Устод Саййид Садриддинхоҷа Айнӣ

Таърих

Устод Саййид Садриддинхоҷа Айнӣ

Ёддошти Сайфуллоҳ Муллоҷон

Имрӯз рӯзи Устод Саййид Садриддинхоҷа Айнист!
Тасаввур мекунам, ки устод Айнӣ агар фурӯпошии низоми диктотуру динситез ва мухолифи забони модарии моро медид, он чӣ аз сар гузаронд, дар ёддоштҳои худ чи гуна тасвир мекард. Айнӣ – қурбони ҷаҳолати амирони фосиди манғит буд, ки захмҳои пушти ӯ дар гӯр ҳам илтиём наёфтаанд. “Ҷурми” ӯ он буд, ки мехост низоми мактабу маорифи кишварашро ислоҳ кунад. Чун амиру қушбегиву қозиву раису муфтӣ дар фикри ҷайбу шикаму зери шиками худ буданд ва парвои раияту мардум надоштанд. Муште авбош, ки дар зери ҳимояти “сояи Худо” Абдулаҳади манфур ва Олимхони фосиқ бар ҷону номуси мардум чира гашта буданд, ҳарчӣ мехостанд мекарданд ва ҳар киро намеписандиданд бо “ҷурмҳои” сохта равонаи зиндон мекарданд. Аммо он низом тикаву пора шуду ҷуз бадномӣ аз он чизе боқӣ намонд. Акнун мо ба амирони дудмони нобакори манғит – ба Музаффару Абдулаҳаду Олимхон аз матни мадҳияҳову чакомаҳои шоирони чоплуси замонаш неву аз зовияи хотираҳои устод Айнӣ менигарем.
Айнии фидокор сипас асири режими худкомаву мардумозори болшевикӣ гардид, ки инсонҳоро ба хотири эътиқоду боварҳояш равонаи зиндонҳои Сибир мекард ё барои сарвату амволаш ба қатл маҳкум. Ҳар кас номаҳои замони Шӯравӣ навишташудаи ин устодро, ки соли гузашта бо ҳиммати ду бонуи донишманд – Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова таҳия гашта бихонад, мебинад ки чиҳо кашида ин фарзонаи рӯзгор. Дар яке аз номаҳо, ки дар соли 1937 навишта шудааст, ба Лоҳутӣ менависад, ки илоҷе барои ман пайдо кунед ва ин коммунистҳоро бифаҳмонед ки “ман дар вақтҳое ки диндор будам ва дар вақтҳое, ки ҳанӯз роҳи партия ва мақсадҳои ӯро намедонистам – дар ҳамон вақтҳо ҳам ман ба садоқати том ба советҳо хидмат мекардам …”. Ин ҳолати касест, ки дасту дил аз ҳаёт шустааст ва умед надорад, ки ки то фардо зинда мемонад ё не. Дар қисмати поёнии номаи худ Айнӣ воқеияти талхи он рӯзро дарк карда, аз Лоҳутӣ дархост мекунад, ки дар сурати бад шудани кори ӯ, яъне ба қатл расидан ё зиндонӣ шудан, набояд ба фарзандони ман «монанди бачагони як каси доғдор нигоҳ кунед. Кӯшиш кунед, ки инҳо дар роҳ намонанд» Устод шароити бади замонро медонист, ки дар Шӯравӣ агар касе зада шавад, бачагони хурдсолашро ҳам мезананд, ва солҳо доғи “бачаи душмани халқу” “кулак” ва “хоини ватан” бар пешонияшон ҳакк мегардад. Дигар Шӯравӣ ҳам ба зуболадони таърих парт шуд ва то одаму олам ҳаст, аз ситаму ҷафоҳои нобакоронааш хоҳанд гуфту хоҳанд навишт.
Ёдат ба хайр Устод ва руҳат ҷовидон дар боғҳои мину!
Сайфуллоҳ Муллоҷон
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешманди фаластинӣ: “Ҳамлаи Эрон, як таҳаввули бузург ва муҳим аст”
Исроил: Ҳудуди 200 таҳдиди ҳавоӣ шомили паҳпод ва мушак ба сӯйи Исроил партоб шуд

Матолиби пурбоздид