Фалсафаи ахлоқ
Бахши ҳаштум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Назарияи фалосифаи исломӣ: Ирода
Назарияи дигаре дар боби меъёрҳои ахлоқи инсонӣ ҳаст ва он, назарияи ирода аст. Ин назария эҳтиёҷ ба миқдоре тавзеҳ дорад. Агар як миқдор баёнам душвор аст, кӯшиш мекунам бештар тавзеҳ бидиҳам. Маъруф аст, ки ҳар ҳайвоне мутаҳаррики билирода аст, яъне ҳар ҳайвоне бо ирода ҳаракат мекунад; ирода мекунад, ки фалон ҷо биравад, меравад.
Инсон ҳам мисли ҳар ҳайвоне мутаҳаррики билирода аст. Вале ин иштибоҳ аст. Дар ҳайвонот он чи вуҷуд дорад, майлу шавқ аст. Дар инсон ҳам як силсила майлҳо ва шавқҳо вуҷуд дорад, вале дар инсон чизе вуҷуд дорад ба номи “ирода”, ки дар ҳайвон вуҷуд надорад. Ирода ҳамдӯши ақл аст. Ҳар ҷо, ки ақл ҳаст, ирода ҳаст, он ҷо, ки ақл нест, ирода ҳам вуҷуд надорад. Инсон метавонад мутаҳаррики билирода бошад, вале гоҳе ҳам мутаҳаррики билирода нест, мутаҳаррики бишшавқи валмайл аст. Ҳайвон ҳамеша мутаҳаррики бишшавқи валмайл аст.
Фарқи майл ва ирода
Фарқи майл ва ирода чист? Майл дар инсон кашише аст ба сӯйи як шайъи хориҷӣ. Инсон гурусна аст, ғизое сари суфра меоваранд, дар худаш эҳсоси майл ба ғизо мекунад, яъне нерӯе дар даруни инсон ҳаст, ки ӯро ба сӯйи ғизо мекашад, ё мисли ин аст, ки нерӯе дар ғизо бошад, ки инсонро ба сӯйи худаш мекашонад. Майл ҷозиба ва кашише аст миёни инсон ва як омили хориҷӣ, ки инсонро ба сӯйи он шайъи хориҷӣ мекашонад. Инсон ё ҳайвон гурусна мешавад, майл ба маъкулот дар ӯ ба вуҷуд меояд; ташна мешавад, майл ба нӯшидани об дар ӯ падид меояд. Ғаризаи ҷинсӣ майл ба ҷинси мухолиф аст. Истироҳат кардан низ худ як майл аст. Майл кашиш аст, мисли як нерӯи ҷозиба аст, вақте, ки пайдо мешавад, инсонро ба сӯйи шайъи хориҷӣ мекашад. Отифаи модарӣ ҳам худаш як майл аст. Ҳатто авотифи олии инсонӣ ҳам як майл аст. Масалан, ин ки инсон дар бархӯрд бо як мустаманд, дар худаш эҳсосе меёбад, ки ба ӯ кӯмак кунад, яъне як майл дар ӯ пайдо мешавад, ки ба ӯ кӯмак кунад.
Вале ирода ба дарун марбут аст, на берун, яъне як робита миёни инсон ва олами берун нест, балки баръакс инсон баъд аз ин ки дар бораи корҳо андеша ва онҳоро муҳосаба мекунад, дурандешӣ ва оқибатандешӣ мекунад, сабуку сангин мекунад, бо ақли худаш маслиҳатҳо ва мафсадаҳоро бо якдигар месанҷад ва баъд ташхис медиҳад, ки аслаҳ ва беҳтар ин аст, на он, он вақт ирода мекунад он чиро, ки ақл ба ӯ фармон дода анҷом диҳад, на он чи, ки майлаш мекашад. Ва бисёре аз авқот ва шояд ғолиби авқот он чи ки ақл маслиҳат медонад ва инсон ирода мекунад бар ҳукм фатвои ақл анҷом бидиҳад, бар зидди майле аст, ки дар вуҷудаш эҳсос мекунад. Фарз кунед, шахсе режими ғизоӣ дорад. Сари суфрае нишастааст ва ғизои матбӯъе вуҷуд дорад. Майл ӯро мекашад, ки аз он ғизои матбӯъ бихӯрад. Вале дар маҷмӯъ ҳисоб мекунад, ки агар ман ин ғизои матбӯъро бихӯрам, чӣ аворизе хоҳад дошт. Бар хилофи майли худаш, тасмим мегирад, ки нахӯрад. Ё дигаре аслан табъаш аз даво танаффур дорад, на танҳо майл ба даво надорад, балки зидди майл дар ӯ вуҷуд дорад, вале дар маҷмӯъ вақте, ки ҳисоб мекунад, мебинад маслиҳат ин аст, ки даворо бихӯрад. Тасмим мегирад ва алорағми танаффур ва бемайлии худаш, он даворо мехӯрад. Ирода яъне таҳти контрол қарор додани ҳамаи майлҳои нафсонӣ ва зидди майлҳои нафсонӣ яъне танаффурҳо, хавфҳо ва тарсҳо. Хавф баръакси майл, инсонро фирорӣ медиҳад. Вале ирода гоҳе бо хавф ҳам мубориза мекунад, мегӯяд: истодагӣ кун, ки исмаш мешавад шуҷоат.
Пас, ирода нерӯе аст дар инсон, ки ҳамаи майлҳо ва зидди майлҳоро, ҳамаи кашишҳо ва танаффурҳо, хавфҳо, биму тарсҳоро таҳти ихтиёри худ қарор медиҳад ва намегузорад, ки як майл ё зидди майл, инсонро ба як тараф бикашад; ба ақл мегӯяд: ҷаноби ақл! Биё, биншин, муҳосаба кун, бибин дар маҷмӯъ, саодат ва маслаҳат чӣ иқтизо мекунад? Ҳар чиро, ки маслиҳат иқтизо мекунад, бигӯ, иҷрояш бо ман.
Мутобиқи ин назария, кори ахлоқӣ коре аст, ки на ношӣ аз тасаллути як майл бошад, ҳарчанд он майл отифаи муҳаббат бошад ва на ношӣ аз тасаллути як зидди майл. Яъне агар шумо мисли як одами маҷбур таҳти таъсири отифаи муҳаббат қарор бигиред, ин ахлоқӣ нест. Масалан, шумо якдафъа дилатон месӯзад, бе ихтиёр мешавед ва кореро анҷом медиҳед; мегӯянд: чаро ин корро кардӣ? Мегӯед: дилам сӯхт. Ин, заъфи инсон аст. Агар отифаи муҳаббат дар ихтиёри ақлу ирода бошад, дар як ҷо ақл ба ирода мегӯяд, аз ин майли фардӣ пайравӣ кун ва дар ҷойи дигар мегӯяд, пайравӣ накун! Ҳамин тавр аст дар мавриди майлҳои дигар: гуруснаам, эҳтиёҷ ба ғизо дорам, ғизо хӯрдан маслиҳат аст. Ирода ба майл иҷозаи фаъолият медиҳад. Ман ғизоро аз рӯйи майл мехӯрам ва то як ҳадди муайян мехӯрам. Чанд луқма ба охир монда, ирода мегӯяд, кофӣ аст, аз ин бештар бихӯрӣ, нороҳатӣ эҷод мешавад, агарчӣ майл дорӣ ба хӯрдан, нахӯр. Дигар намехӯрам. Дар отифаҳои инсондӯстӣ ҳам ҳамин ҷур аст. Эй басо дар мавориде отифа як ҷур ҳукм мекунад, ақлу ирода ҷури дигаре ҳукм мекунад. Отифа дилсӯзӣ аст, дили одам месӯзад, вале ирода ва ақл, дурандешӣ аст.
Ояте дорем дар Қуръон ва шеъре дорад Саъдӣ. Ояти Қуръон дар боби зинокор аст (марди зинокор ва зани зинокор):
الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي فَاجْلِدُوا كُلَّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا مِائَةَ جَلْدَةٍ وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
(Нур/2) Мегӯяд: зани зинокор ва марди зинокорро муҷозот кунед; тозиёна бизанед ва гурӯҳе аз мӯъминин ҳам шоҳиди ин манзара бошанд. Вале Қуръон мутаваҷҷеҳ аст, ки вақте мехоҳанд як инсони ҷониро муҷозот кунанд, хеле афрод дилашон месӯзад, мегӯянд: хуб аст, ки аз муҷозот сарфи назар бишавад! Ин як эҳсоси онӣ аст. Фикр намекунад, ки агар бино бишавад ҳар ҷонӣ аз муҷозот муъоф бишавад, пушти сараш ҷиноят баъд аз ҷиноят аст, ки сурат мегирад. Отифа мегӯяд: муҷозот накун, ақлу маслиҳат мегӯяд: муҷозот бикун, бо ин ки инҷо отифа отифаи ғайрдӯстӣ аст ва отифаи худдӯстӣ нест.
Вале отифа, ки мантиқ сараш намешавад. Отифа дилсӯзӣ аст, дасти одамро гирифта мегӯяд: ин корро накун! Ақлу маслиҳат инҷо хушунат ба харҷ медиҳад, мегӯяд: ту намефаҳмӣ, ту наздикро мебинӣ ва дурро намебинӣ, агар метавонистӣ дурро мисли наздик бибинӣ, чунин ҳукм намекардӣ. Қуръон мегӯяд:
وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ
Он ҷо, ки пойи муҷозоти илоҳӣ дар миён аст ва ба маслиҳати оммаи башарият аст, як вақт дилсӯзиатон гул накунад. Саъдӣ мегӯяд:
Тараҳҳум бар паланги тездандон,
Ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон.
Хеле олӣ гуфта. Тараҳҳум ба як паланг, қатъи назар аз мантиқ, маслиҳат ва ақлу ирода, як амри отифӣ аст. Фарз кунем, паланге аст, ки гӯсфандони моро хӯрдааст. Оё бояд ӯро муҷозот кунем ё раҳо намоем? Агар наздикбин бошем ва фақат палангро бибинем, ба ӯ тараҳҳум мекунем ва раҳояш менамоем. Вале агар дурбин бошем, муҷозоташ мекунем. Агар ҷуз ин паланг, мавҷуди дигаре дар оламе набуд, ин отифа отифаи дурусте буд. Аммо агар чашмро боз кунем ва он тарафтарро нигоҳ кунем, мебинем тараҳҳуми мо ба ин паланг, мусовӣ аст бо қасоват нисбат ба садҳо гӯсфанд. Отифа, дигар сараш намешавад, ки ин тараҳҳум мусталзими қасоватҳои дигаре аст. Ақлу маслиҳат аст, ки ҳамаро бо якдигар ҳисоб мекунад, пушти сари ин отифа қасоватҳоеро мебинад.
Назири ин, ҳарфе аст, ки роҷеъ ба муҷозоти дуздӣ мегӯянд, ки дасти дузд буридан қасоват аст ва бо инсоният ва инсондӯстӣ ҷур дарнамеояд. Дузд агар дуздӣ ҳам кард, дасташро набуррем, бигузорем бошад баъд тарбияташ мекунем! Тарбиятҳое, ки натиҷаашро ҳамеша дар дунё дидаем. Ин ҷур нест. Натиҷааш ҳамин аст, ки дорем мебинем.
Агар қонун иблоғ бишавад, ки баъд аз ин дасти дузд аз фалон ҷо бурида хоҳад шуд, дасти як дузд, ки бурида бишавад дигар тухми дуздӣ барчида мешавад, дар сурате, ки мо алъон мебинем ба хотири дуздӣ чӣ ҷиноятҳо ва одамкушиҳо мешавад! Яъне худи дуздӣ мусталзими одамкушиҳо ва ҷиноятҳои хеле фавқулъода мешавад ва шудааст.
Ин мактаб мегӯяд, милоку меъёри ахлоқӣ будан, отифа нест, балки ақлу ирода аст. Отифа ҳам бояд дар зери фармони ақлу ирода кори худашро анҷом бидиҳад, вагарна агар отифаро ба номи кори ахлоқӣ озод бигузоред, кори зидди ахлоқӣ анҷом медиҳад. Дар ахлоқе, ки фалосифаи исломӣ рӯйи он зиёд такя мекунанд, ин масъала ҳаст, ки ахлоқи комил ахлоқе аст, ки бар асоси нерӯмандии ақл ва нерӯмандии ирода бошад ва майлҳои фардӣ, майлҳои навъӣ ва иштиёқҳо ҳама таҳти контроли ақлу ирода бошанд. Тибқи ин назария, қаҳрамони ҳақиқии ахлоқ он касе аст, ки бар вуҷудаш ақлу ирода ҳоким аст. Ва албатта дар вуҷуди инсон авотифи ғайри фардӣ ҳам зиёд вуҷуд дорад, вале онҳо чашмаҳое аст дар вуҷуди инсон, ки бо контроли ақлу ирода, дар ҷойи худаш боз мешавад. Ва аз ин рӯ инсонҳои комили инчунин, гоҳе корҳое аз онҳо содир мешавад, ки дар ниҳояти риққати отифӣ аст ва вақте инсон руҳи инҳоро дар он саҳна мебинад, мебинад аз гул нозуктар ва аз насим латифтар аст, вале ҳамон инсонро дар ҷойи дигар бо як хушунате мебинед, ки кӯҳ ба он хушунат намерасад. Дар як ҷо сари сад нафарро мисли гӯсфанд ва камтар аз гӯсфанд якҷо мебуррад ва ҳеч дилаш такон намехӯрад ва дар ҷойи дигар бо дидани кучактарин манзарае ончунон ба худ меларзад, ки аслан қобили забту контрол нест. Магар Алӣ ибни Абӯтолиб ин ҷур набуд? Агар инсоне сирфан таҳти таъсири отифаи худаш бошад, аз он ҷо, ки отифа мантиқ надорад ва кӯр аст, он шахс бояд дар ҳамаи маворид ҳамин ҷур бошад.
Вале вақте, ки чашмаи отифа дар вуҷудаш дар ихтиёри ақлу ирода аст, дар як ҷо руҳаш латофат ва риққат ва азамати ингуна нишон медиҳад ва дар ҷойи дигар ӯро дар ниҳояти хушунат мебинӣ, ки ҳеч такон намехӯрад.
Тибқи ин назария, ахлоқ яъне ҳукумати ақлу ирода бар вуҷуди инсон ба тавре, ки тамоми майлҳо (аъам аз майлҳои фардӣ ва майлҳои иҷтимоӣ) дар ихтиёр ақлу ирода бошад.
Бинобар ин, “ахлоқ” дар ин мактаб, бармегардад ба ҳукумати ақл ва ҳукумати ирода. Ин ки арз кардам, ин сухан назари фалосифаи исломӣ аст ва намегӯям назари ислом, бад-ин ҷиҳат аст, ки назари ислом як матлаб аст, назари фалосифаи исломӣ матлаби дигар. Илзом нест, ки ҳамеша фалосифаи исломӣ дар ҳарфҳое, ки гуфтаанд, тавониста бошанд масоили исломиро ба таври комил баён карда бошанд. Лоақал қисмате аз ҳақиқатро мумкин аст гуфта бошанд ва ман ба номи ислом арз намекунам.
Назари севвумро ҳам иҷмолан арз мекунам.
Идома дорад…
Қаламонлайн