Уилл Смит: Қуръон бисёр возеҳ аст
Ҳунарпешаи маъруфи омрикоӣ аз алоқаи бисёри худ ба Қуръони Карим гуфт
Уилл Смит (Will Smith), ҳунарпешаи машҳури Ҳоливуд, дар гуфтугӯе, зимни изҳори алоқаи бисёри худ ба Қуръони Карим гуфт, ки дар як моҳи Рамазон кулли Қуръони Каримро хондааст.
Вай гуфт: “Дар як моҳи Рамазон кулли Қуръони Каримро хондам ва аз зикри фаровони номи ҳазрати Мӯсо ва достонҳои ӯ дар он тааҷҷуб кардам.”
Ин ситораи ҳоливудӣ, бо ҳузур дар барномаи Амр Адиб, рӯзноманигори мисрӣ, гуфт: “Ду сол пеш дар моҳи Рамазон тамоми Қуръонро хондам ва аз равшанӣ ва вузуҳ он шигифтзада шудам.”
Вай ҳамчунин аз алоқаи худ ба маънавият ва хондани китобҳои муқаддас низ сухан гуфт ва баён кард: “Ду соли сахтро пушти сар гузоштам. Ин ду сол боис шуд, амиқан дар худ тааммул кунам ва дар дар он даврон тамоми китобҳои осмонӣ аз ҷумла Қуръони Каримро мутолиа кардам. Ин ду сол даврон ҷустуҷӯи маънавият дар зиндагиам буд; даврае аз ҳаёти ман, ки мехостам то он ҷо, ки мумкин аст, меҳри дигаронро дар қалби худ бипарварам.”
Уилл Смит дар бораи ҷузъиёти дилбастагии худ ба Қуръон гуфт: “Қуръон, бисёр возеҳ аст ва матолиб дар он бисёр равшан аст ва барои инсон бисёр сахт аст, ки баъд аз хондани он дучори суитафоҳум шавад.”
Вай сипас ба таъсири достони ҳазрати Мӯсо (а) бар ӯ пардохт ва тасреҳ кард: “Аз зикри фаровони номи ҳазрати Мӯсо ва қиссаҳои он ҳазрат дар Қуръони Карим таъаҷҷуб кардам.”
Ин ҳунарпешаи машҳури омрикоӣ дар бораи иртибот миёни китобҳои осмонӣ низ гуфт: “Ман бо мутолиаи Қуръон дарёфтам ривоят дар китобҳои осмонӣ яке аст, аз Таврот то Инҷил ва Қуръон ин ривоят қатъ нашудааст.”
Смит дар идома афзуд: “Аз дарки ин ҳақиқат бисёр хурсандам.”
Iqna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: