Фаъолияти мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст
Ахбори илмӣ-фарҳангӣ
Ба гуфтаи масъулони кишварӣ, дар соли гузашта панҷ муассисаи омӯзишии мутавасситаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст.
Гуфта мешавад, ин марокизи омӯзишӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ба баҳрабардорӣ расидаанд.
Коршиносон ва масъулин гузориш додаанд, дар ҳоли ҳозир, 39 мактаби русзабон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳудуди 27000 донишомӯз дар онҳо таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин 160 мактаби муштараки Тоҷикистону Русияи низ дар Тоҷикистон фаъол аст, ки ҳудуди ҳафтод ҳазор донишомӯз дар онҳо машғули таҳсил ҳастанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн