Украина бар сари дуроҳӣ

Украина бар сари дуроҳӣ

Байналмилал

Ба эътирофи Зеленский, Украина даврони торихии худро, бар сари дуроҳӣ аз сар мегузаронад.

Раиси ҷумҳури Украина, Зеленский дар як изҳороти видеоии худ ба мардуми Украина гуфт, тарҳи сулҳи пешниҳоднамудаи ИМА яке аз лаҳзаҳои аз ҳама вазнини таърихи муосири Украина гардид.

Ӯ афзуд, кишвараш байни ҳифзи шараф ва хатари аз даст додани шарики калидӣ, инчунин байни иҷрои шартҳои душвор ва зимистони сангин, ки метавонад душвортарини давраи ҷанг гардад, қарор гирифтааст.

“Украина метавонад дар назди интихоби хеле мушкил қарор гирад: Ё аз даст додани шараф ё хатари аз даст додани шарики калидӣ.

Ё 28 банди душвор ё зимистони ниҳоят сангин ва хатари минбаъда. Зиндагии бидуни озодӣ, шараф ва адолат – ва мо бояд ба касе бовар кунем, ки ду бор ҳамла кардааст”- гуфтааст Владимир Зеленский.

Ӯ таъкид кардааст, ки Киев ба шартҳое, ки шарафи кишварро поймол мекунанд, розӣ намешавад ва ба тарҳи амрикоӣ, нақшаи алтернативӣ пешниҳод хоҳад кард.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанги Украина ва тарҳи сулҳи Вашингтон

Матолиби пурбоздид