Устод Айнӣ бузург буд ва ҳамин гуна хоҳад монд…

ТаърихФарҳанг
Устод Айнӣ бузург буд ва ҳамин гуна хоҳад монд…
(Чанд андеша дар зодрӯзи устоди сухан)
Ҳар қадар аз даврони эҷоди устод Айнӣ дуртар биравем ва ҳар қадар таҳқиқоти илмӣ перомуни арзиши таълифоти адабии патриархи адабиёти давраи нави адабиёти тоҷик бештар гардад, ҳамон андоза барои ҳар муҳаққиқ ҷиҳати ковишҳои нави таҳқиқӣ холигоҳ боқӣ мемонад. Ин ҳолат сабаби воқеӣ дорад: эҷодиёти устод Айнӣ ба масобаи қомуси фарҳанги миллӣ ва ҳастии маънавияти ӯст, ки реша дар илму ҳунар, ҳикмату мардумшиносӣ ва рӯҳу равони миллӣ дорад.
Фаразан, “Ёддоштҳо” маводи азимеро барои таҳқиқи фарҳангу маданияти омма ва этнографияву равоншиносии миллӣ медиҳад, аз “Марги судхӯр” вазъи иқтисод ва хоҷагидории давраи зисти адиби зиндаёд дар Бухоро маълум мегардад, авомили зиёди марбут ба мавқеи геополитикии Бухоро ва сабабҳои қафомондагии ин кишвар дар минтақа аз нигоҳи иҷтимоию сиёсӣ аз “Одина”-ву “Дохунда” ва “Ҷаллодони Бухоро” ба марзи тафаккур мерасад. Аз нигоҳи ҳунар бошад, осори устод Айнӣ ба ҳайси эталони насри бадеӣ новобаста аз гузашти айём барои ҳар адиби муосир хидмат карда метавонад.
Ҳар образу нақши осори устод дар мулки хотира ҷойгоҳи алоҳида пайдо мекунанд, зеро тасвиркориҳои устод дар офариниши образ ва характерҳои миллӣ басо ҳунармандона ва аз равзанаи фарохи маърифати инсоншиносӣ ба ҳосил омадаанд. Ҳамин аст, ки ба насри бадеии устод Айнӣ ҳам реализми сирф, ҳам реализми танқидӣ ва ҳам реализми вижаро метавон нисбат дод.
“Марги судхӯр”, агар 100 соли дигар гузарад ҳам, куҳнагӣ пайдо нахоҳад кард. Нақши судхӯру мумсики офаридаи Айнӣ образи ҷовидонист. Устод Айнӣ «Марги судхӯр»-ро дар вазъу ҳоле навишт, ки таҷрибаи зиндагии талху тор дар аморати пӯсидаистодаи Бухоро дошт ва заминаи диду дарёфт ва табъу завқаш на назариёти адабиву ҳунарӣ, балки мушоҳидаҳои амиқи зиндагӣ ва эҳсоси баланди инсоншиносиаш буд. Агар фаразан, ин асар маҳсули рӯзҳои мо мебуд, мо дақиқан мегуфтем, ки муаллиф аз даҳҳо назариёти ҷадид дар мавриди инсоншиносӣ ё назариёти равоншинохтию равонтаҳлилии Юм, Вундт, Спенсер, Рибо, Джемс ба хубӣ бархурдор аст. Аммо мо медонем, ки ин тавр нест ва фаҳму дарки устод ҳамчун таҳсилдидаи мадрасаи Бухоро дар сатҳи эмпирикии маърифати ҳастӣ қарор дошт ва аҷаб аст, ки дар ҳамин сатҳ асаре ба ёдгор гузошт, ки аз истеъдоди фавқулода бузурги ҳунарии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ба фаҳми имрӯза ин парадокс аст, яъне воқеияте, ки дар чаҳорчӯби дарки мантиқӣ намеғунҷад.
Ипполит Тэн, бунёдгузори мактаби фарҳангию таърихӣ (1823-1893) файласуф ва ҷомеашиноси франсавӣ авомили рушди адабиёту ҳунарро дар вижагиҳои ирқу нажод, муҳиту фазо ва вазъи таърихӣ медонист. Устод Айнӣ низ аз вижагиҳои ирқу нажод, муҳиту фазо ва вазъи таърихӣ дониши амиқ дошт, аз ин рӯ, асаре аз нигоҳи эстетикӣ дар ҳадди баланди камолу ҷамоли суханварӣ ба ёдгор гузошт.
Дар адаби ҷаҳонӣ аз “Хазина” ном мазҳакаи дромнависи Рими бостон сар карда, романи «Ҷиноят ва ҷазо»-и Ф.М. Достевский (образи кампири фоизҷамъкуне, ки оқибат аз захми табари донишҷӯ Раскольников ба ҳалокат мерасад), қиссаи «Портрет»-и Гогол, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, образи Шейлок аз «Тоҷири венесианӣ»-и Шекспир, «Гобсек»-и Балзак, Варрава аз Кристофер Марло, қиссаи «Коргар»-и адиби ҳинд Сударашан, романи «Банкир»-и Дик Френсис, «Ҳоҷи-оқо»-и Содиқ Ҳидоят, хулоса, асарҳои зиёде дар ҳамин мавзӯъ таълиф шудаанд. Қариб дар ҳамаи онҳо муносибати судхӯрон ва одамони корафтода лейтмотиви асосист. Агар ба ин осори мавҷуда ба як суол муроҷиат шавад, ҳадафи ғоявии муаллифон рӯшан хоҳад шуд: муносибати судхӯрон ба одамон чӣ гуна аст: онҳо, яъне одамон барои судхӯрон ҳадафанд ё восита? Посух яктост: танҳо восита. Аммо дар асари устод Айнӣ одамон барои судхӯр ҳам ҳадафанду ҳам восита ва ҳамин ҷиҳат аст, ки симои устод дар ин қисса дар қиёс бо аксар асарҳои номбаршуда ҳамчун гуманисти фаъол дурахши дигар дорад.
**********
…Судхӯрӣ бо сад рангу сад навъ дар замони мо ҳам идома дорад. Боре дар суҳбате устод Рустами Ваҳҳобзода фикри аҷибе баён дошт: Қорӣ Исмат дар замоне ба судхӯрӣ сару кор мегирифт, ки умуман рибо аз нигоҳи шаръӣ манъ буд. Судхӯриро ба ҳар роҳу василае либоси шаръӣ мепӯшониданд, ба қавле ҳиллаҳои шаръӣ ба кор мебурданд. Бо вуҷуди он ки дар шариат ин амал комилан раво дониста намешуд. Ва дар идомаи фикр нақли аҷибе аз ҳаёти Имоми Аъзам оварданд: Имоми Аъзам ба касе қарз дода буд ва чунин иттифоқ афтод, ки бо як нафаре дар назди девори ҳамон қарздор суҳбат мекард. Ҳамсуҳбаташ хост Имомро ба соя бихонад, зеро дар зери офтоби сӯзон истодан гаронӣ мекард. Аммо Имоми Аъзам ба хотири он ки мабодо дар сояи девор истодан рибо ҳисоб нашавад, истодан дар сояи девори шахси қарздорашро ба худ раво надид. Бинед, то чӣ андоза бузургони миллати мо фоида ситонидан аз қарзро маҳкум мекарданд…
Гобсеки Балзак беҳтарин нақшест, ки онро бо Қории Айнӣ метавон дар қиёс гирифт. Аммо Гобсек ниҳоят донову зирак, дорои фалсафаи ба худ хос, як навъ подшоҳи пулу тилло буд, аз ин рӯ, барои дигарон даҳшатафкан буд. Қории Айнӣ ҷиҳати судхӯрӣ девонаавзоеро мемонад, бемор аст. Ӯ баръакси Гобсек, ғуломи пул аст ва ҳамин ҷиҳатро устод Айнӣ ҳунармандона тасвир кардааст.
Зимни қиёси чанде аз осори ба мавзӯи судхӯриву хасисӣ ихтисосдошта андешаи дигаре ба зеҳн меояд. Каси нодор ва ё миёнаҳол дар ҳолати дарёфти пулу сарвати зиёд вазъи рӯҳиву равонии муътадилашро аз даст медиҳад, ба қавле аз худ меравад, пойбанди ҳирс мегардад ва ин ҳол то ахири умраш идома мекунад. Боз вақте ин пулу сарват аз даст рафт, вазъи пешинааш барқарор ва саломатии ҷисмиву равониаш хуб мегардад. Қорӣ Исмати Айнӣ ҳамин гуна бемории равонӣ дошт ва чунинҳо дар рӯзгори мо хеле зиёданд…
Ҳафиз Раҳмон
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Идомаи ҳамкориҳои низомии Русия ва Чин
Масҷиди Баҳлул

Матолиби пурбоздид