Фалсафаи Ишроқ

Таърих

Фалсафаи Ишроқ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Суҳравардӣ

Лафзи ишроқ ба маънои тобиши нур аст, аммо дар истилоҳи фалсафа, ишроқ ба маънои кашфу шуҳуд аст.

Мурод аз фалсафаи ишроқ, фалсафаест, ки Шаҳобуддини Суҳравардӣ (Шайхи Ишроқ) онро бунён ниҳодааст. Аз назари Шайхи Ишроқ, файласуфи воқеӣ касест, ки илова бар тасаллут бар мабонии фалсафӣ ва мантиқ, битавонад бо таҳзиби нафс ва тасфияи ботин маротиби камолоти маънавиро тай кунад.

Худи Суҳравардӣ дар китобҳояш таъкид мекунад, фалсафааш барои касонест, ки илова бар ҳикмати баҳсӣ ва истидлолӣ, ба дунболи шуҳуди ҳақоиқи олами боло низ ҳастанд ва шарти фаҳми фалсафии худро тобиши нури илоҳӣ бар қалби хонанда медонад ва таъкид мекунад, касоне, ки фақат толиби баҳси фалсафии сирф ҳастанд ва дунболи кашфи илоҳӣ намебошанд, беҳтар аст суроғи фалсафаи машшоъ бираванд.

Лозим ба зикр аст, Шайхи Ишроқ низ ҳамонанди ҳамаи фалосифа, баҳсҳои фалсафиро ба сурати истидлолӣ матраҳ месозад. Худи ӯ дар муқаддимаи китоби “Ҳикматул-ишроқ” гуфтааст: “Ман пеш аз ин, китобҳое ба равиши машшоиён нигоштаам ва қоидаҳои онҳоро ба таври хулоса гирд овардаам”. Аммо дар айни ҳол, тасреҳ мекунад, ин китобро ба сурати дигаре таҳрир кардааст. (Маҷмӯаи мусаннафоти Шайхи Ишроқ, ҷ 2, с 10)

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ он аст, ки Шайхи Ишроқ ҳатто дар ин китоб, ба унсури бурҳон ва истидлол пойбанд аст. Ӯ таъкид мекунад, матолиби ин китоб гарчӣ аз роҳи фикр ва андеша бароям ҳосил нашудааст, аммо ба ҳангоми исботи онҳо, аз равиши ҷустуҷӯи далел ва бурҳон истифода кардаам. (Ҳамон манбаъ)

Яке аз нукоте, ки пас аз Шайхи Ишроқ бар сари забонҳо афтод ин аст, ки сарсилсилаи ишроқиён Афлотун будааст. Ин сухан дар ҳақиқат аз баёноти худи Шайхи Ишроқ аст. Ӯ буд, ки барои аввалин бор муддаӣ шуд, Афлотун имоми ҳикмати ишроқ аст.

Аммо воқеият он аст, ки фалсафаи Шайхи Ишроқ, ҳам дар равиш ва ҳам дар муҳтаво, тафовути қобили таваҷҷӯҳе бо фалсафаи Афлотун дорад. Шояд битавон гуфт, дар масъалаи “мусули афлотунӣ” аст, ки ин ду файласуф назароти мушобеҳе доранд, вагарна дар бисёре аз маворид, Шайхи Ишроқ назароте мухолифи назари Афлотун дорад. (Ошноӣ бо улуми исломӣ; Калом, фалсафа, ирфон; Ризо Биринҷкор, с 95)

Шаҳид Мутаҳҳарӣ мӯътақид аст, ин масъала, ки Афлотун монанди Шайхи Ишроқ тарафдори сайру сулуки маънавӣ буда ва муҷоҳидат ва риёзат ва мушоҳидаи қалбиро, аз лавозими муҳимми ҳикмат ва фалсафа медонистааст, бисёр маҳалли тардид аст. Аз назари эшон, ба ҳеч ваҷҳ маълум нест, ки Афлотун дар замони худаш ва ё ҳатто дар замонҳои наздик ба замони худаш, ба унвони як фарди ишроқӣ, тарафдори ишроқи дарунӣ шинохта мешудааст ва ҳатто маълум нест, ки луғати машшоъ мунҳасиран дар бораи Арасту ва пайравонаш итлоқ мешудааст. (Ошноӣ бо улуми исломӣ; Мантиқ, фалсафа; Муртазо Мутаҳҳарӣ, с 165)

Сухани охир ин ки бар хилофи мактаби машшоъ, мактаби ишроқӣ ба ғайр аз худи Шайхи Ишроқ, ки бунёнгузори ин мактаб аст, файласуфи бузурги дигаре надорад ва фақат чанд шореҳи фалсафа, ки гароишҳои ишроқӣ доштаанд, китобҳои ӯро шарҳ кардаанд. Агарчӣ бархе мӯътақиданд, Мулло Садро, ки бунёнгузори бузургтарин ва муҳимтарин мактаби фалсафӣ дар ҷаҳони ислом аст, дар орои худ ба шиддат мутаассир аз фалсафаи ишроқ аст. (Викифиқҳ; вожаи Фалсафаи Ишроқ)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Кунгураи Миллии Арабӣ бар нобудии Исроил
Маскав: Агар НАТО душманиро канор нагузорад, таслиҳоти атомии Русия дар Белорус мемонад

Матолиби пурбоздид