тавлиди дохилӣ рафт, бинобар ин аз замон истифода кард ва тайи 10 соли гузашта дар ҳоли тадорук ва омодасозӣ барои ин набард бо такя бар дониши муҳандисонаш буд ва то ба имрӯз низ муқовамат ҳамчунон дар ҳоли мубориза, зарба задан ва инҳидоми тонкҳо аст.

Вай дар идома таъйид кард, ки муқовамат аз тахассуси муттаҳидонаш дар Сурия ва Эрон баҳра бурда ва аз созукори интиқоли фанноварӣ баҳра бурдааст.

Ин раҳбари Ҳамос дар бораи посухи танбеҳии Эрон ба режими саҳюнистӣ пас аз терури мусташорони низомии эронӣ дар Димишқ, гуфт, ки “ин як посухи роҳбурдӣ аст, ки режими саҳюнистиро ба шиддат таҳти таъсир қарор дод ва ба истилоҳ, вазъияти равонии сахте дошт. Паҳподҳо расиданд ва дар осмони Фаластини ишғолӣ парвоз карданд ва тасовир ва иттилоот ирсол карданд ва фош карданд, ки дар ҷанги оянда чӣ тарафҳое дар канори режими ишғолгар меистанд.”

Вай таъкид кард, ки арзиши амалиёти посухи танбеҳии Эрон камтар аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” набуд ва мукаммили он буд ва баръакси чизе, ки исроилиҳо мегӯянд, ин ҳамла ба аҳдофаш расид ва бо боз кардани ҷабҳаи ҷадид, мӯҷиби тақвияти руҳияи Меҳвари Муқовамат шуд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: “Исроил шикаст хӯрдааст ва дар ҳоли ғарқ шудан аст”
Маҳдудияти ибрози ҳамбастагӣ бо Фаластин дар Фаронса

Матолиби пурбоздид