Фалсафаи ахлоқ – YI

Фалсафаи ахлоқ

Бахши шашум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Фарозе дигар аз дуои “Макорими ахлоқ”

Он қисматҳое, ки аз Саҳифаи Саҷҷодия хондам, боз мебинем арзишҳои ахлоқии бисёр олӣ аст. Қисмати дигаре аз Саҳифаи Саҷҷодияро ҳам барои шумо бихонам.

Баъд аз он қисмат, думартиба дуруд мефиристад бар пайғамбар ва оли пайғамбар ва ба Худои Мутаъол арз мекунад:

وَحَلِّني بِحِلْیَةِ الصّالِحینَ وَأَلْبِسْني زینَةَ الْمُتَّقینَ

Парвардигоро! Маро музайян кун ва зинат бахш ба зевари солеҳон ва бипӯшон либоси перҳезгорон.

Худи ин ҷумлаҳо тавзеҳ намедиҳад, ки зевари солеҳон чист ва чӣ чизҳо барои солеҳон зевар аст, чӣ чизҳо барои муттақиён ҷомае зебост. Солеҳон ва муттақиёне, ки мо мешиносем, бо он ки Имом Саҷҷод дар инҷо тавзеҳ медиҳад, хеле фарқ мекунад.

حَلِّني بِحِلْیَةِ الصّالِحینَ وَأَلْبِسْنی زینَةَ الْمُتَّقینَ في بَسْطِ الْعَدْلِ وَكَظْمِ الْغَیْظِ وَإِطْفاءِ النّائِرَةِ وَضَمِّ أَهْلِ الْفُرْقَةِ وَاِصْلاحِ ذاتِ الْبَیْنِ وَإِفْشاءِ الْعارِفَةِ وَسَتْرِ الْعائِبَةِ وَلینِ الْعَریكَةِ وَخَفْضِ الْجَناحِ

Худоё! Маро музайян кун ба зинати солеҳон, маро бипӯшон ба либоси зебои перҳезгорон ва муттақиён. Баъд барои ин ки мардум бифаҳманд, ки ӯ зинати солеҳон ва ҷомаи муттақиёнро чӣ мешиносад, мефармояд:

في بَسْطِ الْعَدْلِ

Дар густариш додан ба адолат. Зинати солеҳон ва ҷомаи зебои муттақиён ин аст, ки адолатро густариш медиҳанд.

وَكَظْمِ الْغَیْظِ

Вақте, ки хашм мегирам, битавонам бар хашми худ ғолиб бишавам ва хашмм худро казм кунам. “Казм” яъне чӣ? Ғайзе, ки инсон пайдо мекунад, дуруст ҳолати уқдаеро дорад, ки дар инсон пайдо мешавад. Ҳалл кардани ин уқдаро “казм” гӯянд, мисли ғуддаи саратон, ки вақте онро зери барқ мегузоранд, об мешавад. Аз назари руҳӣ, казми ғайз ин аст, ки инсон коре бикунад, ки на танҳо асаре бар ғайзи худаш мутараттиб накунад, балки он уқда, он кина, ки дар қалбаш вуҷуд дорад, ҳалл бишавад ва мисли яхе, ки об мешавад, об бишавад. Зинати муттақиён ва ҳиляи солеҳон ин аст, ки битавонанд хашмро дар худашон ҳалл кунанд.

وَإِطْفاءِ النّائِرَةِ

Ҳар ҷо, ки оташе шӯълавар аст (маълум аст, ки мақсуд он ҷойе аст, ки миёни ду мӯъмин ҷанг ва низоъе, ихтилофе, шӯълаи фитнае ҳаст) ҳол оё дар он ҷо мисли ағлаби мо мардум, ҳезумкашӣ бикунам, ки он оташ шӯълавартар бишавад?! На, ҳар ҷо, ки шӯълаи низоъ миёни бародарони мӯъмин фурӯзон аст, ман бишавам оташнишони он шӯъла.

وَاِصْلاحِ ذاتِ الْبَیْنِ

Миёни мӯъминон ва мусалмонон ислоҳ барқарор кунам.

وَإِفْشاءِ الْعارِفَةِ

Хубиҳои мардумро фош кунам.

وَسَتْرِ الْعائِبَةِ

Баръакс бадиҳои мардумро, айбҳои мардумро рӯпӯшӣ кунам (1).

Инсон бояд дар ин ҳадд бошад, ки барои ин ки мардумро бештар хушном кунад ва ҳусни занни мусалмононро нисбат ба якдигар зиёд намояд, хубиҳои мардумро инҷо ва онҷо бозгӯ кунад ва рӯйи бадиҳои мардум — ҳатто бадиҳои воқеии мардум — ро бипӯшонад, зиштиҳоро ошкор накунад. Ин худаш як вазифаи исломӣ аст: ошкор кардани некиҳо ва пӯшондани бадиҳои мардум. Вақте, ки инсон як миқдор некӣ дорад, баъд бибинад мардум ӯро бо некиҳояш мешиносанд, ҳамин худаш омиле аст барои ин ки бадиҳоро дар вуҷуди худаш кам кунад. Ва баръакс, агар инсон як силсила некиҳо дошта бошад ва як силсила бадиҳо ва баъд бибинад мардум ӯро фақат ба ин бадиҳо мешиносанд, он шахсият нек ва некиаш шикаст мехӯрад, яъне ба тадриҷ табдил ба одами бад мешавад.

Наҳйи шадиди Қуръон аз ишоаи зиштиҳои мӯъминин

Ин аст, ки Қуръон фавқулъода шадид наҳй мекунад аз ин ки фаҳшо (ва ба таъбири Қуръон: фоҳиша) яъне зиштиҳои мусалмонон — ҳатто зиштиҳои воқеиашон — пахш бишавад:

إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَنْ تَشِيعَ الْفَاحِشَةُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

(Нур/19) Бино бар яке аз ду тафсире, ки дар бораи ин оят ҳаст: “Касоне, ки дӯст доранд зиштиҳо дар бораи мусалмонон ва мӯъминон ишоъа пайдо кунад…” Худо накунад, ки як вақт иттилоъ пайдо кунад, ки лағзише дар фалон шахс пайдо шудааст. Тоза, ман ростҳоро мегӯям, дурӯғ, ки дигар вовайлост! Ҳадис аст, ки агар касе ба бародари мӯъминаш тӯҳмат бизанад, имон дар руҳи ӯ об мешавад ончунон, ки намак дар об ҳал мешавад. Имон барои шахс боқӣ намемонад. Агар рост бошад, ин ба он мегӯяд, он ба дигаре мегӯяд (ва ба тадриҷ шуюъ пайдо мекунад.) Агар дурӯғ бошад, ки Худо медонад, ҳамон аст, ки Қуръон ҳаргиз намехоҳад. Чаро ғайбат кардан ҳаром аст? Барои ин ки бадбинӣ эҷод мекунад, дар ҳоле, ки ғайбат кардан ҳамон ифшои бадиҳост, яъне бадиҳои воқеиро бозгӯ кардан.

Ғайбат дар мавориде ҷоиз аст

Ҳурмати ғайбат дар ғайри мавориди истисноӣ — ки ҳамаи ин маворид ҷанбаи иҷтимоӣ доранд — мебошад, мисли он ҷо, ки “нусҳи масташир” аст: як нафар мехоҳад бо як касе ширкате таъсис кунад, меояд бо шумо, ки аз аҳволи он шахс иттилоъ доред, машварат мекунад, ки оқо! Ин одам, ки ту муддате бо ӯ будаӣ, чӣ ҷур одаме аст? Ман мехоҳам бо ӯ ширкате таъсис кунам, ё мехоҳам духтарамро ба ӯ бидиҳам, ё мехоҳам духтарашро барои писари худам бигирам ва амсоли инҳо. Инҷо пойи машварат дар миён аст ва бар шумо ҷоиз ва балки лозим аст, ки бигӯед, чун пойи машварат дар миён аст, ман ҳақиқатро мегӯям: ин одам ин ҷур ва ин ҷур аст. Ё дар мавриде, ки худатон мазлуми як шахс ҳастед, яъне ӯ ҳаққи шуморо поймол карда. Дар ин ҷо шумо ё бояд даҳон бибандед ва нагӯед ҳаққам поймол шуда ва ҳаққатон поймол шавад ва ё агар бихоҳед бигӯед, ғайбат кардаед. Ин ғайбат ҷоиз аст:

لَا يُحِبُّ اللَّهُ الْجَهْرَ بِالسُّوءِ مِنَ الْقَوْلِ إِلَّا مَنْ ظُلِمَ

(“Худованд дӯст намедорад, ки касе ба айби мардум садо баланд кунад магар ин ки ситаме ба ӯ расида бошад…” (Нисоъ/148))

Махсусан ман инҳоро мегӯям барои ин ки аз ифроту тафритҳо барҳазар бошем. Ва айби мо ҷомеаи мусалмонон (айбе, ки таърих ҳикоят мекунад) ин аст, ки мо — махсусан мо эрониҳо — ё аз он тараф меафтем ё аз ин тараф, ҳадди васат намеистем: ё мардуме ҳастем, ки доиман ғайбат мекунем ва ё мерасем ба ҳадде, ки ғайбат кардани Ҳаҷҷоҷро ҳам ҷоиз намедонем.

Сухани нодурусти Ибни Сирин ва иштибоҳи Ғаззолӣ

Ибни Сирин, яке аз уламои эронии мусалмони қарни дуввуми ҳиҷрӣ аст. Баъд аз ин ки Ҳаҷҷоҷи саффоки хунрез — ки дар дунёи ислом намуна аст дар саффокӣ — ба дарак рафтааст, марде меояд дар ҳузури ӯ бадии Ҳаҷҷоҷро мегӯяд. Ибни Сирини муқаддас мегӯяд: “Ғайбат накун, алъон ғайбати ту гуноҳаш бештар аз гуноҳи Ҳаҷҷоҷ аст. Ман ҳозир нестам ғайбати Ҳаҷҷоҷро бишнавам.”

Ҳарфи муфт аст. Аҷиб ин аст, ки Ғаззолӣ бо он бузургӣ ва азамат, ин достонро нақл ва таъйид карда. Ин иштибоҳ аст. Бо ин ки мо Ғаззолиро марди бисёр бузурге медонем (яъне марди муфаккири фавқулъодае аст), аммо одамҳои бузург иштибоҳҳои бузург ҳам доранд. Яке аз иштибоҳҳои бузурги Ғаззолӣ — ба қавли Ибни ал-Ҷавзӣ — ин аст, ки дар бисёре аз маворид, шаръро ба тасаввуф савдо карда. Он ифротҳои сӯфигарии Ғаззолӣ гоҳе сабаб шуда, ки аз фиқҳи исломӣ мунҳариф шавад, мисли ҳамин ҷо, ки мегӯяд: “Рост гуфта Ибни Сирин, он мард ҳақ надошта ғайбати Ҳаҷҷоҷро бикунад, Ҳаҷҷоҷ мусалмон буда.”

Агар Ҳаҷҷоҷро намешавад ғайбат кард, пас ғайбати кӣ ҷоиз аст дар дунё?! Пас мо ҳам шабонарӯз болои минбар дорем ғайбати Язид ибни Муовияро мекунем, чун мазолимашро бозгӯ мекунем. Худо худаш аз Фиръавн ғайбат карда, аз Намруд ғайбат карда, аз Қорун ғайбат карда, аз Балъами Боъуро ғайбат карда ва аз садҳо нафари дигар ва аз ақвоме ғайбат карда, аз ҳамаи қавми Банӣ Исроил якҷо ғайбат кардааст.

На, инҳо ғайбат нест; дигар аз он тараф ҳам наафтед.

Таъбири ҳазрат ин буд:

وَإِفْشاءِ الْعارِفَةِ وَسَتْرِ الْعائِبَةِ

Ҳамаи инҳоро ман барои ин зикр мекунам, ки инсон вақте ба ин ҳадд мерасад, ки орзуяш чунин орзуе мешавад, қобили тақдис аст, андешааш, ки чунин андешае ҳаст қобили тақдис аст, амалаш, ки чунин амале ҳаст, қобили тақдис аст, малакоташ, ки чунин малакоте ҳаст, малакоти қаҳрамонона аст; малакоте аст боарзиш, боқимат ва гаронбаҳо. Ин гаронбаҳоӣ решааш куҷост? Аз куҷо ва чӣ гуна ин (андеша ё амал) гаронбаҳо шуд? Решаи ин гаронбаҳоиро мо бояд ба даст биёварем.

Ин ҷост, ки мактабҳои мухталиф барои нишон додани рамзи ахлоқӣ будани корҳо пайдо шуда ва изҳори назарҳо кардаанд. Аз фардошаб шурӯъ мекунем назариёти ин макотибро баён кардан, ки фалон мактаб мегӯяд, рамзи ахлоқӣ будан дар фалон ҷиҳат нуҳуфтааст, он мактаби дигар мегӯяд, дар фалон ҷиҳати дигар ва дар ниҳояти амр мехоҳем рамзи ахлоқӣ буданро дар мактаби ислом баён кунем, бибинем ислом рамзи ин арзиш ва улувв ва гаронбаҳоиро дар чӣ ва дар куҷо медонад. Ва гузашта аз ин, бибинем ислом (корҳои ахлоқиро) чӣ гуна тавҷеҳ мекунад ва ин корҳо бо мактаби ислом чӣ гуна созгор аст; ки албатта аз ҳама бештар бо ин мактаб созгор аст. Ҳамчунин мактабҳои дигар махсусан фалсафаҳои моддӣ, арзишҳои ахлоқиро чӣ гуна метавонанд тавҷеҳ ва таъйид кунанд.

وصلّی اللّه علی محمّد وآله الطاهرین، باسمك العظیم الأعظم الأعزّ الأجلّ الأكرم یا اللّه

Парвардигоро! Дилҳои мо ба нури имон ва ба нури Қуръон мунаввар бигардон!

Парвардигоро! Ғиллҳо ва ғишҳо аз руҳҳои мо ба караму лутфи худат берун бифармо!

Парвардигоро! Моро ҳақоиқшиноси исломат қарор бидеҳ!

Парвардигоро! Ҳамаи моро ошно ба вазоифи худамон қарор бидеҳ, мусалмононро дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъйид бифармо, ҳамаи мусалмононро — чӣ дар ҷабҳаи маънавӣ ва ахлоқӣ ва чӣ дар ҷабҳаи берунӣ — Худоё ба лутфи худат нусрат ва пирӯзӣ иноят бифармо!

Парвардигоро! Амвоти мо машмули иноят ва мағфирати худат қарор бидеҳ!

رحم اللّه من قرأ الفاتحة مع الصّلوات

* * *

(1) Ҳамаи инҳо дар масоили ахлоқӣ аст; шомили масоили иҷтимоӣ, ки дар онҳо ҳаққи умум пайдо мешавад нест, чун дар он маворид дастурҳои дигаре аст, ки дар ҳамин дуои “Макорими ахлоқ” ҳам он дастурҳо ҳаст.

* * *

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар баробари доишӣ шудани тоҷикон ҷомеа чӣ масъулияте дорад?
Ҳикояте дар “Чаҳор мақола”-и Арӯзӣ дар бораи Бӯалӣ

Матолиби пурбоздид