Ултиматуми Яман ба Исроил: “Танҳо 4 рӯз ба шумо фурсат медиҳем”

Ултиматуми Яман ба Исроил: “Танҳо 4 рӯз ба шумо фурсат медиҳем”

Ахбори байналмилал

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, бо таъйини зарбулаҷал барои миёнҷигарони байналмилалӣ, гуфт: “Мо ба миёнҷигарон 4 рӯз мӯҳлат медиҳем, то талошҳои худро ба натиҷа бирасонанд.” Вай ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи баста мондани гузаргоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмакҳои инсонӣ ба Ғазза, амалиёти дарёии нерӯҳои яманӣ алайҳи душман аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, бо ишора ба таҳаввулоти ахири Фаластин ва иқдомоти режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки бояд мавзеъе сареҳ дар қиболи ин таҳаввулот иттихоз шавад.

Вай бо интиқод аз амалкарди режими саҳюнистӣ дар раванди иҷрои тавофуқи Ғазза, гуфт: “Возеҳ буд, ки душмани саҳюнистӣ дар амал ба таъаҳҳудоти худ таъаллул мекунад, бавежа дар мавориди муртабит бо масоили инсонӣ.”

Ҳусӣ ҳамчунин тасреҳ кард, ки “бародарон дар ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос, тамоми таъаҳҳудоти худро дар чорчӯби тавофуқ ба таври комил иҷро карданд ва ин масъала аз ҷониби онҳо комилан машҳуд буд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ ибтидо дар иҷрои таъаҳҳудоти инсонии худ тахаллуф карда ва кӯшидааст, ки аз таъаҳҳудоти мушаххасшуда дар тавофуқ бикоҳад. Ба гуфтаи вай, ин режим дар ҳар ду сатҳи каммӣ ва кайфӣ, аз иҷрои тавофуқ ақибнишинӣ кардааст.

Ҳусӣ ҳамчунин бо ишора ба коршиканиҳои саҳюнистҳо дар тавофуқи Ғазза, гуфт: “Душман дар хусуси хуруҷи беморон ва маҷрӯҳон барои дармон ва ҳамчунин дар заминаи ақибнишинӣ аз меҳварҳои Рафаҳ, аз таъаҳҳудоти худ ба таври густурда костааст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳушдор дод, ки режими саҳюнисти ба дунболи бозгашт ба сиёсати наслкушӣ аз тариқи гурусна нигаҳ доштани мардум аст ва таъкид кард, ки чунин иқдоме ғайриқобили пазириш аст.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, ки режимҳои саҳюнистӣ ва Омрико масири танишофариниро дар пеш гирифтаанд ва афзоиши даргириҳо дар каронаи Бохтарӣ ва Қудс, нишондиҳандаи фосилаи онҳо аз ҳар гуна раванди сулҳ аст.

Ҳусӣ дар идома гуфт: “Раванди танишзоии душман шомили тахриби даҳҳо хона, оворасозии ҳазорон нафар, тахриби масоҷид дар каронаи Бохтарӣ ва эъмоли фишорҳои бесобиқа бар масҷиди иброҳимӣ дар Алхалил аст.”

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, бо интиқод аз иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ, таъкид кард, ки ин режим ба дунболи ҳазфи комили ҳузури фаластиниён дар каронаи Бохтарӣ ва яҳудисозии ин минтақа аст.

Вай бо ишора ба ташдиди маҳдудиятҳо барои вуруди намозгузорон ба Масҷидулақсо дар моҳи мубораки Рамазон ва густариши шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ гуфт: “Режими саҳюнистӣ талош дорад аз ҳар тариқи мумкин, фаластиниёнро аз сарзамини худ берун кунад ва ҳувияти исломии ин манотиқро тағйир диҳад.”

Ҳусӣ ҳамчунин ба мавозеъи кишварҳои арабӣ дар қиболи таҳаввулоти Фаластин ишора кард ва афзуд: “Баёнияи содиршуда аз сӯйи сарони араб танҳо шомили бархе орзуҳо ва дархостҳо буд, ки ҳеч фоидае барои фаластиниён надорад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо таъкид бар аҳаммияти ҷиҳод дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ гуфт: “Мо дар моҳи Рамазон, моҳи тақво ва бандагии Худо қарор дорем, аммо суол ин ҷост, ки куҷост тақвои илоҳӣ дар амал ба дастуроти Худованд ва ҳимоят аз мазлумон?”

Вай бо ишора ба муҳосираи шадиди Ғазза ва ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмакҳои башардӯстона тасреҳ кард: “Наметавонем дар баробари ин вазъият даст рӯйи даст бигузорем ва наззорагари ҷиноёти душман бошем. Душмани саҳюнистӣ бори дигар сиёсати гуруснагӣ додан ба мардуми Ғаззаро дар пеш гирифта ва ин масъала ғайри қобили қабул аст.”

Ҳусӣ дар идома аз таъйини зарбулаҷал барои миёнҷигарони байналмилалӣ хабар дод ва гуфт: “Мо ба миёнҷигарон 4 рӯз мӯҳлат медиҳем, то талошҳои худро ба натиҷа бирасонанд.”

Вай ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи баста мондани гузаргоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз вуруди кӯмакҳои инсонӣ ба Ғазза, амалиёти дарёии нерӯҳои яманӣ алайҳи душман аз сар гирифта хоҳад шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беҳтарин ҳамнишин ва дӯст
Мутолиа

Матолиби пурбоздид