Фақри фарҳангӣ ҳамон ҷоҳилият аст

Фарҳанг

Фақри фарҳангӣ ҳамон ҷоҳилият аст

Мабоҳиси фарҳангӣ

Решаи бисёре аз мушкилоти иҷтимоӣ фақр аст, аммо на фақри молӣ ва иқтисодӣ, балки фақри фарҳангӣ ва динӣ.

Мутаассифона мо аз дин каме фосила гирифтаем ва ҳарчӣ ин фосила бештар бишавад, мушкилоти ҷомеа низ афзоиши бештаре хоҳад дошт.

Ҳама аз вазъияти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ огоҳ ҳастем ва медонем, ки ин кишварҳо аз назари илму текнулужӣ ва иқтисодӣ пешрафта ҳастанд, аммо дар ҳамин кишварҳо, шоҳиди муъзалот ва мушкилоти фарҳангии фаровоне ҳастем, ки сарчашмаи ҳамаи онҳо бединӣ ё дур будан аз фарҳангӣ динӣ мебошад.

Ин ҷомеаҳо аз Худо фосила гирифтаанд ва тасаввур мекунанд, ки бидуни дин, зиндагии роҳаттаре хоҳанд дошт, дар сурате ки набуди дин, дар зиндагӣ бисёре аз мушкилотро ба вуҷуд меоварад.

Албатта имрӯз, мо шоҳиди гароиши афрод ва ҷомеаҳо ба дин ҳастем, зеро бисёре аз миллатҳо ба ин мавзӯъ пай бурдаанд, ки муъзалоти иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷомеаҳо натиҷаи фосила гирифтан аз Худованд, ё ба иборати дигар, натиҷаи фақри фарҳангии динӣ мебошад.

Дар чанд соли ахир, ки бӯҳрони иқтисодӣ домангири ҷомеаҳо шудааст, ба ҳама чиз, аз зовияи иқтисодӣ нигоҳ мекунем ва аз назари иқтисодӣ мавриди арзёбӣ қарор медиҳем, ки натиҷаи чунин чизе фарогир шудани фақри фарҳангӣ мешавад.

Дар ривояте аз Имом Алӣ(р) нақл шудааст, ки фармуданд: “Ҳеч фақре монанди ҷаҳлу нодонӣ нест”. (Ғурар-ул-ҳикам, ҷилди 6).

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худнобоварӣ – адами эътимод ба нафс
Хунсо кардани амалиёти ҷосусии Омрико ва Исроил дар Яман

Матолиби пурбоздид